ДАР ҚАБУЛИ САЙЁР ТАЛАБҲОИ БЕАСОС РАД ГАРДИДАНД

Дар шаҳри Самарқанд қабули навбатии сайёри ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов баргузор гардид.

Аҳолӣ асосан аз рӯйи масъалаҳои ҳифзи тандурустӣ, таълим, таъмини шуғл, риояи қонунгузории меҳнат, муаммоҳои хоҷагии коммуналии хонаву ҷой, вайрон шудани меъёрҳои шаҳрсозӣ, низоъҳои оилавӣ, камбудиҳои фаъолияти шахсони мансабдор ва масъалаҳои дигар муроҷиат карданд ва ҳар як муаммо ба назорат гирифта шуд. Аксари масъалаҳо бо иштироки масъулон дар худи ҳамон ҷо ҳалли худро ёфтанд.
Сокини шаҳри Самарқанд Т.Коновалова аз рӯйи мавҷуд набудани шароит дар манзили зист шикоят карда, аз ҳокими вилоят ёрӣ пурсид. Масъалаи мазкур мавриди назорат қарор гирифта, худи ҳамон рӯз ба вай мебел ва таҷҳизоти зарурӣ фиристода шуд.
Дар идомаи қабули сайёр талабҳои ғайриқонунӣ ва беасоси шаҳрвандонро рад карданд.
Бобати расондани кумаки зарурӣ ба шахсони ногиро, шаҳрвандони гирифтори бемории вазнин ва шахсоне, ки ба амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ ниёз доранд, чорабиниҳо муқаррар гардиданд.
Дар рафти қабули сайёр 822 муроҷиат шунида шуд. Қисми асосии онҳо аз ҷониби сокинони шаҳри Самарқанд баён гардиданд. Инчунин, шаҳрвандони ноҳияҳои Пастдарғом, Пайариқ ва Самарқанд низ бо муаммоҳои худ ба ҳокими вилоят муроҷиат карданд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори
 «Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: