ДАР ҚАШҚАДАРЁ НИЗОМИ МИЛЛИЮ ИҚТИСОДӢ ФАРОҲАМ ОВАРДА ШУДА, САНОАТ РУШД МЕКУНАД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 12 ноябр барои шиносоӣ бо ҷараёни ислоҳоти иҷтимоию иқтисодӣ, лоиҳаҳои бузург, инчунин мулоқот намудан бо халқ ба вилояти Қашқадарё ташриф овард.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 12 ноябр барои шиносоӣ бо ҷараёни ислоҳоти иҷтимоию иқтисодӣ, лоиҳаҳои бузург, инчунин мулоқот намудан бо халқ ба вилояти Қашқадарё ташриф овард.

Сарвари давлат сафари худро ба минтақа аз шиносоӣ бо истеҳсоли ришта ва матоъ аз нахҳои синтетикии ҷамъияти масъулияташ маҳдуди "Oqsaroy Textile" ва "Oqsaroy Vortex" дар ноҳияи Шаҳрисабз оғоз кард.

Дар ин ҷо корхонаҳои "Oqsaroy Textile" ва "Oqsaroy Vortex", ки ба гурӯҳи ширкатҳои "Oqsaroy Group" шомиланд, фаъолият мекунанд. Қарор шуда буд, тадриҷан 3 лоиҳа ба маблағи 54 миллион доллар амалӣ карда шуда, 1610 ҷойҳои корӣ ташкил ва содироти маҳсулот ба маблағи 22 миллион доллар дар як сол ташкил карда шавад.

Дар марҳилаи аввал -- дар соли 2014 ҳиссаи 100 фоизаи корхонаи “Oqsaroy Textile” ба арзиши 21 миллион доллар аз “NBU Invest” харидорӣ карда шуд, ки дар натиҷаи навсозӣ истеҳсоли 9 ҳазор тонна ришта ва 4 ҳазор тонна матоъҳои трикотажӣ дар як сол ба роҳ монда шуд.

Соли гузашта корхона ба маблағи 6 миллион доллар маҳсулот содир карда, дар тӯли давраи сипаришудаи соли гузашта ин рақам аллакай ба 8 миллион доллар расидааст.

Дар марҳилаи дуюм -- моҳи октябри соли равон корхонаи "Oqsaroy Vortex"таъсис дода шуда, истеҳсоли ришта ва матои трикотажӣ аз нахҳои синтетикӣ оғоз гардид. Арзиши лоиҳа 15 ​​миллион долларро ташкил медиҳад ва иқтидори истеҳсолӣ 3 ҳазор тонна ришта, 5,5 ҳазор тонна риштаҳои синтетикӣ ва 3,5 ҳазор тонна матои трикотажӣ мебошад. Ҳаҷми содирот дар як сол 7 миллион долларро ташкил медиҳад.

Дар марҳилаи сеюм дар паҳлӯи ин корхонаҳо сохтмони боз як корхонаи нассоҷӣ ва тавсеаи истеҳсоли ришта ва трикотаж ба нақша гирифта шудааст. Лоиҳаи арзишаш 18 миллион доллар имкон медиҳад, ки 7 ҳазор тонна ришта ва 2,1 ҳазор тонна матои трикотажӣ истеҳсол карда шавад. Дар доираи ин лоиҳа, ки бояд соли оянда мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад, 700 ҷои нави корӣ созмон дода хоҳад шуд.

Президент бо раванди технологии истеҳсолот, намунаҳои маҳсулоти тайёр шинос шуд.

Фарқи асосии ин корхона аз фабрикаҳои анъанавии бофандагӣ бо технологияи ресандагии Vortex аз ширкати ҷопонии "Muratес"муҷаҳҳаз гардонда шудани он мебошад. Бартарии ин технология дар он аст, ки ҳангоми ресандагӣ нахҳо тавассути гирдоби ҳавоӣ мегузаранд. Дар натиҷа, мӯйдории ришта кам шуда, сифати он баланд мешавад.

Сарвари давлат ба ҷанбаҳои иқтисодии соҳа эътибор дод. Вай, аз ҷумла, зарурати ташкили лоиҳаҳои саноати нассоҷиро дар се самт қайд кард.

Аввалан, ин дар ҳашт ноҳияи пахтакори Қашқадарё ташкили корхонаҳои нассоҷӣ аз рӯи намунаи "Oqsaroy Vortex" ва истифодаи масолеҳи арзони конструксионӣ дар сохтмони онҳост.

Дуюм, ин ҳамкории ҳама кластерҳо ва коркарди лоиҳаи ягонаи истеҳсоли нахи сунъӣ мебошад.

Сеюм, маҳаллигардонии истеҳсоли нахи табиӣ аз чӯб -- вискоза мебошад.

-- Ин системаи миллию иқтисодӣ хоҳад буд. Ҳамин тариқ, мо вилояти Қашқадарёро пурра бо лоиҳаҳои нассоҷӣ фаро мегирем. Вақте ки ҳашт корхонаи бо арзиши коҳишёфта сохташударо ба истифода месупорем, шумораи зиёди ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда мешаванд, -- гуфт Шавкат Мирзиёев.

Вазифаҳо оиди дар вилоят тараққӣ додани  саноати бофандагӣ дар асоси тамоюли "аз ашёи хом -- то маҳсулоти тайёр", ҷалби брендҳои маъруфи хориҷӣ ба ин ва таҳлили фаъолияти кластерҳо муайян шуданд.

Зарурати дар қаламрави Тошканд ва вилоят ҷудо кардани даҳ гектар барои ташкили технопарки нассоҷӣ дар заминаи ширкати "Oqsaroy Group" ва ташкили фурӯши онлайни маҳсулот қайд гардид.

Дар ин технопарк ҳамаи корхонаҳои нассоҷии Ӯзбекистон дӯконҳо ва анборҳои худро хоҳанд дошт. Пеш аз ҳама, технопарк ба истеҳсолкунандагон дар масъалаҳои содирот кӯмак хоҳад кард.

Дар ин ҷо муаррифии нақшаҳои сармоягузории вилояти Қашқадарё барои солҳои 2020-2022, лоиҳаҳои афзоиши ҳаҷми коркарди нахи пахта ва таъмини бехатарии озуқаворӣ баргузор гардид.

Президент Шавкат Мирзиёев бо фаъолияти Маркази хизматрасонии давлатӣ ва технопарки IT дар Қаршӣ шинос шуд.

Дар Маркази хизматрасонии давлатӣ барои расондани 140 намуди хадамоти давлатӣ тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Дар ин ҷо низоми навбати электронӣ ҷорӣ карда шуда, киоскҳои махсуси иттилоотӣ, биноҳо барои иштирок дар музоядаҳои электронӣ ва баргузории вохӯриҳои корӣ бо сармоягузорон ва соҳибкорон мавҷуданд. Инчунин бо толори конфронс барои конференсияҳо ва семинарҳо, буфет, китобхона, майдончаи бозӣ муҷаҳҳаз карда шудааст.

Кассаҳои бонкӣ барои пардохт, банкоматҳо мавҷуданд. Дар марказ инчунин нотариус, шуъбаи САҲШ, филиалҳои ташкилотҳои суғурта мавҷуданд. Дар Қабулгоҳи халқии Президент ва қабулхонаи Сарвазир муроҷиати шаҳрвандон баррасӣ карда мешавад.

Платформаи "Surdo-online", ки ба сифати таҷриба дар Тошканд ба роҳ монда шудааст, бори аввал дар Қаршӣ ба фаъолият шурӯъ кард. Он ба шахсони имконияти ҷисмониашон маҳдуд имкон медиҳад, ки аз хидматҳои давлатӣ бидуни маҳдудият, бароҳат ва фаврӣ истифода баранд. Тавассути ин платформа ҷавонон, ки ихтисоси сурдо-тарҷумониро доранд,  бо кор таъмин карда мешаванд.

То имрӯз марказ ба зиёда аз 300 ҳазор муроҷиаткунанда хидматҳои давлатӣ расонидааст. Ба тақрибан 2 ҳазори онҳо тавассути филиалҳо, тақрибан ҳазорашон бо баромадан ба маҳалҳо хизмат расонда шуданд. Ҳар рӯз кормандони ин муассиса ба 700-800 шаҳрванд хидмат мерасонанд. Интернети баландсуръат, воситаҳои замонавии техникӣ ва толори интизорӣ барои фавран расонидани хадамоти давлатӣ ба шаҳрвандон пешбинӣ шудааст.

Президент бо шароит шинос шуд, ба хидматрасониҳо таваҷҷӯҳ зоҳир намуд. Супориш дод, ки бо назардошти ниёзҳои шаҳрвандон намудҳои нави хидматрасонӣ ба роҳ монда шаванд. Аз ҷумла, ба зарурати ташкили хадамоти давлатӣ дар маҳаллаҳои шаҳри Қаршӣ таъкид кард.

-- Зарур аст, ки хадамоти давлатӣ дар маҳаллаҳо, дар маҳалҳо расонида шаванд. Танҳо бо ин роҳ ҳадафи ташкили чунин марказҳо амалӣ шуда, аён хоҳад гардид, ки дар кадом соҳаҳо ба хидмат ниёз доранд, -- гуфт Шавкат Мирзиёев.

Дар айни замон дар IT-технопаркҳо 15 нафар веб-дизайнерҳо, барномасозон ва мутахассисони робототехника фаъолияти худро оғоз намуданд. Дар натиҷаи ташкили курсҳо дар доираи лоиҳаи "Миллион барномасозон", ҷавононе, ки ба технологияҳои иттилоотӣ майл доранд, имкониятҳои навро барои истифодаи донишҳои андӯхта ба даст оварданд.

Натиҷаҳои аввал аёнанд. Аз ҷумла, дастаи ҷавонони Қашқадарё дар озмуни "mGovAward" байни донишҷӯён оиди таҳияи беҳтарин замимаи мобилӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ ғолиб омад. Ҷоиза ба миқдори 50 ҳазор доллар барои такмил додани замимаи мобилии эҷодкардаи онҳо бобати таълими фосилавии забонҳои хориҷӣ равона шудааст.

Сарвари давлат оид ба фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷавонон дар технопарк, густариши шумораи ҷавононе, ки ба ин ҷо меоянд, пешниҳодот дод. Оид ба рушди ҳамкорӣ байни мактабҳои олии вилоят ва IT-технопарк вазифаҳо муайн намуд.

Дар Қаршӣ сарвари давлат бо муаллимон ва мураббиён, кормандони тиб сӯҳбат орост.

30 октябр ва 6 ноябр оид ба масъалаҳои такмили системаи таълим ва тарбия, куллан дигаргун намудани низоми кӯмаки аввалияи тандурустӣ ҷамъомадҳои видеоселекторӣ баргузор шуданд. Президент инчунин аз рӯи самтҳои мазкур инчунин ба фармон ва қарор имзо кард.

Дар вохӯрӣ иштирокдорон аҳамияти ислоҳот дар соҳаи маориф ва тиб, татбиқи онҳо дар маҳалро баррасӣ карданд.

-- Мо бе рушди ин ду самт наметавонем кишвари рақобатпазир бошем. Ояндаро миллати солим, насли соҳибмаълумот бунёд мекунад, -- гуфт Шавкат Мирзиёев.

Бояд гуфт, ки ҳам вазъи мактабҳо ва ҳам сифати хизматрасонии тиббӣ дар Қашқадарё дар сатҳи ғайриқаноатбахш мебошанд. Мушкилот зиёданд. Волидон аз системаи таълим норозӣ ҳастанд. Тарзи ҳаёти қисми асосии аҳолӣ ва ратсиони хӯрок ба талабот ҷавобгӯ нест. Аз ин рӯ, ислоҳоти дар ин соҳаҳо оғозёфта хусусан барои минтақа муҳим аст.

Сарвари давлат ба ҳозирин дар бораи он, ки натиҷаҳои низоми нави кор, саҳми муаллимон ва табибонро ба ин масъала чӣ хел мебинад, нақл кард. Фикрҳои директорони мактабҳо, муаллимон ва кормандони тибро шунида, пешниҳодҳои онҳоро дастгирӣ кард.

-- Ҳалли мушкилот ҳам дар соҳаи маориф ва ҳам дар тиб кандани чоҳе бо сӯзанро мемонад, ки натиҷааш фавран пайдо намешавад. Барои ин, кас бояд бо садоқати баланд кор кунад. Натиҷаи ислоҳоти оғозёфта ва қаноатмандии мардум аз ҳамин вобаста аст. Дар ин роҳ ман ба шумо умед дорам ва мекунам, -- қайд кард Президент.

Президент Шавкат Мирзиёев аз Клиникаи солимгардонӣ ва хусусигардонии корхонаҳое, ки дар Қаршӣ кушода шудааст, дидан кард.

Паст кардани иштироки давлат дар иқтисодиёт ва рушди рақобат омили муҳими сифат, самаранокӣ ва рушд мебошад. Ин ҳадафҳо дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон "Дар бораи чораҳои суръат бахшидани ислоҳоти корхонаҳои давлатӣ ва хусусигардонии активҳои давлатӣ", ки 27 октябри соли ҷорӣ қабул шудааст, ниҳон аст.

Дар ҷамъомади видеоселекторӣ, ки 28 октябр баргузор гардид, сарвари давлат зарурати ташкили клиникаҳои машваратӣ ва call-марказро барои аз ин масъалаҳо ҳамаҷониба хабардор кардани мардум қайд кард. Барои ин дар Қароқалпоқистон, Тошканд ва дар ҳама минтақаҳо клиникаҳои солимгардонӣ ва хусусигардонӣ кушода шуда, кори шабонарӯзии call-марказҳо бо рақами 1082 ба роҳ монда шуд.

Клиникаҳо дар назди Агентии идоракунии активҳои давлатӣ ва мақомоти ҳудудии он амал мекунанд. Намояндагони Палатаи савдо ва саноат, қабулхонаи Сарвазир, раёсатҳои ҳудудии Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷӣ, Вазорати рушди иқтисодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ, инчунин ҳокимиятҳо дар фаъолияти клиникаҳо доимо иштирок мекунанд. Ғайр аз ин, дар ҳолати зарурӣ, кормандони вазорату идораҳои дигар, бонкҳои тиҷоратӣ ба кори клиникаҳо ҷалб карда мешаванд.

Клиникаи хусусигардонии Қаршӣ барои машварат дар масъалаҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва ҳуқуқӣ ва расонидани хадамоти иттилоотӣ тамоми шароитҳоро дорад. Мутахассисони баландихтисос кор мекунанд, киоскҳои иттилоотӣ насб карда шудаанд. Дар ин ҷо шумо метавонед маълумоти муфассал дар бораи объектҳои барои хусусигардонӣ пешниҳодшуда, тартиботи ба ин марбутро ба даст оред. Ҳама хидматҳо ройгон пешниҳод карда мешаванд.

Дар бинои муассиса намоишгоҳи доимии маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои бузурги Қашқадарё ташкил карда шудааст. Дар ин ҷо толори маҷлисгоҳҳо, утоқҳои музокирот, шуъбаи Ассотсиатсияи содироткунандагон, марказҳои таълимӣ мавҷуданд.

-- Хусусигардонӣ раванди муҳимест, ки барои фароҳам овардани арзиши иловагӣ ва ҷойҳои корӣ пешбинӣ шудааст. Зарур аст, ки ҳар як объект соҳиби худро пайдо ва ба кор шурӯъ кунад. Инҳо имкониятҳо барои соҳибкор ва манбаи даромад барои буҷаи маҳаллӣ мебошанд, -- гуфт сарвари давлат.

Инчунин муаррифии "нуқтаҳои афзоиш"-и ноҳияҳои Шаҳрисабз, Ғузор, Нишон ва Деҳқонободи вилоят баргузор гардид.

Масалан, дар соли 2015 дар буҷаи маҳаллии ноҳияи Нишон умуман маблағ боқӣ намемонд. Пас аз ба ҳокимон додани имконият барои идоракунӣ ва ихтиёрдории даромади иловагӣ иқтисодиёти минтақа ба рушд сар кард. Ҳамин тавр, дар 9 моҳи соли равон ба буҷаи ноҳияи Нишон 6 миллиард сӯми иловагӣ ворид карда шуд. Дар семоҳаи чорум боз 4 миллиард сӯми дигар пешбинӣ шудааст.

Президент ба зарурати идомаи кор дар ин система, ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, сохтмони манзил ва роҳҳо, кӯмак ба оилаҳои камбизоат аз ҳисоби истифодаи "нуқтаҳои рушд" ва пешниҳоди даромади иловагӣ ишора кард.

Президент Шавкат Мирзиёев ба Маркази ҷавонон дар Қаршӣ ташриф оварда, бо шароити дар ин ҷо муҳайёшуда шинос шуд. Дар ин ҷо вохӯрӣ бо намояндагони насли ҷавони сокинони Қашқадарё баргузор гардид.

-- Ман ба ин ҷо омадаам, то бо шумо ошкоро ва самимона сӯҳбат кунам. Мехостам, албатта, бо тамоми ҷавонон мулоқот кунам, аммо, мутаассифона, барои ин имконият нест. Ҳамчун намояндагони он, шумо метавонед дар бораи мушкилоти маҳал, орзуҳои ҳамсолони худ нақл кунед. Пас озодона, бе тарсу ҳарос, гӯё ки шумо бо волидони худ сӯҳбат мекунед, гап занед, -- гуфт роҳбари давлат.

Гуфтугӯи ошкоро доир ба масоили мавриди таваҷҷӯҳи ҷавонон, аз ҷумла таъмини шуғл ва истироҳати пурмазмуни онҳо сурат гирифт.

Қайд карда шуд, ки дар вилояти Қашқадарё беш аз 26 ҳазор нафар намояндагони насли ҷавон бекоранд ва сатҳи рушди соҳибкорӣ дар ин минтақа аз ҳисоби миёнаи кишвар хеле қафо мондааст.

Зарурияти дастгирии ташаббусҳои ҷавонон, ҷудо намудани маблағгузории иловагӣ дар доираи Барномаи давлатии "Ҷавонон -- ояндаи мо" қайд карда шуд.

Сарвари давлат пешниҳодҳои ҷавонони Муборакро дастгирӣ намуда, ба масъулин оид ба ташкили боғи IT дар ноҳия, омӯзиши ройгони ҷавонон дар соҳаи тиҷорати электронӣ ва малакаҳои барномасозӣ супоришҳои дахлдор дод.

Дар мактаби мусиқӣ ва санъати бачагонаи ноҳияи Китоб, ки барои 150 ҷой пешбинӣ шудааст, 310 нафар хонандагон таҳсил мекунанд. Вазифаи барои ин кӯдакон шароити муносиб муҳайё кардан гузошта шуд.

Бо дарназардошти таваҷҷӯҳи зиёд ба варзиш дар байни ҷавонони вилоят аҳамияти сохтани толорҳои варзишӣ дар мактабҳо, афзоиши шумораи сексияҳо дар маҷмӯъҳои варзишӣ қайд карда шуд. Супориш дода шуд, ки барои хариди таҷҳизоти варзишӣ аз ҳисоби Вазорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш 10 миллиард сӯм ҷудо карда шавад.

Донишҷӯи Донишкадаи давлатии тарбияи ҷисмонии Ӯзбекистон Мушарраф Ибодуллоева, ки дар чемпионати ҷаҳонии самбо дар Сербия медали тилло ба даст овард, дар асоси гранти давлатӣ ба таҳсил гузаронида мешавад.

Дар вохӯрӣ фикру ақидаи ҷавонон, донишҷӯён ва онҳое, ки дар соҳаҳои гуногун кор мекунанд, шунида шуданд. Аз рӯи таклифҳои дар вохӯрӣ пешниҳодшуда ба масъулин дастурҳо дода шуданд.

-- Агар шумо аз ман пурсед, ки ҳадафи азими ман кадом аст, аз чӣ ман хушбахт хоҳам шуд, пас ман посух медиҳам: ин ташаккул додани ҷаҳонбинии замонавӣ дар байни ҷавонон, таъмини онҳо бо кор, баланд бардоштани ғурур ва боварӣ ба худ, дидани саодати оилавии онҳо, -- хулоса кард Шавкат Мирзиёев.

 

Матназар ЭЛМУРОДОВ,

Абдулазиз МУСАЕВ,

Зиёдулла ҶОНИБЕКОВ,

мухбирони ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: