ДАР РОҲИ ИСТИҚБОЛИ ТАЪЛИМИ ОЛӢ

Дар Маркази матбуоти миллии пойтахт бо ташаббуси Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус бобати ташкил кардани низоми таълими олии мувофиқ ба талаботи стандартҳои байналхалқӣ ва самтҳои устувори тараққиёти ҷамъият нишасти матбуотӣ баргузор шуд.

Дар он роҳбар ва ходимони масъули вазорат иштирок карда, дар бораи навгониҳои сохтори таълими олӣ ва ҳуҷҷатҳои ҳуқуқиву меъёрӣ, ки дар соҳа татбиқ мегарданд, дигаргуниҳои соҳа маълумоти муфассал доданд. 

Тавре дар нишасти матбуотӣ таъкид гардид, дар соли хониши 2018/2019 ба имтиҳони қабули 60 муассисаи таълими олӣ ва 19 бахшҳои ҳудудии онҳо санҷишҳои тестӣ гузаронда шуданд. Дар муассисаҳои таълими олии ҷумҳурӣ беш аз 622 ҳазор нафар довталаб бори нахуст дар давоми 13 шабонарӯз тибқи технологияҳои замонавии ахбор санҷишҳои тестӣ супурданд. Мувофиқи натиҷаи санҷишҳои тестӣ бино ба нишондиҳандаҳои ҳисоби миёна дар миқёси ҷумҳурӣ тибқи гранти давлатӣ 123,0 хол, тибқи пуливу қарордодӣ 101,9 холро ташкил дод. Дар доираи квотаҳои қабули мақсаднок, ки бинобар самтҳои таълими нигаҳдории тандурустӣ, педагогика, хоҷагии қишлоқ ва ветеринария дар миқёси ҳудудҳо тақсимот шудаанд, 2 ҳазору 214 нафар довталаб ба таҳсил қабул гардид. Аз ноҳияҳои дурдасти Томди, Конимех ва Учқудуқи вилояти Навоӣ 74 нафар довталаб дар асоси гранти иловагӣ ба таҳсил қабул шуданд. Агар соли ҷорӣ бинобар самтҳои таълими техникаи хоҷагии қишлоқ, ирригатсия ва мелиоратсия, технологияи истеҳсолот довталабони кам ариза дода бошанд, ин нишондиҳанда бинобар соҳаҳои журналистика ва ахбор, нақлиёт ва ветеринария зиёд гардид. 
– Соли хониши 2018/2019 дар муассисаҳои таълими олӣ ҷараёни хониш дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрии нав ташкил карда мешавад. Аз соли нави хониш сохтори баҳогузорӣ ба азхудкунии донишҷӯён бо нишондоди такмилдодашуда ҷорӣ мегардад. Дар он усулҳои замонавӣ, шаффоф ва адолатноки баҳогузорӣ ба дониши донишҷӯён, аз ҷумла ба ҷорӣ кардани сохторе, ки иштироки ҷараёнҳои назорати охирини омӯзгорро истисно менамоянд, эътибори махсус дода мешавад. Ба мақсади ҷорӣ намудани мактаби «устод-шогирд» бо ба инобат гирифтани бори таълим механизмҳои нави «меъёри вақт»-и профессорону омӯзгорон тасдиқ карда хоҳад шуд. Қабул кардани ходимони педагог барои кор ба муассисаҳои таълими олӣ бо тартиби нав дар асоси озмун ба амал бароварда мешавад, – гуфт дар маърӯзаи худ муовини аввали Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус Одил Абдураҳмонов. 
Бинобар таъкиди О.Абдураҳмонов имтиҳонҳои охирини аттестатсияи давлатии хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ олӣ мувофиқ карда, эътибори асосӣ ба корҳои ихтисосии хатмкунанда ё ин ки аз фанҳои тахассусӣ ба имтиҳони давлатӣ нигаронда мешавад. Нақшаҳои таълимии соли хониши 2018/2019 якҷо бо ҳамкории идора ва ташкилотҳои супоришдиҳанда тайёр карда мешаванд. Дар он шумораи фанҳо мувофиқ ва дарсҳои амалӣ зиёд карда мешаванд. Алҳол аз ҷониби вазорат якҷо бо ҳамкории муассисаҳои таълими олии хориҷӣ бинобар тайёр кардани кадрҳо тавассути татбиқи 46 дастури муштараки дуҷониба, 8 бахш ва 22 факултаи муштарак музокираҳо бурда мешаванд. 
Дар соли нави хониш «Таълими томактабӣ»-и муддати таҳсилаш се сол, инчунин дар соҳаи педагогика «шуъбаи махсуси ғоибона», бинобар дигар соҳаҳои зарурӣ «шуъбаҳои ғоибона»-и бакалавриат муддати таҳсилаш панҷ сол ҷорӣ карда шуданд. 
Аз ҷониби роҳбарон ва мутахассисони масъули Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус доир ба бозсозӣ, навгонӣ ва нақшаҳои минбаъда, ки ба мақсади рушди соҳа амалӣ мешаванд, маълумоти муфассал ва ба саволҳои ходимони ВАО ҷавобҳо дода шуданд. 

М. МИРМАҲМАДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».       

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: