ДАР ҚАЛБИ РОҲИ АБРЕШИМ МАРВОРИДИ ПӮШИДА ДУРАХШИД

Пас аз ҷудоии ихтиёрии даҳсолаҳо Ӯзбекистон аз нав маркази Роҳи нави абрешим мегардад.

Бозсозии сохтории сиёсӣ ва иқтисодиро ба амал татбиқ намуда, мамлакат барои сармоягузорони тамоми ҷаҳон имконоти васеъ фароҳам меорад.
Ӯзбекистон молики потенсиали бузург ва афзалияти зиёд мебошад. Аввал ин ки, иқтисодиёташ хуб диверсификатсиягардида, саноаташ молики соҳаҳои рушдёфта,  саноати озуқаворӣ ва бофандагӣ, маъдани кӯҳ пешрафта аст.
Дуюм ин ки, молики сармояи  инсонӣ аст. Аҳолии мамлакат дар Осиёи Марказӣ аз ҳама зиёд ва ҷавон ба шумор рафта, ҳамзамон дараҷаи дониши баланд мебошад.
Сеюм, мавқеи стратегии байни Чин, Русия, Аврупо ва Шарқи Наздик боис мегардад, ки нафақат манфиатҳои сармоягузорон, балки қудратҳои хориҷиро низ ҷалб намояд.
Бинобар фикри коршиносон, имрӯз Ӯзбекистон дар Осиёи Марказӣ чун «ситораи тулӯъ» ба шумор  мегардад. Иқтисодиёташ , ки дар ҳаҷми 50 миллиард доллар аст, соли 2018 60 фоиз афзуд. Сандуқи байналмилалии асъор инкишофи  онро дар солҳои наздик то 8 фоиз пешгӯӣ менамояд.
Сармояҳои бевоситаи хориҷӣ дар нимаи якуми соли 2019 нисбат ба як соли пеш чор баробар афзуда, ҳамзамон теъдоди корхонаҳои сабтиномгардида ду баробар афзуд. Табиист, ки ҳамаи ин дар таснифи Doing Business-и Бонки ҷаҳонӣ акси худро ёфта, дар он Ӯзбекистон нисбат ба соли 2012 90 сатр боло рафта, соли ҷорӣ ҷои 76-умро ишғол намуд.
Дар мамлакат бисёр лоиҳаҳои истиқболнок ба амал татбиқ мегардад. Ба миқдори 1,7 миллиард доллар маркази байналхалқии корчаллонӣ ва молиявӣ, ки шомили парки индустриалӣ, маркази савдо, маркази тиҷорат, тарабхона ва ҳуҷраҳои иқоматӣ мебошад, бунёд мегардад. Инчунин кор болои лоиҳаҳои инфрасохтории муҳим бурда мешавад, ки аксарияти онҳо дар ҳамкорӣ бо Чин ва Русия ба амал татбиқ мегарданд.
Дар партави ба таври куллӣ беҳтар гардидани ҳуқуқи инсон, муносибати Тошканд бо Аврупо ва ИМА ба таври мусбӣ рушд меёбад. Пешрафт дар ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқи инсон барои сармоягузорони хориҷӣ роҳ боз менамояд.
Умуман, Ӯзбекистон дар муддати хеле кӯтоҳ роҳи хеле бузургро тай намуд ва ин чун намунаи  дубора босамар ворид гардидан ба иқтисодиёти ҷаҳон хидмат менамояд, менависад International Policy Digest.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: