ДАР ПОЙТАХТ — БОҒИ ЧУСТӢ

Тайи панҷ соли охир бо ташаббуси сарвари давлатамон баробари дигар соҳаҳо ба адабиёт ва санъат низ эътибор дода шуд.

Тайи панҷ соли охир бо ташаббуси сарвари давлатамон баробари дигар соҳаҳо ба адабиёт ва санъат низ эътибор дода шуд. Барои абадӣ гардонидани номи алломаҳои бузург, шоир ва нависандагон, бо номи онҳо ташкил додани мактабҳои эҷодӣ, ба чоп омода кардани асарҳои онҳо имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуд.
Номи шоири ғазалнавис Чустӣ (Набихон Хӯҷаев)-ро дар кишварамон ҳама бо фахр ва эҳтиром ба забон мегиранд. Вай нафақат бо забони ӯзбекӣ, балки бо забони тоҷикӣ низ шеъру ғазалҳо офаридааст. Аксарияти сарояндагон ба ғазалҳои Чустӣ оҳанг бастаанд.
Соли 1975 дар деҳаи зебоманзари Ғавои ноҳияи Чуст эҷодхонаи Чустӣ қад рост карда буд. Ғазалҳои дилнишини шоир дар ҳамин ҷо рӯйи коғаз омадаанд. Ҳоло дар эҷодхонаи шоир корҳои таъмир ва тармим ба роҳ монда шудааст.
Қобили қайд аст, ки дар ноҳияи Чилонзори шаҳри Тошканд ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи ба номи Чустӣ созмон ёфта, дар ин ҷо музей, китобхона ва дар як гектар майдон боғи ба номи Чустӣ барпо карда шудааст.
Чанде пеш ҷонишини раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи ба номи Чустӣ оиди масъалаҳои динӣ ва маънавию маърифатӣ Маҳфузахон Ҷалолиддинова бо эҷодкори маҳаллӣ, узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Мансур Инъом ба эҷодхонаи шоир дар деҳаи Ғаво омада, аз корҳои таъмиру тармим қаноатмандии худро изҳор намуданд.
– Сохтмони музей ва бунёди боғ дар пойтахт ба охир расад, бо ин маскан ҳамкории доимиро ба роҳ мемонем, – гуфт Маҳфузахон Ҷалолиддинова.
– Камина дар деҳаи Ғаво таваллуд ёфтаам. Ҳоло дар пойтахт дар Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон адои вазифа мекунам. Дар зодгоҳам аз қиёфаи нав пайдо кардани эҷодхонаи Чустӣ ифтихор мекунам. Умед аст, ки дар ин ҷо вохӯрӣ бо шоиру нависандагон ва чорабиниҳои гуногуни адабию фарҳангӣ баргузор мешаванд, – гуфт узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Маъмура Зоҳидова.
Чунин эътибору ғамхорӣ ба аҳли эҷод дар офаридани асарҳои нав ба нави хонданибоб ба онҳо такон мебахшад.

Отабек ҚОБИЛОВ,
вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: