«Ба истифода аз захираҳо, пеш аз ҳама аз об оқилона истифода намудан, ҷорӣ намудани технологияи сарфакор алоҳида бояд эътибор диҳем». Шавкат МИРЗИЁЕВ
Шавкат ҲАМРОЕВ,
вазири хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон,
ноиб-президенти Комиссияи байналхалқии обёрӣ ва дренаж
Роҳбари давлат зимни табрики худ ба аҳли хоҷагии қишлоқ, аз он ҷумла ба деҳқонону фермерон, заҳматкашони соҳаи чорводорӣ ва пиллапарварӣ, механизаторон ва агрономҳо, олимон ва мутахассисон, ходимони соҳаи мо – обронҳои моҳир ва ирригаторонро низ чун соҳибони касби олиҷаноб сифат намуд. Ин барои тамоми обронҳои диёрамон боиси ифтихор буд.
Ниҳоят соли 2019, ки соли пурфайз ва бобаракат буд, ба поён мерасад. Обронҳои мо дар як саф бо деҳқонони сарбаланд заҳмат кашида, заминҳои киштро бо об сари вақт таъмин намуданд. Онҳо дар ба вуҷуд овардани 7 миллиону 130 тонна ғалла, 2 миллиону 845 тонна пахта, 19 ҳазору 600 тонна пилла, 400 ҳазор тонна биринҷ, 21 миллион тонна меваву сабзавот, 2 миллиону 600 ҳазор тонна гӯшт ва маҳсулоти дигар ҳисса гузоштанд.
Бо шарофати сиёсати оқилонаи Президент бо давлатҳои ҳамсоя, аз он ҷумла бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои дӯстона ва боваринок роҳандозӣ гардида, барои дар якҷоягӣ истифода намудан аз захираҳои оби фаромарзии минтақаи Осиёи Марказӣ заминаи эътимодбахш ба вуҷуд оварда шуд. Зимни ташрифоти солҳои гузашта масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои обу энергетика дар дараҷаҳои баланд муҳокима гардида, мушкилоте, ки солҳо ҳаллу фасли худро интизор буданд, бо имзо намудани қарордодҳо ҳалли худро ёфтанд.
Соли 2019 дар ҷумҳурӣ барои объектҳои обёрӣ 1 трлн. 328 млрд., барои мелиоратсия 645 млрд. сӯм маблағ харҷ гардида, 590 км канал, 126 км шабакаҳои нова, 67 иншооти гидротехникӣ, 7 василаи насос, 106 чоҳи обёрӣ, 1072 километр шабакаи коллектори дренаж ва ғайра сохта ва ё таъмир карда шуданд. Дар натиҷа ҳолати обёрӣ ва таъминоти 302 ҳазор гектар заминҳои обӣ беҳтар гардонда шуд.
Соли 2019 аз рӯи шаш лоиҳа аз ҳисоби сармояи хориҷӣ 126,9 миллион доллари ИМА, аз рӯи 9 лоиҳа аз ҳисоби буҷа ва сармояҳои марказонидашуда 114,45 миллиард сӯм маблағ азхуд карда шуд.
Дар ҷумҳурӣ 1687 дона бошишгоҳи насос вуҷуд дошта, босамар истифода намудан аз об, ҷорӣ намудани технологияи сарфакунандаи об ва босамар истифода намудан аз агрегатҳои истгоҳҳои насосӣ нисбат ба соли гузашта соли 2019 қариб 600 миллион кВт. соат электроэнергия сарфа гардид.
Бинобар супоришоти Президент соли 2020 дар наздамон вазифаҳои зиёд гузошта шудааст. Яке аз онҳо ҷорӣ намудани обёрии пешқадами замонавӣ ба василаи технологияи обёрӣ мебошад, ки то охири соли оянда чунин заминҳо ба 250 ҳазор гектар расонда мешавад. Ҳамин тариқ то соли 2025 бинобар нақша чунин майдонҳои замин то 1 миллион гектар бояд расонда шавад, аз он ҷумла 250-300 ҳазор гектар замин бо усули қатра обёрӣ хоҳад гардид.