Маърӯзаи муштараки коршиноси маркази таҳлилии Jamestown Foundation дар ИМА Ҷейкоб Зенн ва директори Пажӯҳишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз (CACI) Сванте Корнелл ба ҳамин мавзӯъ бахшида шуд.
Хотиррасон менамоем, ки маърӯза ҳамчун як қисми силсилаи Silk Road Paper дар пояи боби ҳамноми китоби «Симои нави Ӯзбекистон», ки CACI соли равон интишор намуд, тайёр шудааст.
Ба қарибӣ Пажӯҳишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз якҷо бо Пажӯҳишгоҳи Шарқи Наздик дар Вашингтон муаррифии маърӯзаи мазкурро ташкил кард. Дар вохӯрӣ намояндагони Конгресси ИМА, пажӯҳишгоҳҳои машҳури тадқиқотӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, расонаҳои ахбори оммавӣ, ҳайатҳои дипломатӣ даъват шуданд.
Муҳтавои чорабинӣ ва ғояҳои асосии коршиносони амрикоӣ дар матолиби ОИ «Дунё» дарҷ гардиданд.
Муаррифиро ҳамчун созмондиҳандагон раиси Пажӯҳишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз Фредерик Старр ифтитоҳ бахшид, ки модератори асосӣ гардид. Бино ба ақидаи олим дар Ӯзбекистон «эътидоли нодири динӣ» ташаккул ёфтааст. Профессор барои тасдиқи гуфтаҳояш изҳор дошт, ки:
«Бо вуҷуди он, ки аксарияти аҳолии мамлакат мусулмон мебошанду анъанаҳои ислом дар ин ҷо бағоят амиқ аст, давлат аз дин ҷудо ва мамлакати дунявӣ ба шумор меравад. Ҳукумати ҷумҳурӣ манфиати тамоми ҷомеаро ҳимоя карда, онҳоро ба диндорону ғайридинҳо, мусулмон ва намояндагони эътиқодҳои дигар ҷудо намекунад».
Ҷиҳатҳои асосии маърӯзаи «Дар роҳи исломи бомаърифат: дин ва давлати дунявӣ дар Ӯзбекистон»-ро яке аз муаллифони он – директори CACI Сванте Корнелл пешниҳод кард, вай бар он аст, ки барои сокини Осиёи Марказӣ ин нисбат ба Шарқи Наздик метавонад «музофотӣ» бошад, вале дар асл Ӯзбекистон дар таърихи ислом мавқеи марказӣ дорад.
– Аз ибтидои асри VIII дар ин ҷо муҳити нодири интеллектуалӣ фароҳам омадааст, таъкид кард коршинос. – Дар бисёр самтҳо, аз ҷумла дар соҳаҳои математика, тиб, умуман илм комёбиҳои назаррас ба даст омаданд, баробари ин илми фиқҳ низ пеш рафт. Маҷмӯаи бонуфузи ҳадисҳо – суханони Пайғамбар – аз ҷониби Имом Муҳаммад ал-Бухорӣ ҷамъоварӣ гардид. Тариқати бузургтарини тасаввуф – Нақшбандӣ (он дар ҳудуди Ӯзбекистони кунунӣ ба миён омад – таъкиди таҳририят) дар тамоми Авроосиё – аз Балкан то Индонезия паҳн шуд.
С. Корнелл фикри худро идома дода, зикр сохт, ки мактаби фиқҳи Мотурудӣ, ки ба шарафи сокини Самарқанд Абӯмансур Муҳаммад ал-Мотурудӣ номгузорӣ шудааст, ба маънавияти инсон эътибори бағоят бузург медиҳад: дар пояи он ақидае мавҷуд аст, ки маънавияти инсон хеле муқтадир аст, то ки хубро аз бад бидуни кашфиёти фиқҳ фарқ кунад. Бисёр донишмандони бузург дар асрҳои IX-XI, дар садаҳои «асри тиллоӣ»-и илми ислом дар Мовароуннаҳр зисту зиндагӣ кардаанд.
Нотиқ дар баромади худ табақабандии усулҳои муносибати давлат ва динро дар замони кунунӣ хотиррасон сохт. Бинобар баҳои ӯ Ӯзбекистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ дар ин бобат ба Фаронса шабоҳат доранд, ки дар он ҳифзи давлат ва ҷомеа аз таъқиботи динӣ ба эътибор гирифта шудааст. Дар ИМА, ки ҳокимият бо дини ҳукмрон ҳеҷ гоҳ коре надошт, ба таъмин сохтани озодии серков эътибор бештар аст. «Ин тафриқа аксар вақт дар байни Ғарб ва мамлакатҳои Осиёи Марказӣ боиси нофаҳмиҳо мегардад: саъю кӯшишҳои нигоҳ доштани сохтори давлати дунявӣ аз ҷониби созмонҳои ғайриҳукуматӣ барғалат ҳамчун таъқиби озодии дин пазируфта мешавад».
С. Корнелл эътироф кард, ки соли 1990, ҳангоме ки экстремистҳои мусаллаҳ ва динӣ ба сохтори конститутсионии Ӯзбекистон таҷовуз карда, сохтори давлати исломиро тақозо намуданд, ҳукумат муносибати қатъиро пеш гирифт, саъй намуд, ки ҷомеаро аз паҳншавии ғояҳои зӯроварӣ эмин дорад. Тавре ки коршинос таъкид кард, ҳоло ҳукумати ҷумҳурӣ ба он чиз бовар дорад, ки давлат, идораҳои он ва худи ҷомеа инкишоф ёфтаанд, экстремистҳо бошанд, дигар ба истифодаи чорабиниҳои фавқулодда таҳдид намекунанд. Роҳбарияти мамлакат барои эҳё намудани анъанаҳои динии мардум, ки бо давлати дунявӣ ҳамоҳанг ва барои ҷамъиятҳои дигар ибратпазир бошанд, қарори дурандешона қабул кард.
– Президент Шавкат Мирзиёев ғояи миллии исломи бомаърифатро пеш гузошт. Ҳамин тариқ дарки даврони бузурги маърифати Осиёи Марказӣ, «асри тиллоӣ»-и ислом мушоҳида мегардад. Ӯзбекистон бо ҳусни эътибор ба он даврони бузург ва ҳамоҳангсозии он бо «хусусиятҳои замонавии идораи он» самти муҳим ва модели бемислро барои олами ислом фароҳам меоварад. Қарор бобати дар мамлакат таъсис додани Маркази байналхалқии илмиву тадқиқотии ба номи Имом ал-Бухорӣ, Академияи ислом ва Маркази тамаддуни исломӣ ба стратегияи мазкур ҳамаҷониба ҳамоҳанг мебошанд, эътимод дорад мутахассис.
Директори CACI хотиррасон сохт, ки дар Ӯзбекистон барои диндорон масҷидҳои сарироҳӣ сохта мешаванд, озмунҳои қироати Қуръон баргузор мегарданд. Аз ба ном «рӯйхати сиёҳ»-и хидматҳои махсус ҳазорҳо одамон хориҷ карда шуданд, шаҳрвандоне, ки ғайриодилона маҳкум шудаанд, авф гардиданд.
Аз нуқтаи назари С. Корнелл услубе, ки Ӯзбекистон пеш мебарад, равшан ва фаҳмост: ин давлати дунявиест, ки дар он метавонад анъанаҳои ҳанафияи минтақа инкишоф ёбанд. Бо дарназардошти таҷрибаи гуногуни омезиши дин ва сиёсат, олами ислом ва тамоми ҷомеаи ҷаҳон, агар Ӯзбекистон баробари рағбатноксозии идораҳои анъанавии динӣ низоми дунявиро ҳифз карда тавонад, метавонад чунин моделро ба эътибор бигирад.
Дар ин маврид, бинобар суханони таҳлилгар, ислоҳоти соҳаи дин дар ҷумҳурӣ набояд ба сифати ҷавоб ба танқиди берунӣ ё худ рӯ тофтан аз сиёсати пешина қабул карда шавад. Чун дар соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ тағйирот дар самти мазкур бо дарназардошти мероси ғановатманди маданӣ ва анъанаҳои муқтадири динии ҷомеа ҷиҳати эволютсионӣ дорад. Зиёда аз он, исломи бомаърифат беш аз дигарон қодир аст пеши роҳи паҳн шудани ғояҳои экстремистиро бигирад.
Дар хотима боз Ф. Старр ба сухан баромада, қайд сохт, ки эҳёи соҳаи дин дар Ӯзбекистон бо «фарогирии умумӣ»-и худ хушоянд аст: вай манфиатҳои умуман тамоми ҷомеаро пеш мебарад, онҳоро ба қисматҳо ҷудо намекунад, ҳамчунин ҷиҳати «шаҳрвандӣ, маданӣ» дорад.
– Тағйирот, ба хусус аз ҷониби насли навраси мамлакат, ки аз суннатҳои ҳамагонӣ бинобар амиқӣ ва фарогириашон истиқбол мекунанд, хуш қабул карда мешаванд. Пеш аз ҳама ба ҷавонон дар масъалаи эътиқод ва дараҷаи он озодии интихоб пешниҳод мегардад. Аз ҷониби дигар низоми дунявӣ ҳуқуқи ақаллияти динӣ ва қисмати заифи аҳолиро, ки нисбати онҳо дар баъзе кишварҳои дигар таъқиб ва зӯроварӣ эҳсос мегарданд, ҳифз менамояд, – мегӯяд раиси Пажӯҳишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз.
Хотиррасон менамоем, ки пажӯҳишгоҳи мазкур аз «марказҳои ақлӣ»-и машҳури ИМА оид ба мушкилоти Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ба CACI раис Фредерик Старр ва директор Сванте Корнелл роҳбарӣ мекунанд.
Фредерик Старр солҳои гуногун мушовири се президенти ИМА оид ба минтақаи собиқи шӯравӣ ва Осиёи Марказӣ ба шумор мерафт. Ӯ муаллифи зиёда аз 20 асар доир ба сиёсат ва таърихи кишварҳои Авроосиё мебошад. Китоби охирини ӯ «Маърифати бохта: асри тиллоии Осиёи Марказӣ аз истилои араб то Темурланг» (соли 2013) ба саҳми мутафаккирони Мовароуннаҳр дар илм ва тамаддуни ҷаҳонӣ бахшида шудааст.
Сванте Корнелл профессори Мактаби тадқиқоти пешқадами байналхалқӣ (SAIS)-и Донишгоҳи Ҷон Хопкинс (ИМА) ва узви Академияи шоҳигарии Шведсия оид ба илмҳои ҳарбӣ аст.
ОИ «Дунё»,
ВАШИНГТОН.