Дар вохӯрии роҳбарони бахшҳо ва ҷавонон, ки дар Кохи фарҳанги ноҳияи Сӯх баргузор гардид, ҳокими ноҳия Сайидбаҳром Сайидмӯсоев, прокурори ноҳия Садиралӣ Мирзокаримов, сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳия Қосимҷон Раҳимбердиев ва сардори Нозироти давлатии андози ноҳия Фаридҷон Тӯрабоев иштирок намуданд.
Бо ҷавонони маҳаллаҳои бахшҳои ноҳия суҳбати доманфарох барпо гардид. Ҳоким қайд намуд, ки мунтазам роҳандозии чунин чорабиниҳо дар ҳар як ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо барои ошкор намудани мушкилоти ҷавонон ва дарёфти роҳи ҳалли онҳо ҳамчун омили муҳим хидмат мекунад. Дар ҷараёни қабули сайёр роҳбари ҳар як бахш бо ҷавононе дидору мулоқот анҷом дод, ки дар маҳаллаашон ба ягон мушкил мувоҷеҳ шудаанд.
Дар ин чорабинӣ масъулони Қабулхонаҳои Президент ва Нахуствазири Ӯзбекистон, воқеъ дар ноҳияи Сӯх, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо ва муассисаҳо ширкат варзиданд. Онҳо низ дар мавриди ҳалли мушкилоти ҷавонон пиёда кардани чораҳои лозимиро барномарезӣ намуданд. Гуфта шуд, ки бархе аз муроҷиатҳо омӯзиши ҷиддиро тақозо менамояд. Ҳамин тавр, ҳар як муроҷиати ҷавонон бевосита бо намояндаи идораҳои расмӣ таҳлил карда шуд.
Маълум шуд, ки ҷавонон дар бобати 116 масъалаи ҳаллашон ногузир муроҷиат ворид кардаанд. Хушбахтона, қисме аз муроҷиатҳо дар ҷараёни қабули сайёр ҳалли худро ёфтанд.
Ногуфта намонад, ки асоси муроҷиатҳо аз кумаки амалӣ дар ҷудо кардани қарзҳои имтиёзнок барои оғози фаъолияти соҳибкорӣ, ҷудо кардани субсидия барои дарёфти асбобҳои зарурии корӣ, таъмини манзил ва доштани суроғаи хусусии доимӣ, додани ҷойи кори доимӣ, расонидани кӯмак дар пардохти шартномаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ муаррифӣ шуданд.
– Аз қабули сайёри роҳбарони бахшҳо ҷавонони зиёди ноҳия хушҳол шуданд ва қаноат ҳосил карданд. Ин ҷавонон масъалаҳоеро матраҳ намуданд, ки ҳалли он дар доираи ноҳия комилан имконпазир буд, – мегӯяд ёвари раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Сариканда оид ба ҷавонон Ҳасанҷон Ҳаитбоев.
Субҳон Исоев,
ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона.