Дар Покистон муаррифии китоби

«ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ: СТРАТЕГИЯИ ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ» БАРГУЗОР ШУД

Дар Покистон муаррифии китоби 
«Шавкат Мирзиёев: Стратегияи Ӯзбекистони Нав», ки ба забони урду чоп шудааст,  баргузор гардид.
Чорабинӣ аз ҷониби Вазорати иттилооти Покистон ва Донишгоҳи Панҷоб дар ҳамкорӣ бо Маркази тадқиқоти глобалӣ ва стратегӣ (МТГС) дар Исломобод ташкил карда шуд.
Дар маросими муаррифӣ муовини вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Фурқат Сидиқов, ноиби президенти Академияи илмҳо Баҳром Абдуҳалимов, муовини вазири иттилооти Покистон Мубашар, ректори Донишгоҳи Панҷоб, профессор Салим Мазҳар, намояндагони марказҳои бонуфузи таҳлилӣ ва васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Иштирокдорони чорабинӣ бо ислоҳоти васеъмиқёси сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодие, ки таҳти роҳбарии Президенти Ӯзбекистон татбиқ мегарданд, муфассал шинос карда шуданд. Чорабиниҳо оид ба ҳифзи мероси таърихӣ ва фарҳангии халқи ӯзбек, хусусан марбут ба давраи Бобуриҳо васеъ дастгирӣ ёфтанд. 
Зикр гардид, ки сиёсати нави хориҷии Ӯзбекистон на танҳо барои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, балки барои ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, пеш аз ҳама бо Покистон шароити мусоид фароҳам овардааст.
Сармуҳаррири телеканали марказии «PTV World» Разо Хон қайд кард, ки дурнамои стратегии Президенти Ӯзбекистон имкониятҳои нави минтақавиро боз мекунад. Ба андешаи ӯ, пуштибонии раҳбарони Ӯзбекистон ва Покистон аз бунёди роҳи оҳани «Тирмиз—Мазори Шариф—Кобул—Пешовар» имкон медиҳад, ки орзуи деринтизори мардуми ду минтақа — алоқаи байниҳамдигарии пойдор ва нашъунамои иқтисодӣ, аз ҷумла дар Афғонистони ҳамсоя ҷомаи амал пӯшад.
Муовини вазири иттилоот Мубашар таъкид кард, ки бори нахуст дар таърихи равобити дуҷониба дар Покистон китобе дар сатҳи баланди илмӣ бо дастгирии мақомоти Покистон нашр шуд, ки моҳият ва мӯҳтавои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлати «Ӯзбекистони Нав»-ро ифшо мекунад. Ин афзудани шавқро ба омӯзиши таҷрибаи татбиқи ислоҳоти ба иҷтимоиёт нигарондашудаи мамлакат, ки аҳолии он ба мисли Покистон ба арзишҳо ва анъанаҳои миллӣ содиқанд, далолат медиҳад.  Ӯ  таклиф кард, ки таҷрибаи нашри мақола дар бораи ислоҳоти иҷтимоию иқтисодии Президенти Ӯзбекистон ба забони урду идома дода шавад, то ки аҳли ҷамъияти Покистон бо дигаргунсозиҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакати мо муфассал шинос шавад.
«Ин ба дарки амиқтар шудани ормонҳои ду халқи бародар ва роҳбарони онҳо барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ, таҳкими обрӯи байналмилалии кишвар ва робитаҳои эътимодбахш бо шарикони хориҷӣ мусоидат хоҳад кард», — гуфт муовини вазир.
Ректори Донишгоҳи Панҷоб Салим Мазҳар шабоҳати афзалиятҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсати хориҷии Ӯзбекистон ва Покистонро қайд кард.
«Аз ин рӯ, ҳукумат, доираҳои коршиносӣ ва илмии Покистон ба омӯзиши ташаббусҳои минтақавӣ ва дастовардҳои иқтисодии «Ӯзбекистони Нав», аз ҷумла барои муайян кардани «нуқтаҳои рушд»-и ҳамкориҳои дуҷониба таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд. Ӯзбекистон ва Покистон муҳаррикҳои асосии робитаҳои минтақавӣ хоҳанд шуд, ки дар оянда ба ташаккули фазои нави иқтисодӣ дар «Осиёи Бузург» имкон медиҳад, — илова намуд Салим Мазҳар.
Профессори «Мактаби сиёсат ва равобити байналмилалӣ» Ҷаспал гуфт, ки шабоҳати дидгоҳҳо ва бархӯрдҳои сиёсии Президенти Ӯзбекистон ва Сарвазири Покистон ба пояи равобити эътимодбахши шарикии стратегӣ байни кишварҳои мо табдил ёфтааст.
«Ҳамоиши дарпешистодаи Ӯзбекистону Покистон дурнамои нави ҳамкориҳои дуҷониба, таҳкими амнияти минтақавӣ ва ҳалли вазъ дар Афғонистонро боз мекунад», — гуфт ӯ.

АИ «Дунё»,
ИСЛОМОБОД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: