ДАР РЕГИСТОН БОЗ ТАРОНАҲОИ СУЛҲ САДО МЕДИҲАНД

Соли равон Самарқанд бори дигар мизбони анҷумани бонуфузи санъат мегардад.

Мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои тайёрӣ ба гузаронидани Ҷашнвораи байналхалқии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» аз 26 феврали соли равон рӯзҳои 26 то 30 август дар шаҳри куҳан ва ҳамешаҷавон бори дувоздаҳум ҷашнвораи байналхалқии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» баргузор хоҳад шуд.
Обрӯйи ҷашнвораи мазкур, ки ба таҳкими ҳамкории байни халқҳои ҷаҳон, ҳифз кардан ва ғанӣ гардонидани анъанаҳои санъати мусиқӣ, пурзӯр шудани мулоқоти байнифарҳангӣ мусоидат менамояд, сол аз сол зиёд мешавад. Ин ҷашнвора ба чорабинии бузурги фарҳангии миқёси ҷаҳонӣ табдил меёбад, бинобар ҳамин ҳам таҳти васояти ЮНЕСКО мегузарад. «Таронаҳои Шарқ» бо кӯмаки шеъру суруд ба қаробати халқҳои ҷаҳон, мустаҳкамшавии риштаҳои дӯстӣ, ҳифзи анъанаҳои миллии мусиқӣ мусоидат мекунад. 
Бинобар суханони директори иҷрогари дирексияи Ҷашнвораи байналхалқии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» Фарҳод Ҷӯраев, мувофиқи қарори дахлдори роҳбари давлати мо ва Девони Вазирон тайёрӣ ба ҷашнвораи кунунӣ, беш аз пеш, дар сатҳи баланд гузаронида мешавад. Пеш аз ҳама, дастур дар бораи тартиби баргузории ҷашнвора бо шакли нав ва як қатор навгониҳову тағйирот қабул гардид. Мувофиқи ин дастур дар доираи ҷашнвора озмун – азназаргузаронии байналхалқии «Барои иҷрои беҳтарин», конфронси илмиву назарӣ дар мавзӯи «Пешомадҳои рушди санъати анъанавии мусиқии халқҳои Шарқ», барномаи консертии иштирокдорони ҷашнвора дар Самарқанд, ноҳияҳо ва шаҳрҳои наздик, сафар ба вилоятҳо, вохӯриҳои эҷодӣ ва чорабиниҳои дигар баргузор мешаванд. Соли равон баромади иштирокдорон бинобар ду самт – иҷрои анъанавии суруду оҳангҳои халқӣ, ҳамчунин иҷрои касбии суруд ё худ оҳангҳои замонавӣ баҳогузорӣ мегардад. 
Ба баромади иштирокдорон аз ҷониби ҳакамоти байналхалқие, ки камаш аз ҳафт нафар иборат хоҳад шуд,  баҳо дода мешавад. Ба ҳайати он олимони мусиқашиноси хориҷиву ватанӣ, арбобони шинохтаи санъат, оҳангсозону бастакорон, намояндагони ташкилотчиёни ҷашнвораҳои байналхалқии  мусиқии хориҷӣ даъват карда мешаванд. Сифатҳои дурахшони анъанавӣ, мазмуннокӣ, маҳорати баланди иҷро ва маданияти саҳнавӣ маҳакҳои асосии баҳодиҳӣ қарор мегиранд. 
Ба барандаи Гран-прии ҷашнвора мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор доллари ИМА супурда мешавад, Ду барандаи ҷойҳои 1-ум, 2 барандаи ҷойҳои 2-юм ва 3 нафар ишғолкунандаи ҷойҳои 3-юм дар ҳаҷми аз 5 то 2 ҳазор доллар мукофоти пулӣ мегиранд. Зиёда аз ин, соли равон ғолибони номгӯйҳои зерин, аз ҷумла «Ҷавонтарин иҷрогар», «Беҳтарин иштирокдоре, ки ба эътирофи тамошобинон муваффақ шудааст», «Беҳтарин иҷрогари мусиқии созӣ» низ бо дипломҳои махсус ва ҷоизаҳои пулӣ дар ҳаҷми 500 доллари ИМА мукофотонида хоҳанд шуд.
– Бо ташаббуси Президенти кишвари мо моҳи сентябри соли равон дар Шаҳрисабз анҷумани байналхалқии санъати мақом, моҳи апрели соли ҷорӣ бошад, дар Тирмиз – ҷашнвораи байналхалқии санъати бахшигӣ дар дараҷаи баланд гузаронида шуданд, қарор гардид, ки ин чорабиниҳо дар ду сол як бор мунтазам гузаронида шаванд, – таъкид кард муовини ҳокими вилояти Самарқанд Р. Қобилов. – Барои дар шакли нисбати анҷуманҳои собиқаи фарҳангиву санъатии дар кишвари мо гузаронидашуда куллан беҳтар, дар сатҳи талаботи ҷашнвораҳои байналхалқӣ, бо намоиши анъанаву суннатҳо ва маданияти ғании миллии халқи мо гузаронидани он эътибори махсус дода хоҳад шуд.  Дар анҷуманҳои мазкур барои намоиш додани суннатҳои хос, маданият, анъанаҳои миллии ҳунармандии ҳар кадом минтақа имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуданд. Намояндагони вилояти Самарқанд низ дар чорабиниҳо фаъолона иштирок карданд, он барои мо дар арафаи баргузории Ҷашнвораи дувоздаҳуми байналхалқии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» мактаби бузург гардид. Мо аз тамошо ва мушоҳидаҳои ҷараёни ҷашнвораҳо, намоишгоҳ ва баромади ҷамоаҳои бадеӣ дар Шаҳрисабз ва Тирмиз хулосаҳои дахлдор баровардем ва сабақҳои зарурӣ гирифтем.
Яке аз ҷиҳатҳои нотакрор ва ба худ хоси ҷашнвораи «Таронаҳои Шарқ» ташкили амфитеатр дар майдони  Регистон ва ба иштирокдорон пешниҳод сохтани имконияти намоиш додани барномаҳои худашон дар саҳнаи он ба шумор меравад. Мо дар бораи он ки ҳар кадом иштирокдори ҷашнвора аз баромади худ дар ин саҳна ҳиссу ҳаяҷони махсус эҳсос кардааст, бисёр шунидаем. Ҳоли ҳозир дар Регистон саҳна ва нишастгоҳ барои бинандагон устувор карда мешаванд. Аз 15 июл дар ин ҷо ба коркарди барномаи маросими кушоиши ҷашнвора оғоз менамоянд. Кор бинобар ободонии маҷмӯъ ва ҳудуди атрофи он, бозсозии гунбади мадрасаи Тиллокорӣ идома дорад.
Соли равон дар шафати майдони Регистон барои намояндагони Тошканд ва Ҷумҳурии Қароқалпоқистон баҳри намоиш додани санъат, маданият ва анъанаҳояшон ҷойҳои махсус ҷудо карда мешаванд.  Дар ин ҷо саҳнаҳои хурд, намоиши асбобҳои миллии мусиқӣ, маснуоти ҳунармандӣ гузошта ва ташкил карда хоҳанд шуд.
Чун ҳамеша соли равон баробари иштирокашон дар озмун меҳмонони хориҷӣ ва ҷамоаҳои бадеие, ки ба ҷашнвора омаданд, дар боғҳои истироҳат, амфитеатрҳои ноҳия ва шаҳрҳои вилоят барномаҳои консертии худро намоиш медиҳанд. Воқеаҳое, ки дар саҳнаи асосӣ баргузор мегарданд, аз тариқи ширкати телевизион ва радиои вилоят бевосита аз мониторҳои азиме, ки дар хиёбонҳои Самарқанд устувор карда шудаанд, намоиш дода мешаванд.
Умуман, корҳои ташкилии вобаста ба тайёрӣ ва баргузории ҷашнвора бинобар ҳар кадом самт мушаххас ва шахсони масъул таъин шудаанд. Дар ҷараёни тайёрӣ ба ҳар кадом масъалаи вобаста ба истиқболи меҳмонон, ҷойгир кардани онҳо дар меҳмонхонаҳо, барои меҳмонон таъин намудани тарҷумонҳо, роҳбаладҳо, ба роҳ мондани сафарҳо, хидматрасонии нақлиётӣ ва ғайра эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Барои гузаронидани Ҷашнвораи байналхалқии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» тамоми имконият ва воситаҳо сафарбар мегарданд.

Ғ. ҲАСАНОВ, 
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: