Ба қарибӣ дар меҳмонхонаи “International Hotel Tashkent” бо ҳамкории Агентии мубориза алайҳи коррупсиия дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистон доир ба мавзӯи “Аҳамияти ҳамкорӣ бо ҷомеа бобати мубориза алайҳи коррупсия” семинар-тренинг баргузор шуд.
Ба қарибӣ дар меҳмонхонаи “International Hotel Tashkent” бо ҳамкории Агентии мубориза алайҳи коррупсиия дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистон доир ба мавзӯи “Аҳамияти ҳамкорӣ бо ҷомеа бобати мубориза алайҳи коррупсия” семинар-тренинг баргузор шуд.
Дар он намояндагии СММ, ходимони РАО ва созмонҳои дахлдор ширкат ҷустанд. Тренинг таҳти раёсати ҷонишини директори Агентии мубориза алайҳи коррупсия дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Умеда Тӯхташева сурат гирифт.
Дар ин чорабинии муҳим устоди Донишгоҳи Туриба (Латвия) Ярослав Стрелчонок (тариқи онлайн), мушовири БРСММ дар Ӯзбекистон бино ба масоили мубориза алайҳи коррупсия ва идора Хачик Харутюнян, роҳбари компоненти лоиҳаи зиддикоррупсионии БРСММ Нодира Зикруллоева, мушовири минтақавӣ доир ба мубориза алайҳи коррупсия ва маводи мухаддиру ҷинояткории СММ Владимир Козин, медиаҳуқуқшиноси фирмаи адвокатии «Legalmax Central Asia» Мадина Турсунова доир ба мавзӯъҳои “Нақши РАО дар мубориза алайҳи коррупсия”, “Механизми пешгирии коррупсия ва ташаккули ҳалолкорӣ бо кӯмаки РАО ва шабакаҳои Интернет”, “Қаробатҷӯйӣ ва гузарондани тафтишоти журналистӣ”, “Асосҳои қонунгузории озодии дастрасии ахбор ва шаффофияти фаъолияти мақомоти ҳокимият ва идораҳои давлатӣ” баромад карданд.
Аксарияти баромадкунандагон доир ба фармону қарор ва қонунҳои батасвибрасида оиди мубориза алайҳи коррупсия, озодии сухан ва масъулиятшиносӣ, этикаи журналистӣ дар қаробатҷӯйи ба мушкилоти аҳолӣ ва тафтишоти журналистӣ сухан ба миён оварданд. Аз ҷониби баромадкунандагон шарҳи банду моддаҳои асноди ҳуқуқии батасвибрасидаи ватаниву байналхалқӣ мароқангез буд.
Вале бояд гуфт, ки ин қисмати тренинг — шарҳу тафсири асноди ҳуқуқӣ вақти зиёди иштирокдоронро гирифт. Дар барнома машғулоти амалӣ низ пешбинӣ шуда бошад ҳам, табъи дил нагузашт. Онҳое, ки бояд дарси маҳорат мегузаштанд, бо шарҳи банду моддаҳои қонунҳо, ки бе ин ҳам бештари журналистон огоҳӣ доштанд, маҳдуд шуданд.
Дар бораи шаффофияти кору фаъолияти мақомоти ҳокимият ва идораҳои давлатӣ мо бисёр мегӯем ва менависем, – изҳор доштанд ҳангоми суолу ҷавоб ходимони РАО. – Вале ин ҳамаро мансабдорон нодида мегиранд. Гирифтани ахбор ё маълумоти зурурӣ аз онҳо кори басе сангин аст, журналистро хоҳанд қабул мекунанд, нахоҳанд, не. Ҳанӯз тазйиқу фишороварӣ ба ходимони РАО ба мушоҳида мерасад. Роҳбари мамлакат дар баромадҳои худ таъкид мекунад, ки журналистони ҷасуру ҳалолкор ва беғараз ёвари мананд. Аммо журналист дар чунин вазъият чӣ хел метавонад кӯмакрасони роҳбари мамлакат бошад? Кори журналист амалиёти фавриро тақозо менамояд. Вале ӯ маълумоти заруриро аз котибони матбуоти идораву корхона ва созмонҳо сари вақт гирифта наметавонад. Баъдан, ҳангоми додани маълумот котибони матбуот манфиати корхонаву созмонҳоро дар мадди аввал мегузоранд. Маълумоти пешниҳоднамудаашон ҳисоботе беш нест.
Дар кишвари мо мақомоту идораҳои зиёде, мисли КБД, прокуратура, ВКД, РАО ва дигар созмонҳои дахлдор алайҳи коррупсия мубориза мебаранд. Чанде қабл Агентии мубориза алайҳи коррупсия дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ созмон дода шуд. Кору вазифаи ин агентӣ аз чӣ иборат аст, фаъолияти он дар муқоиса бо кору фаъолияти КБД, прокуратура ва вазорати умури дохилӣ чӣ мушахассоте дорад? Ба ин суол на ҳама посух дода метавонанд.
Чунин ба назар мерасад, ки баъди қабули қонун дар бораи мубориза алайҳи коррупсия танҳо моҳиҳои хурд ба даст афтода истодаанду доштани наҳангҳо муяссар намегардад...
Дар охир натиҷагирӣ шуд, ки бо назардошти корҳои амалӣ, таъмини ошкорбаёнӣ, афзудан ба маърифати ҳуқуқии журналистон, ҳамоҳангии кору фаъолияти РАО бо Агентии мубориза алайҳи коррупсия семинар-тренингҳо мунтазам гузаронда шаванд.
А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».