ДАР РОҲИ МУСТАҲКАМСОЗИИ МУНОСИБАТҲОИ ДӮСТОНА

Кумитаи робитаҳои дӯстӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ ва муносибатҳои байнимиллии назди Девони Вазирон дар ҳамкорӣ бо шабакаи телевизиони «Ӯзрепорт» таҳти мавзӯи «Ҳисоботи соли 2020 ва нақшаҳои соли 2021» нишасти матбуотӣ баргузор намуд.

Кумитаи робитаҳои дӯстӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ ва муносибатҳои байнимиллии назди Девони Вазирон дар ҳамкорӣ бо шабакаи телевизиони «Ӯзрепорт» таҳти мавзӯи «Ҳисоботи соли 2020 ва нақшаҳои соли 2021» нишасти матбуотӣ баргузор намуд.
Дар асоси фармони Президент, аз 19 майи соли 2017, Кумитаи робитаҳои дӯстӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ ва муносибатҳои байнимиллӣ ташкил шуда буд. Кумита ҳоло бо 144 маркази миллии маданӣ ва 38 ҷамъияти дӯстие, ки дар мамлакатамон фаъолият мебаранд, ҳамкориро ба роҳ мондааст.
Тавре ки раиси кумита Рустамбек Қурбонов таъкид кард, яке аз равандҳои асосии сиёсати дохилӣ ва берунии давлатамон таъмини осоиштагии шаҳрвандон, боз ҳам мустаҳкам намудани муносибатҳои дӯстона ва ҳамҷиҳатии миллатҳо мебошад. Дар натиҷаи сиёсати оқилонаи сарвари давлат ва ҳукумат муносибат бо давлатҳои ҳамсоя аз нав ба роҳ монда шуд, ки боиси хурсандии ҳамдиёронамон аст. 
Ҳоло дар мамлакатамон зиёда аз 10 ҳазор мактаби таълими умумӣ фаъолият дорад, ки дар 20 фоизи онҳо таълим ба забонҳои ғайридавлатист. Ҷонишини раиси кумита Азамат Тошев таъкид кард, ки ба кумита аз мактабҳои мазкур шикоятҳо оиди норасоии адабиётҳои дарсӣ мерасанд ва кумита бо ҳамкории Вазорати таълими халқ доир ба бартарафсозии ин мушкилот чораҳо меандешад. 
Дар тӯли соли сипаригардида аз тарафи кумита беш аз 1,5 ҳазор чорабинӣ – конфронсҳои илмиву амалӣ ва байналхалқӣ, суҳбатҳои мизи мудаввар, шабнишиниҳои мусиқиву бадеӣ ташкил карда шуд.
Хонаи дӯстии «Нурафшон» дар шаҳри Самарқанд, толори мадании «Дӯстии миллатҳо» дар ноҳияи Юқоричирчиқ, калисои занон – «Авлиё Покровская» дар ноҳияи Қуйичирчиқ, калисои мардон «Авлиё Георгий» дар шаҳри Чирчиқ ва толори маданияти «Эшонобод» дар ноҳияи Чинози вилояти Тошканд сохта, ба истифода супурда шуд.
Ба мақсади боз ҳам мустаҳкам гардондани робитаҳои маданиву гуманитарӣ, маърифативу иттилоотӣ бо Куриёи Ҷанубӣ, Русия, Қирғизистон, Муғулистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Чин, Булғория 21 меморандум имзо гардид.
Бо ҳамватаноне, ки дар хориҷи кишвар истиқомат мекунанд, робитаҳои доимӣ ба роҳ монда шуд.
Ҳоло дар мамлакатамон маҷаллаи «Ӯзбекистон» нашр мешавад, ки муассиси он ҳамин кумита мебошад. Маҷалла дар шакли китоб-албом буда, соле чор маротиба ба забонҳои ӯзбекӣ, русӣ ва англисӣ чоп мешавад. Ташкилотчиёни чорабинӣ аз журналистон хоҳиш карданд, ки ба маҷалла маводашонро бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти намояндагони миллатҳое, ки ба рушди ҳаёти иҷтимоии мамлакатамон ҳиссаи худро гузоштаанд, интишор намоянд. Ин ба беҳбудии минбаъдаи муносибатҳои байнимиллӣ мусоидат менамояд, ки ҳадафи ниҳоии кумита низ аз ин иборат аст.

Набия НОДИРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: