Имрӯзҳо дар саросари кишварамон оид ба амалӣ намудани панҷ ташаббусе, ки аз тарафи роҳбари давлат пешниҳод шудааст, чорабиниҳо андешида мешаванд.
Чанде пеш дар мактаби таълими ҳамагонии рақами 31-уми ноҳияи Косонсойи вилояти Намангон доир ба шавқовар гузаронидани таътили тобистонаи мактаббачаҳо, инчунин аз рӯйи иҷрои панҷ ташаббус семинар баргузор гардид.
Дар семинар муовини директор оид ба корҳои маънавият ва маърифат, омӯзгорони фанҳои мусиқӣ, расмкашӣ, тарбияи ҷисмонӣ, информатика, мудири китобхона, мураббиёни мактабҳои варзиши бачагон ва наврасони ноҳияи мазкур иштирок карданд.
Аз рӯйи ташаббуси якум, омӯзгорони фанни мусиқӣ ва санъати мактаби номбурда Хуршеда Сатторова ва Сабохон Хӯҷаева маҳфилҳои мусиқӣ ва санъатро ба роҳ монданд. Дар маҳфил писарону духтарони соҳибистеъдоде, ки аз овони бачагӣ ба мусиқӣ ва санъат меҳри баланд доштанд, иштирок намуданд.
Аз рӯйи ташаббуси дуюм, таҳти роҳбарии омӯзгорони фанни тарбияи ҷисмонӣ Ғафурҷон Қаюмов, Зиёдулло Обидов, Меҳмоналӣ Зокиров маҳфилҳои футбол, волейбол, баскетбол, тенниси рӯйи миз, гимнастикаи бадеӣ, шоҳмот, шашка, каратэ, таэквандо ба фаъолият шурӯъ кард. Иштирокчиёни маҳфил дар мусобиқаҳои варзишӣ иштирок карда, маҳораташонро сайқал доданд.
Мувофиқи ташаббуси сеюм, омӯзгори фанни информатика Зоҳидҷон Инъомов маҳфили омӯзиши компутериро ташкил кард, ки аъзоёни маҳфил бо шавқи баланд барои аз худ кардани технологияи компутер шурӯъ карданд.
Бо сарварии мудираи китобхонаи мактаб Шоиста Хӯҷаева бошандагони маҳалла низ узви китобхона гардиданд. Аъзоёни китобхона акнун аз 3 ҳазор нусха зиёд китобҳои гуногун истифода мебаранд.
Омӯзгор Кимёхон Маткаримова бо дӯзандагони маҳалла маҳфили дӯзандагӣ ва пазандагиро ба роҳ монд, ки ин барои дар оянда ҷойи муносиби худро дарёфт кардани духтарбачагон нақши муҳим мебозад.
– Мо минбаъд низ дар ҳама мактабҳои таълими ҳамагонии ноҳияамон маҳфилҳоро доир ба панҷ ташаббуси Президент ташкил менамоем, – гуфт мудири шуъбаи таълими халқи ноҳия Муаззам Аллохонова.
Дар ҳақиқат, панҷ ташаббус бобати дар рӯҳи меҳнатдӯстӣ, ватанпарварӣ ва маънавияти воло тарбия намудани насли наврас саҳми босазо мегузорад.
Дар семинар муовини ҳокими вилояти Намангон Фахриддин Маткаримов иштирок кард.
А. МУРОДОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти НАМАНГОН.