ДАР ҚАСРИ АРБОБ ШУРӮЪ ШУД...

  • ДАР ҚАСРИ АРБОБ ШУРӮЪ ШУД...
  • ДАР ҚАСРИ АРБОБ ШУРӮЪ ШУД...

ва ё нигоҳе пас аз 30 соли Иҷлосияи таърихии сарнавиштсоз

Бинои муҳташаму назаррабое, ки замоне роҳбари хоҷагии овозадор, Қаҳрамони  чандкаратаи  меҳнати сотсиалистӣ Саидхоҷа Урунхоҷаев бо талошу кӯшиш дар хоҷагии худ бунёд намуда буд, дар ҷумҳурӣ ҳамеша аз сохтмону маконҳои диданӣ ба шумор мерафт. Ин шоҳкории меъморӣ дар наздикии шаҳри Хуҷанд, ки бо номи Қасри Арбоб маъруф аст, ҳамакнун бо як рӯйдоди муҳими сиёсӣ низ вирди забонҳост, ки дар таърихи навини Тоҷикистон ҷойгоҳи фавқулода муҳим дошта, бе муболиға ва муҳобот сарнавишти даҳсолаҳои баъдии давлат ва миллатро муайян намудааст.
Аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар ин қаср Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии ҷумҳурӣ, ки баъдҳо он чун ҷамъомади таърихӣ ёд шуду дар солномаи миллату мамлакат бо ҳарфҳои заррин сабт гардид, баргузор шудааст. Чунин тасаввур мешавад, ки аслан сессияҳоро баргузор намудан барои парлумони ҳар гуна мамлакат кори одӣ аст, аммо бояд ба инобат гирифт, ки дар он замони ҳассоси сиёсӣ ва ҷангиву офати гуманитарӣ дар пойтахт, бинобар нооромии вазъият ва фалаҷии тамоми сохторҳои марказии давлатӣ ин кор имконнопазир буд.
Бояд гуфт, ки роҳ ба сӯйи сулҳи саросарӣ ва оромии фарогири ҷумҳурӣ дар ин сессия бо интихоби Эмомалӣ Раҳмонов – раиси ҳукумати вилояти Кӯлоб ба вазифаи роҳбарии ҷумҳурӣ – Раиси Шӯрои Олӣ оғоз ёфт, аммо ҳанӯз то сулҳу салоҳи умумӣ ва оштии миллӣ бо гурӯҳу қувваҳои мухолифи силоҳшӯр вақти тӯлонии пур аз харобиовару машаққатноки беш аз чорунимсола дар пеш буд...
Сессия, ки бештар аз ним моҳ давом кард, беш аз бист доғтарин ва рӯзмарратарин мавзӯъҳои ҷумҳурии ҷангзадаро ба рӯзномаи маҷлис гузошта буд. 197 нафар намояндагони мардум, ки аз марказ, минтақаҳои ҷануб ва шарқи мамлакат худро бо ҳар роҳу усул ба ноҳияи Хуҷанд – Қасри Арбоб расонда буданд, хуб дарк мекарданд, ки ин имконият ва фурсатро набояд аз даст диҳанд ва аз ин боис бо камоли масъулият ва ҳисси халқпарвариву ватандорӣ кор мекарданд. 
Дар ин бора аксу манзараҳое, ки дар яке аз толорҳои Қасри Арбоб махсус ба иҷлосияи таърихӣ чун музей бахшида шудааст, бо забони ҳол далолат менамоянд. Суратҳои ҳанӯз сиёҳу сафед дар деворҳои толор депутатҳоро чунон ба тасвир овардаанд, ки аз ваҷоҳату қиёфаву кайфияташон фазо ва муҳити ҳавлноки рӯзҳои сессияро эҳсос намудан мушкил нест. Аз он манзараҳои ҷиддии корӣ ҳатто барои мо барин шахсон, ки аз даргириҳои дохилии хуношом ва бемаънӣ дур будем, ташаннуҷ ва ғалаёнҳои офатборе, ки ба сари аҳли ҷамъияти Тоҷикистон омадааст, дар бадан раъш медавонд. 
– Дар хусуси Иҷлосияи таърихии XVI ҳоло қариб дар ҳар муассиса ва ташкилоти ҷумҳурӣ маълумоту санадҳо гузошта шудааст, аммо дар худи ин толор вуҷуд доштани ҳамаи ин нигораву аксҳо гапи дигар аст, чунки ин дару деворҳо бевосита ва айнан шоҳиду гувоҳи он рӯзҳои хотирмони сарнавиштсоз гаштаанд, – мегӯяд яке аз маъмурони Қасри Арбоб.
Табиист, ки намояндагони халқ аз роҳбари нав иқдоми бартарафсозандаи буҳронро интизор буданд ва дар ин замина сармутахассиси шуъбаи таърихи нав ва навтарини Осорхонаи миллии Тоҷикистон Малоҳат Мирзоева менависад: «Аввалин суханоне, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардидан ба забон оварданд, чунин буд: «Ман кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард... Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем...»
Эҳтимол ҳоло ин суханон одӣ ва муқаррарӣ ба назар мерасанд, аммо он вақт, ки  ҷамъият тоза аз сохт ва мафкураи шӯравӣ берун шуда, ҳанӯз қутбҳои сиёсӣ ва сохти давлатиро муайян карда натавониста буд, дар ин гирудори гумроҳӣ қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва диниву силоҳӣ аз ин суиистифода менамуданд ва ин холигоҳро пай бурда, ҳар кадоме мехост «деворро ба тарафи худ  бигардонад».
Аз вакилони халқ Адолат Раҳмонова, ки яке аз ҳафт нафар депутатзанҳои Иҷлосияи XVI буд, дар ин замина ёдовар мешавад: «Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди абарқудрати Шӯравӣ ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо, мисли Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби демократӣ, Ҷунбиши «Растохез», Ҳаракати «Лаъли Бадахшон» ба вуҷуд омаданд, ки ҳадафи онҳо ҳамчун давлати коммунистӣ маънидод кардани ҳукумати мо буд...
Сабаби дар Душанбе баргузор нашудани ҷамъомад низ он буд, ки вазъи пойтахт рӯз то рӯз муташанниҷ мегардид. Дар ҳамин вазъият аз ҳарду ҷониби даргир шахсони солимфикре пайдо шуданд ва гуфтанд, ки мо иҷлосияро дар ҷое гузаронем, ки ҳаёти депутатҳои халқ зери хатар намонад.
Ин гапҳо беасос набуд, чунки аллакай чандин фарзандони асили миллат кушта шуда буданд».
Вусъати фоҷиаро аз ин ду ҷумлаи ҳисоботии Раиси Шӯрои Олии ҷумҳурӣ Акбаршоҳ Искандаров низ дарк кардан осон буд: «Имрӯз дар кишвар органҳои конститутсионӣ амалан фалаҷ шудаанд. Агар ин вазъият идома ёбад, хатари  он мавҷуд аст, ки Тоҷикистон аз харитаи ҷуғрофиёии ҷаҳон умуман нест шавад».
Пас аз анҷоми сессия барои роҳбарияти нав давраи пур аз машаққат ва пурталотум сар шуда буд. Дар қадами аввал ташкилоту мақомоти давлатиро бояд дубора барқарор мекард, ки дар натиҷаи даргириҳо – бархурдҳои гурӯҳҳои силоҳбадаст ва майдонкашиҳо куллан фалаҷ гардида, на низоми кор монда буду на кадрҳои шоиставу муносиб. Яъне дар дохил сохти давлатиро бояд ҷон мебахшид, дар берун, ки сарони мухолифини сиёсии мусаллаҳ ҷумҳуриро тарк карда буданду вазъи дохилиро бесубот месохтанд, ба мулоқот барои сулҳу салоҳ ворид мешуд. Байни қувваҳои мухолиф зиддият чунон авҷ гирифта буд, ки сари як миз бе миёнҷигарии мақомоти кишвари  сеюм нишастан ғайриимкон буд. Аз ин боис маҳалли мулоқот гоҳ Маскав, гоҳ Теҳрон, гоҳ кӯҳсорҳои махуфи шимоли Афғонистон... таъин мешуданд. Роҳбари ҷавон ва ҳомили ғайрату шуҷоат Эмомалӣ Раҳмон аз маҳалли вохӯриҳо ҳавлу биме надошт, барояш ҷумҳурии орому босубот ва барои мардумаш хотирҷамъӣ аз ҳама ормонҳо афзал буд. Ҳанӯз дар сари ин роҳи пурпечутоб ба халқаш ваъда карда буд: «Ё ман дар Тоҷикистон сулҳро барқарор мекунам, ё дар ин роҳ ҷони худро медиҳам». Ин суханони боварибахш дили халқро гарм мекард ва орзуяшонро барои дастрасӣ ба сулҳи саросарӣ қавӣ месохт.
«Боз кадом ҷиҳати Иҷлосияи XVI аз назари сиёсӣ муҳим буд?» – бо ин савол ман ба устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Аҳрорҷон Убайдуллоев муроҷиат кардам: «Иҷлосия барои қабули Конститутсияи нави Тоҷикистон заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овард, барои бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд шароит муҳайё сохт, ба ваҳдати миллӣ пойдевор гузошта, дар мамлакат ба раванди бунёдкорӣ оғоз бахшид, ба беҳбуди аҳволи иҷтимоӣ ва иқтисодии мардум шароит ба вуҷуд оварда, симои сиёсии давлатро дар арсаи байналхалқӣ муаррифӣ намуд».
Садҳо ҳазор мардуми аз дасти ҷангу нобасомониву ғорату қатл фирорнамуда дар кишварҳои ҳамсоя – хусусан Афғонистон паноҳ бурда буданд ва қисматашон аз беватаниву гуруснагиву залилӣ сахт буд. Дар дохили ҷумҳурӣ бӯҳрони қашшоқӣ ва гуруснагӣ бар замми ҳама бадбахтӣ ва шӯрбахтӣ изофа гардида, мардумро ба вартаи нобудӣ ва ҷумҳуриро ба парокандагӣ мекашид. Ба эҳтимоли қавӣ ин мисраъҳои ҷонгудоз аз қалби пурхуни шоир Лоиқ Шералӣ он рӯзҳои машъум заҳидаанд: «Моро, моро, Худо бубахшад моро – Ин миллати бесоҳибу бепарворо...»
Дар баробари доир намудани давраҳои мулоқот бо роҳбарони мухолифин, ҳалли ин масъалаҳои доғро низ ба таъхир андохтан мумкин набуд. Роҳбарияти нави ҷумҳурӣ ҳамин тавр ҳам кард. 
Ташкилотҳои байналхалқӣ низ барои ҳалли мушкилот остин бар заданд ва хусусан барои бозгардондани гурезаҳо ҳамдастӣ намуданд. Қисме аз онҳо аз тариқи Тирмиз баргардонда шуданд, ки дар ҷараёни қабул ва пешвозгирии онҳо мухбири «Овози тоҷик» Тӯхтамиш Тӯхтаев низ ба Тирмиз ҳозир шуда буд, ки ҳоло аз он рӯзҳо чунин ёд мекунад. «Аз Афғонистон ба воситаи пули «Дӯстӣ» аввалин поезди савори паноҳандагон ба Тирмиз расида, аз он пиёда шуданд ва аввал замини барояшон азизро бӯсида, баъд аз рӯйи тартиб муоинаи тиббӣ анҷом дода шуд. Пас аз он қатор ҷониби Тоҷикистон рафт. Медидам, ки ин мардуми шӯрбахт чӣ гуна бадбахтиву зиллатро пушти сар гузоштаанд...»
Дар ҳар мулоқоти оянда мавқеъҳо дар бобати таркиби ояндаи ҳукумат ва саҳми ҷонибҳо дар он мушаххастар ва равшантар мегардид, ки оқибат ба саҳми 60 фоизи ҳукумати ҷорӣ ва 40 фоизи қувваҳои мухолиф дар таркиби ҳукумати оянда тааҳҳуд гардид, ки ин ҳамосаи силсиламулоқотҳо 27 июни соли 1997 бо имзои Созишномаи оштии миллии саросарӣ ба анҷом расид.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳиди вақт Кофи Аннан бо ин суханон аз он  мулоқотҳо натиҷагирӣ карда буд: «Президенти Тоҷикистон намунаи ибрати аз зӯроварӣ даст кашида, ҳал намудани зиддияти дохилимиллиро нишон дод».
Нодида набояд гирифт, ки ин нобасомониҳои Тоҷикистон ҳанӯз ибтидои сар баланд кардани унсурҳои аз лиҳози сиёсӣ носолими минтақа буд, зеро таърихи баъдинаи Осиёи Марказӣ нишон дод, ки ин қувваҳо тоза реша медавонанд. Дар Тоҷикистон ҷилавгирӣ шудани онҳо то андозае таъсири қаламрави онҳоро маҳдуд сохт.
Гаронтарин талафе, ки ҷумҳурӣ дар ин ҷанги бародаркушӣ дод, ҷони қариб 160 ҳазор тоҷикистонӣ буд.

Тоҷибой ИКРОМОВ,
шореҳи сиёсии «Овози тоҷик».
Вилояти СУҒД/ТОҶИКИСТОН.
Суратгир: муаллиф.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: