ДАР РОҲИ МИНБАЪД ОБОД КАРДАНИ НОҲИЯИ ПАХТАКОР

Барномаи «Деҳаи обод», ки ба тариқи таҷриба дар деҳаи Манас оғоз шуда, бо самар дар Мирзочӯл идома ёфта буд, то ноҳияи Пахтакори вилояти Ҷиззах расида омад.

 Имрӯз маркази ноҳия ба майдони бузурги сохтмону бунёдкориҳо табдил ёфтааст.
Ноҳияи Пахтакор дар заминҳои азхудшуда, дар ҷанубу ғарби Мирзочӯл дар таркиби вилояти Сирдарё  соли 1967 ташкил карда шуд. Соли 1974 ба таркиби вилояти Ҷиззах интиқол гашт. Ҳоло дар ин ҷо дар аввали соли ободкунӣ омадагон ва фарзандони онҳо зиндагӣ ва кор мекунанд. Дар ноҳияе, ки аз ибтидо фақат пахта рӯёнда мешуд, имрӯз бисёр соҳаҳои иқтисодиёт мунтазам рушд меёбад. 
Сокинони маҳаллӣ  корҳои неке, ки дар ноҳия бо ташаббуси Президенти кишвар дар доираи барномаҳои «Деҳаи обод» ва «Маҳаллаи обод» амалӣ мегарданд, бо қаноатмандӣ қабул мекунанд.
Як моҳ пеш аз тарафи Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ инфрасохтори иҷтимоии ҳамаи деҳот ва маҳаллаҳои ноҳияи Пахтакор омӯхта шуд.  Маълум гашт, ки иншооти инфрасохтор, роҳҳо ва кӯчаҳо, таъмин бо оби нӯшокӣ, гармӣ, барқ  ва хидматрасонии маишиву маданӣ ҷавобгӯйи талаботи замон нестанд.
Барои ташкили шароити хуби зист ба аҳолӣ  чорабиниҳои амиқ таҳия карда шуд.
Дар чор маҳаллаи маркази ноҳия 56 хонаи бисёрошёна, ки солҳои 60-уми асри гузашта сохта шудааст, аз таъмир бароварда, 88 иморати баракшакл , бенақша ва ғайриқонунӣ сохта вайрон карда шуд. 950 оилаи дар хонаҳои пасту бетартиб аз лою гил сохта дар давоми  ним аср зисту зиндагӣ доштанд, бо хонаҳои нав таъмин карда мешаванд.
120 сокини иморатҳои баракшакл изҳори ба хонаи нави бисёрошёна  кӯчиданро карданд. Ба 850 оила қитъаҳои замин барои сохтмони манзили шахсӣ ҷудо карда шуд.
– Мувофиқи нақшаи генералӣ, дар 4 гузар  950 хонаи нави хусусӣ сохта мешавад, – мегӯяд сардори шӯъбаи сохтмони ноҳия Аҳролбой Ҷӯраев. – То ҳол ба 300 хона пойдевор гузошта шуд. Барои сохтмони ин биноҳои истиқоматӣ, ки  арзиши тахминии ҳар яки он 70-75 миллион сӯм аст, танҳо 60-65 миллиард сӯм харҷ мегардад. 
Иморатсозони  инфиродӣ бо маводи зарурии сохтмон бо нархҳои дастрас ва қарзҳои бонкӣ таъмин карда мешаванд.
Ҳангоми сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, анъанаҳои қадимаи халқамон – ҳашар самаранок истифода бурда мешавад. Ба оилаҳои камбизоат диққати махсус дода мешавад.
– Оилаи мо, ки аз чаҳор нафар иборат аст, дар барак зиндагӣ мекард, – мегӯяд яке аз иморатсози инфиродӣ  Шомурод Раҷабов. – Мо ҳамеша дар хонаҳои васеъ зистанро орзу мекардем. Ин орзуи  мо бо шарофати ғамхории давлатамон амалӣ гашт. Ҳамаи корҳо бо усули ҳашар анҷом дода мешаванд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи барнома, дар муддати кӯтоҳ, ташкили шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи фарзандони деҳот, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии оилаҳои ниёзманди ҳифзи иҷтимоӣ, занони  маъюб, танзими  фаъолияти курсҳои пазандагӣ, дӯзандагӣ ва қаннодӣ, таъмири хона , ободонӣ ва кабудизоркунии атрофи онҳо, ҷудо намудани қарзҳои бонкӣ барои истифодаи босамари заминҳои наздиҳавлӣ, бунёди гармхонаҳо ба амал бароварда мешавад.
Баробари корҳои ободкунӣ иншоотҳои инфрасохтор пурра таъмир карда мешавад. Ҳоли ҳозир 2,5 километр хати об кашида шуд. Навкунии нақли барқ давом дорад. Сутунҳои азкорбаромада иваз ва шабакаи барқӣ дар масоҳати  2 километр барқарор карда шуд.
Дар гузари наве, ки  дар ҳудуди ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Олтинкӯл» сохта мешавад, боғчаи бачагонаи ҳозиразамони дорои 150 ҷой, нуқтаҳои савдо ва хидматрасонӣ  қад рост  мекунад.
Намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, корхонаҳои калони саноатӣ, бонкҳои тиҷоратӣ якҷоя бо фаъолони маҳаллаҳо  дар таъмир ва ободонии  роҳҳо ва кӯчаҳо, иншооти иҷтимоӣ, хонаҳо иштирок мекунанд.
Намояндагони Кумитаи занон хона ба хона гашта, мушкилиҳои ҷойдоштаро меомӯзанд ва роҳҳои бартараф кардани онро меандешанд. Бошуғлфарогирии занон, бо ҷалби онҳо ба фаъолияти соҳибкорӣ  ва шаклҳои гуногуни меҳнати хонакорӣ таъмин карда мешавад.
– Сатҳи зиндагии сокинони маҳаллаи мо аз меъёрҳои ҳозираи пешрафта хеле қафо монда буд, – мегӯяд мутахассиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Дӯстлик» Сайёра Кунишева. – Ислоҳот  ва тағйироти куллие, ки бо ташаббуси Президенти мамлакат амалӣ мегардад, то  маҳаллаи мо низ расид, ки моро хеле рӯҳбаланд кард ва барои беҳтар намудани  шароити зиндагӣ ҳавасманд мегардонад, ба оянда эътимод мебахшад. Ҳадафи эътиборе, ки  ба ҳар як оила, кӯча, мактаб ё муассисаи тиббӣ дода мешавад, барои розӣ шудани аҳолӣ аз ҳаёти худ ва давлат мебошад.
Барои таъмини занон бо кор дар ноҳия сехи дӯзандагӣ кушода шудааст.
Пас аз омӯзиш дар курсҳои кӯтоҳмуддат, 200 нафар занони хонашин ва хатмкунандагони коллеҷҳои касбӣ аз ҷониби мутахассисони ботаҷриба донишашон такмил дода мешавад.
Ҳамин тариқ, дар ноҳияи Пахтакор миқёси бунёдкориҳо ва ободониҳо на танҳо рӯз ба рӯз суръат меафзояд, балки  васеъ мегардад.

Тошқул БЕКНАЗАРОВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: