Дар ПСС Ўзбекистон бо ҳайати вакилони музофоти Хубэйи Чин мулокот барпо гардид

5 июн мушовири раиси Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон С.Саидназирхонов бо ҳайати музофоти Ҳубэйи Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии муовини сардори Раёсати савдои музофоти Ҳубэй Кю Кеминг мулоқот намуд.

Дар он намояндагони корхонаи сементбарории «Huaxin Сement», ки дар Ӯзбекистон низ филиал дорад, ширкат доштанд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо рушди устувори ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории Ӯзбекистону Чинро қайд намуда, инчунин имкониятҳои иловагии густариши ҳамкориҳои доираҳои соҳибкории ду кишварро баррасӣ намуданд. Аз ҷумла ҷониби хориҷӣ ба воридоти меваҳои хушк ва тару тозаи ватанӣ ба Чин изҳори ҳавасмандӣ кардааст.

С.Саидназирхонов меҳмононро бо фаъолияти Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон шинос намуда, инчунин дар бораи имтиёзҳое, ки барои ширкатҳои хориҷӣ дар Ӯзбекистон фароҳам оварда шудаанд, сухан ронд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар оянда ҷузъиёти ҳамкорӣ, аз ҷумла баррасии таҳияи лоиҳаҳоеро, ки дар ҷараёни гуфтушунид баррасӣ мешаванд, мавриди муҳокима қарор диҳанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: