– мегӯяд момои Сафаргули 81-сола
Ҳангоми дар курси аввали факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи омӯзгории Самарқанд таҳсил карданам, дар саҳифаи рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» лавҳаи хурдакакам бо номи «Табрик менамоем» дар бораи доктори илми филология, профессор, муаллифи китоби »Забони модарӣ»-и синфҳои якуму дуюм Воҳид Асрорӣ, ки 70-сола шуда буд, рӯйи чопро дид. Нашри мақола манро ба «Ҳақиқати Ӯзбекистон» дилгармтар ва минбаъд барои навиштани мақолаҳоям ангеза бахшид. Аз он рӯз инҷониб, зиёда аз чиҳил сол ба ин рӯзномаи дӯстдоштаам дар тамос ҳастам. Солҳои адои хизмати ҳарбӣ дар сарзамини Афғонистон (1984-1986) аз пайвандонам хоҳиш мекардам, баъзе шумораҳои рӯзномаро ба ман фиристонанд. Моҳи феврали соли 1986 мақолаам бо номи »Ашки шодӣ» зери рубрикаи «Мактуб аз Афғонистон», ки дар он оид ба ёрии тиббӣ ба халқи ҷафокаши афғон, сипосгузории онҳо ба табибони шӯравӣ акс меёфт, дар саҳифаи рӯзнома чоп шуда буд.
Дар он солҳо рӯзнома қариб ҳар рӯз нашр мешуд. Ҳар як хонадон ба он обуна шуда, пиру барно мутолиа мекард.
– Нисфи умрам дар дашту кӯҳсор гузашт,– ба хотир меоварад момои Сафаргули 81 сола,– падари бачаҳо чӯпон буд, моли давлатро парвариш мекард. Вақти ба деҳа баромаданаш аз ӯ хоҳиш мекардам, дар қатори маводи рӯзгор шумораҳои «Ҳақиқати Ӯзбекистон»-ро низ биёрад. Баъди саранҷоми корҳои рӯзгор ва хобидани бачаҳо дар равшании чароғи керосинӣ рӯзномаро варақгардон карда, мутолиа менамудам.
Гуфтан ҷоиз аст, ки имрӯз низ момои Сафаргул барин куҳансолон бар акси ҷавонон китоб мехонанд, рӯзнома мутолиа мекунанд...
Яке аз ташкилотҳои бонуфуз барои овардани маҷаллаву рӯзномаҳо ва дастрас кардани онҳо ба муштариён хидмати почта (шуъбаи алоқа) мебошад.
Бино ба маълумоти омӯзгори бознишаста, собиқ мухбири ҷамоатии «Овози тоҷик» Абдуназари Набӣ дар деҳаи Эҷи ноҳияи Нурато хидмати почта аз солҳои 30-юми асри гузашта фаъолият оғоз намудааст. Аввалин хаткашон дар деҳа Бобои Собир ном шахс буд, ки фарсахҳо роҳро гоҳ савори хару гоҳе пиёда тай намуда, ба маркази ноҳия (он вақт Фориши Самарқанд) мерафт ва рӯзномаву маҷаллаҳоро дастраси муштариён менамуд. Ифтихор дошт, ки бо ин хидматаш дар ҷаҳонбинии ҳамдеҳагонаш ҳиссагузор аст. Минбаъд Орзумурод Халилов, Шариф Расулов, Аҳмад Нурназаров, Назар Раҳмонов ва Сафарбой Амонов ин хизмати пуршарафро дар уҳда доштанд.
Имрӯз, ки интернет ба таври афсонавӣ ривоҷ меёбаду мардум навгониҳоро аз саҳифаҳои он мутолиа ва тамошо мекунад, хидмати шуъбаи алоқа аҳамияташро гум накардааст. Мудири кунунии шуъбаи алоқаи деҳа Тоҷиддин Амонов дар дастрас кардани рӯзномаву маҷаллаҳо ҳиссагузор аст. Тарғибгари обуна ба рӯзномаҳо, бахусус «Овози тоҷик», ба ҳисоб меравад.
«Овози тоҷик», ки бемуҳобот аз падарони матбуоти Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад, садсола хоҳад шуд. Аз мардуми миллатдӯсту маърифатпарвари диёрамон хоҳиш менамудем, барои рушду ривоҷ ва пойдории рӯзномаи дӯстдоштаамон саҳмгузор бошанд, зеро ба гуфтаи аллома Айнӣ: «Рӯзномаи ҳар қавму миллат забони эшон аст ва ҳар қавме, ки рӯзнома надорад, гӯё, ки забон надорад».
Элмурод РӮЗИЕВ,
Аълочии таълими
халқи Ӯзбекистон.
Вилояти НАВОӢ.