ДАР РОҲИ ИСТЕҲСОЛИ ДОРУВОРИИ ВАТАНӢ

– Дар мамлакатамон доир ба ҳифзи саломатии аҳолӣ, рушди низоми ҳифзи тандурустӣ мувофиқи талаботи замон корҳои васеъмиқёс ба амал татбиқ мегарданд.

– Дар мамлакатамон доир ба ҳифзи саломатии аҳолӣ, рушди низоми ҳифзи тандурустӣ мувофиқи талаботи замон корҳои васеъмиқёс ба амал татбиқ мегарданд. Дар ин ҷараён ба истеҳсоли воситаҳои давоии хушсифат низ эътибори калон дода мешавад. Натиҷаи тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи фарматсевтика, мустаҳкамкунии саломатии аҳолӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли воситаҳои давоӣ далели ин гуфтаҳост,– таъкид гардид дар нишасти матбуотие, ки дар Маркази матбуоти миллӣ доир ба мавзӯи «Натиҷаҳои аттестатсияи кадрҳои баландмалакаи илмӣ ва илмию педагогӣ дар соҳаи фармакология» баргузор шуд.
Баромадкунандагон, ҳамчунин, таъкид намуданд, ки дар самти илмҳои фарматсевтика дараҷаи илмии 5 талабгори доктори фан, 13 доктори фалсафа бино ба фанҳои фарматсевтика тасдиқ карда шудааст. Дар асоси рисолаҳои тадқиқотие, ки соли гузашта ҳимоя карда шуданд, хеле корҳои илмӣ анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, истеҳсоли воситаҳои давоии аз растаниҳои маҳаллӣ тайёркардашудае, ки ба муолиҷаи бемориҳои ҷигар, гипертензияи артериал, аллергия ва иловаҳои фаъоли биологӣ пешбинӣ гардидаанд, ба роҳ монда шуданд. Дар мамлакатамон бори аввал меъёрҳои сифатии моеъи инфизион ва дигар воситаҳои давоӣ дар асоси илми замонавӣ кор карда шуданд.
Гуфта шуд, ки дар баробари ба амал тадбиқ намудани натиҷаи корҳои илмӣ корҳои иҷтимоии муайян самараи худро доданд. Масалан, дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ истеҳсоли гепатопротекторе, ки ҷигарро ҳимоя мекунад, воситаҳои давоие, ки фишори хунро муътадил месозанд, меъдаро даво мекунанд  ва иловаҳои фаъоли биологӣ роҳандозӣ шуданд. Ба ҷойи воситаҳои давоии хориҷӣ – «Левомикол» ва «Актовегин», ки ба муолиҷаи ҷароҳатҳо пешбинӣ мешуданд, гели «Антибоватсин» истеҳсол карда шуд. Аз мумиё ва муми маҳаллӣ низ, бино ба тадқиқотҳои анҷомдодашуда воситаҳои давоии таъсирбахш кор карда шуданд.
Мутахассисони соҳа хулоса карданд, ки имрӯз дар соҳаи фарматсевтика аз ҷониби олимон ва тадқиқотчиён коркард ва истеҳсоли воситаҳои давоие ба роҳ монда шуда истодаанд, ки дар баробари безарар будан, натиҷаи хуб медиҳанд ва оянда низ кор дар болои растаниҳои шифобахш давом меёбад.
Бале, олимони соҳа бояд воситаҳои давоии  нав ба навро кор карда бароянд. Чунки аз хориҷи мамлакат овардани воситаҳои давоӣ қимат меафтад, дар натиҷа на ҳар шахс аз дорухона онҳоро харида метавонад.
Журналистон доир ба мавзӯи ҷолиб ба саволҳои зиёди худ аз мутахассисон ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: