Имрӯз, 2 феврали соли 2022, эстафетаи машъалаи олимпии Бозиҳои зимистонаи соли 2022 дар Пекин оғоз ёфт. Маросими ботантана дар Боғи олимпӣ дар шимоли пойтахти Чин баргузор шуд. Он се рӯз давом мекунад.
Дар ин муддат машъала аз Янтсин ва Чжантсзякоу – дар ин ҷо ду кластер барои бозиҳо вуҷуд дорад, –девори бузурги Чин ва Қасри тобистона гузашта, шоми 4 феврал он ба Боғи олимпии Пекин ба маросими кушода шудани Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ хоҳад расид, менависад «Известия».
Созмондиҳандагон тасмим гирифтанд, ки эстафетаро ба далели вазъи эпидемиологӣ то се рӯз кӯтоҳ кунанд. Эстафета аз он хотир хотирмон хоҳад буб, ки дар интиқоли машъалаи олимпӣ роботҳои амфибиявӣ ва корҳои зериобӣ низ ширкат мекунанд.
Машъали эстафета номи "Парвоз"-ро гирифт, он ба конструксияи спиралӣ шабоҳат дошта, дар қисми пеш нишони Олимпиадаи соли 2022 тасвир шудааст. Хати сурхи аз тамоми машъала гузаранда, рамзи Девори бузурги Чин ва нишебиҳои лижаронии олимпӣ ва рахи нуқра – рамзи талоши инсон ба сӯи комилият аст.
Тарҳ тавре анҷом дода шудааст, ки ҳангоми эстафета вақти додани оташ ба иштирокчиён лозим меояд, ки лентаҳои машъалаҳоро печонанд.
Оташи Олимпиадаи Пекин 18 октябри соли 2021 дар Олимпияи бостонӣ, ватани Бозиҳои олимпӣ фурӯзон шуда буд. Рӯзи дигар дар варзишгоҳи "Панатинаикос"-и Афина, ки соли 1896 мизбони нахустин Бозиҳои олимпии муосирро буд, маросими супурдани оташ ба созмондиҳандагони Бозиҳои олимпии соли 2022 дар Пекин баргузор шуд.
20 октябри соли 2021 ҳайати кумитаи тадорукоти Бозиҳо машъаларо бо рейси махсуси чартерӣ ба фурудгоҳи байналмилалии "Шоуду"-и пойтахти Пекин расонд.
Олимпиада рӯзҳои 4-20 феврал, Паралимпиада 4-13 марти соли ҷорӣ баргузор мешавад. Бозиҳои дарпешистода якбора дар се кластер баргузор мешаванд: Пекин (хоккей, рақсии яхмолакбозӣ, кёрлинг), Чжантсзякоу (биатлон, лижаронӣ, сноуборд, ҷаҳидан аз трамплин) ва Янтсин (лижаи кӯҳӣ, бобслей, скелетон ва варзиши чанаронӣ).