ДАР ПОЙТАХТ БОҒИ НАВ КУШОДА ШУД

Дар боғи фарҳанг ва истироҳати воқеъ дар ноҳияи Яккасаройи пойтахт корҳои васеи бунёдкорӣ сурат гирифтанд, ки симои онро ба куллӣ тағйир доданд.

Дар боғи фарҳанг ва истироҳати воқеъ дар ноҳияи Яккасаройи пойтахт корҳои васеи бунёдкорӣ сурат гирифтанд, ки симои онро ба куллӣ тағйир доданд.
Боғ номи «Дӯстӣ»-ро гирифт. Минбаъд дар ин ҷо чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ баргузор мегарданд, ки анъанаҳои Ӯзбекистони сермиллатаро намоиш дода, ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои байнимиллӣ хидмат мекунад.  
Дар маросими ифтитоҳи боғ шахсони масъули ҳокимияти шаҳри Тошканд ва Кумитаи оид ба муносибатҳои байнимиллӣ ва равобити дӯстона бо мамлакатҳои хориҷӣ, сокинон ва меҳмонони пойтахт, намояндагони марказҳои фарҳангии миллӣ иштирок карданд. 
Дар доираи чорабинӣ бо иштироки фаъолони марказҳои фарҳангии миллӣ ва сарояндагони машҳур барномаи консертӣ намоиш дода  шуд.
Масоҳати умумии боғ 12 гектарро ташкил медиҳад. Барои бозии волейбол, баскетбол, футболи хурд, шоҳмот ва шашка майдончаҳои махсус, инчунин китобхона ва майдончаҳои бозии кӯдакон мавҷуданд. Дар ҳудуди боғ корҳои васеъ анҷом дода шуда, тақрибан 5 ҳазор ниҳолҳои дарахтон ва гулҳо шинонда шуданд. 2 ҳавзи шиноварӣ таъмир гардид. Ба ибораи дигар, барои фароғати пурмазмуни кӯдакон ва калонсолон  шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Дӯстӣ бебаҳост. Баъзан онро ба пул, баъзан - ба боғ монанд мекунанд. Боғ рамзи шукуфоӣ ва некӯаҳволӣ буда, пул беҳдошти муносибатҳои байнимиллӣ ва байнидавлатиро ифода мекунад. Ҳамаи ин дар боғи нав таҷассум ёфтааст.

Назокат УСМОНОВА,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: