ДАР РОҲИ БЕҲСОЗИИ ХИДМАТИ МАНЗИЛИВУ КОММУНАЛӢ

Моҳи апрели соли 2017 бо мақсади такмил додани низоми идоракунӣ ва истифодабарии бунёди манзили бисёрҳуҷра, ташаккул додани низоми самарабахши назорати техникии биноҳо, куллан беҳсозии таъминоти хидматҳои босифати манзиливу коммуналӣ, ҳамчунин фаъолияти устувори ҷамоаҳои мулкдорони хусусии манзил Фармон «Дар бораи чораҳои минбаъд такмил додани идораи низоми хидматрасонии манзиливу коммуналӣ» ва қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи созмон додани фаъолияти Вазорати хидматрасонии манзил

Беш аз як сол аст, ки вазорат таъсис гардид ва корҳои назаррасро ба амал баровард.
Дар анҷумани матбуотие, ки вазорати мазкур дар Маркази матбуоти миллӣ таҳти мавзӯи «Чорабиниҳо оиди иҷрои вазифа ва супоришоти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Девони Вазирон дар бораи тайёрӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2018/2019 ва реҷаи беталафот гузаронидани он» барпо намуд, корҳои дар ин самт амалишудаву амалишаванда таҳлил гардид.
Дар ҷамъомад муовини вазири Вазорати хидматрасонии манзиливу коммуналии ҷумҳурӣ Ғофир Ҷамалов оиди рафти иҷрои вазифаву супоришоти ҳукуматӣ маълумот дод.
– Пеш аз ҳама штаби гурӯҳи кориро иборат аз намояндагони ҳокимияти ноҳияҳо, ҷамоати шаҳрвандон ва фаъолони маҳалла ташкил карда, корро аз омӯхтани ҳолати техникии манзилҳои бисёрошёна оғоз намудем, – мегӯяд ӯ. 
– Дар натиҷаи азназаргузаронии объектҳои таъминоти гармӣ, ҳолати самти гармӣ, канализатсия, таъминоти оби ошомиданӣ ҳаҷми кор, муддат ва чорабинии онҳо муайян шуда, гурӯҳи корӣ ба иҷрои он шурӯъ намуд.
Аз рӯйи мониторинги гузаронидашуда дар ҷумҳурӣ 3970,3 ҳазор метри мукааб қисми боми биноҳои бисёрқабата; 15744 роҳрави назди даромадгоҳ, 5929 самти муҳандисии дохилӣ ва коммуникатсияи биноҳои истиқоматӣ, 5513 қисми зоҳирии бино, 431-то лифт аз таъмир бароварда, ба 14725 дарҳои оҳанӣ қулфи кодӣ насб карданд. Корҳои бобати самти гармидиҳӣ, таъмири қубурҳои оби ошомиданӣ то 25 августи соли ҷорӣ бояд ба анҷом расонда шаванд.
Дар ҷамъомад инчунин баромади роҳбари Инспексияи оид ба назорати соҳаи истифодаи бунёди манзили бисёрҳуҷраи назди вазорати зикршуда Абдуназар Эрдонов шунида шуд. Маълум гардид, ки аз ҷониби инспексия ҳолати техникии 15777 манзил аз назар гузаронида, 11847 ҳолати ноқонунии барпо намудани объекти сохтмониро аниқ кардаанд. Барои ихтиёрӣ вайрон кардани онҳо ба соҳибонашон тавсия додаанд. Алҳол 8200 тои онҳо бартараф шуда, бо боқимонда дар асоси талабу тартиботи қонун кор бурда истодаанд.
Таъкид шуд, ки дар биноҳои бисёрқабата ҳангоми таъмири дохилӣ набояд ҷойи дару девор кӯчонда, ба таври худ тағйирот дохил кунанд. Он пеш аз ҳама, ба бино ва аҳолӣ хавф дорад. Нисбати шахсоне, ки ба вайрон кардани дизайни муҳандисӣ ва зидди меъёрҳои шаҳрсозӣ рафтор кардаанд, чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Ҳолатҳои аз ошёнаи якум ва зерхонаи бино ба таври ноқонунӣ истифода бурдани субъектҳои тадбиркорӣ аниқ гардида, аз рӯйи ин ҳолат ба идораҳои дахлдор хату хабар расондаанд.

Г. КАБИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: