Дар Қашқадарё аз обанбор об ҷорӣ шуд

Дар вилояти Қашқадарё аз обанбори Ҳисор об ҷорӣ шуда баромад.

Бино ба иттилои хидмати матбуоти Вазорати ҳолатҳои изтирории ҷумҳурӣ, обанбор осеб надидааст ва феълан корҳои бартарафсозии оқибатҳои садама идома доранд.

Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон хабар дод, ки 10 июн зимни гузаронидани чорабиниҳои муҳандисӣ-техникӣ оид ба кашидани туннели иловагӣ дар тарафи чапи сарбанди обанбор рахи об ошкор шудааст.

Барои рафъи оқибатҳои садама таҳти роҳбарии раиси раёсакти ҶС «Ӯзбекгидроэнерго» штаби оперативӣ таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он ҳокими вилояти Қашқадарё, роҳбарони Вазорати ҳолатҳои фавқулодда, Раёсати корҳои дохилӣ ва дигар ташкилотҳои масъул шомиланд.

Тамоми тадбирҳои муҳандисии зарурӣ бо истифода аз таҷҳизоти махсус амалӣ карда мешаванд, таъкид намуданд дар Вазорати ҳолатҳои фавқулодда.

Вазорат итминон дод, ки вазъ таҳти назорат аст. Сарбанди обанбор вайрон нашудааст. Дар натиҷаи ҳодиса ҷабрдидагон ва ҳалокшудагон нест. Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ аз сокинон даъват мекунад, ки воҳима накунанд.

Сарвари маъмурияти ноҳия аз сокинон хоҳиш намуд, ки ба хабарҳои бардурӯғ бовар накунанд ва дар ҷои истиқомати худ бимонанд. Сардори Раёсати ҳолатҳои изтирорӣ илова намуд, дар ҳудуди обанбор ягон ҳолати фавқулодда рух надодааст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: