Таъмини иштироки фаъолонаи ҷамъияти шаҳрвандӣ дар тараққиёти мамлакат, баланд бардоштани нақши институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ дар ҷараёнҳои сиёсӣ ва пурзӯр сохтани назорати ҷамоатчигӣ, дастгирӣ намудани ташаббусҳои шаҳрвандӣ дар рӯзҳои мо яке аз вазифаҳои долузарб ба ҳисоб меравад.
Бо назардошти ҳамин аз ҷониби Маркази таҳлили ҷараёнҳои демократӣ бо мақсади омӯзиши таҷрибаҳои пешқадами кишварҳои хо-риҷӣ, таҳлил ва ба ҳаёт татбиқ намудани онҳо дар пойтахт дар доираи ҳафтавори ташаббусҳои ҳамкории байналхалқӣ таҳти мавзӯи «Ҷамъияти озоди шаҳрвандӣ ва рушди созмонҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ» анҷумани байналхалқӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинии нуфузнок бештар аз 10 эксперти хориҷӣ ва зиёда аз 100 нафар экспертҳои маҳаллӣ, фаъолони CFF, вакилони доираҳои илмӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ иштирок намуданд. Роҳбари Маркази таҳлили ҷараёнҳои демократӣ Азамат Пардаев ва дигарон оиди ислоҳот дар роҳи рушди демократии Ӯзбекистон, хусусан, дигаргуниҳои кулл дар соҳаи ҷамъияти шаҳрвандӣ, комёбиҳои кишвари мо дар самти кушодиву шаффофӣ сухан ба миён оварданд. Таъкид ёфт Ӯзбекистон дар индекси маълумотҳои кушод дар ҷаҳон ҷои 30-юмро, дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ бошад, мавқеи алоҳидаро ишғол менамояд.
Дар ин самт аҳамияти алоҳидаи Консепсияи рушди ҷамъияти шаҳрвандӣ дар солҳои 2021-2025 ва фармони Президент «Дар бораи чораҳои боз ҳам такмил додани институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ аз ҷониби давлат» (26 августи соли 2024) таъкид шуд. Зикр гардид, ки ин гуна ҳуҷҷатҳо ба мазмуну моҳияти тоза касбнамоии институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ мусоидат сохта, ба тамоюлҳои шаффофӣ ва рақобати солим асос ёфтаанд.
Гуфта шуд дар Ӯзбекистон ҷиҳати таъмини адолати иҷтимоӣ ва барқарорӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон аҳамияти нақши ҷамъияти озоди шаҳрвандӣ торафт эҳсосшаванда мегардад. Дар вазъи муттаҳидсозии ҷамоатҳои созмонҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ ба рушди масъулияти иҷтимоӣ низ эътибор дода мешавад.
Солҳои охир ҳамкории CFF ва мақомоти давлатӣ хеле мустаҳкам шудааст. Ин имкон медиҳад, ки дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ба ҷорӣ намудани тамоюлҳои шарикии иҷтимоӣ бештар аҳамият дода шавад.
Дар давоми солҳои 2017-2024 барои ба амал татбиқ намудани наздик 2250 лоиҳаи созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ аз ҷониби Бунёди ҷамоатии назди Олий Маҷлис маблағ ҷудо карда шуд.
Анҷуман ба интихоботи ҷорӣ ба парлумон ва шӯроҳои маҳаллӣ низ эътибор нигаронд, гуфта шуд бори нахуст баргузории сохтори омехта дар интихоботи Палатаи қонунгузорӣ ва дар байни номзадҳо 40 фоизро ташкил намудани бонувон ба сифати давраи муҳими ислоҳоти демократӣ арзёбӣ мегардад. Ҷорӣ шудани сохтори хабарии электронии «F-SAYLOV» дар таъмини шаффофии ҷараёнҳои интихоботӣ аҳамияти муҳим касб менамояд.
Мутахассисони хориҷӣ ба Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» эътибори ҷудогона нигаронданд. Таъкид ёфт ин ҳуҷҷат ба стандартҳои байналхалқӣ ҳамоҳанг аст ва дар ташаккули идоракунии давлатии адолатноку замонавӣ нақши равшан дорад. Татбиқи амалии стратегия имконият медиҳад Ӯзбекистон дар соли 2030 ба қатори давлатҳои иқтисодиёташон рушдёфта ворид гардад.
Айни замон таъкид ёфт дар Ӯзбекистон модели рушди институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ офарида шудааст ва дар он анъанаҳои милливу тамоюлҳои демократии замонавӣ ҳамоҳанганд. Бинобар ҳамин дар мамлакат ҷамъияти шаҳрвандии пурзӯр, фаъол ва масъулиятнок ташаккул меёбад.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ иштирокдорон оиди боз ҳам равнақ додани ҷамъияти шаҳрвандӣ дар Ӯзбекистон таклифу тавсияҳо пешниҳод намуданд.
М.Шодиев,
мухбири «Овози тоҷик».