ДАР ҚАРШӢ МАКТАБИ ИБТИДОӣ БАРОИ МУТАХАССИСОНИ ОЯНДАИ IT БА КОР САР КАРД

Ҳоло барои дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ тайёр кардани кадрҳо, инкишоф додани технологияҳои рақамӣ дар мамлакати мо корҳои бузург амалӣ мегарданд.

Ҳоло барои дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ тайёр кардани кадрҳо, инкишоф додани технологияҳои рақамӣ дар мамлакати мо корҳои бузург амалӣ мегарданд. Бахусус барои қонеъ сохтани талабот нисбат ба  кадрҳои ботаҷрибаи IT дар маҳалҳо бинобар самти технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ мактабҳои ба омӯзиши амиқи ин фанҳо тахассусдошта кушода мешаванд.
Мувофиқи қарори Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев аз 6 октябри соли 2020 «Дар бораи минбаъд такмил додани низоми таълим дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, инкишоф додани тадқиқоти илмӣ ва қаробати онҳо бо саноати IT» дар шаҳри Қаршӣ низ мактаби ибтидоии рақами 42-юми информатика ва технологияҳои иттилоотӣ ба кор сар кард.
Мактаб барои 630 нафар пешбинӣ шудааст. Он бо таҷҳизоти зарурии техникӣ муҷаҳҳаз гардида, дар асоси озмун мутахассисони соҳибихтисоси соҳаи IT ба кор қабул шудаанд, ки ба толибилмон савод меомӯзонанд.
Дар сурат: мактаби ибтидоии 42-юми махсуси информатика ва технологияҳои иттилоотии шаҳри Қаршӣ.
Суратгир: 
Ҷ. НОРҚОБИЛОВ (ӮзА). 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: