ДАР РОҲИ СИҲАТИИ МАРДУМ

Шифохонаи марказии ноҳияи Янгиобод соли 2014 пурра рӯйи таъмирро дид ва ба худ намои замонавӣ гирифт.

Айни замон дар ин маскани шифо зиёда аз чорсад нафар, аз ҷумла бисту ҳашт нафар шифокор, 307 нафар ҳамшираи шафқат кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ба дили дардмандон марҳам шаванд.
– Шифохонаи мо аз шаш шуъба иборат аст, – мегӯяд сардухтур Алимҷон Турдиев. – Шуъбаҳои ёрии таъҷилии тиббӣ, бачагона, маризиҳои гузаранда (сироятӣ), маҷмӯи зоишгоҳ, терапия ва поликлиникаи гуногунсоҳаи марказӣ дар алоқамандӣ бо шаш бунгоҳи тиббии деҳот фаъолият мекунанд. Поликлиникаи марказӣ 80 кати хоб дорад. Таъминот бо духтурон 36-37 фоизро ташкил медиҳад. Соли ҷорӣ дар ин ҷо шаш нафар шифокор ба фаъолияти меҳнатӣ шурӯъ карданд. Тибқи барномаҳои «Саломатлик 2», «Саломатлик 3» шифохона бо якчанд ҷиҳозҳои ногузири тиббӣ, чунончи, дастгоҳи рентген, таҷҳизоти ҷарроҳӣ ва ғайра таъмин гардид.
Мавҷудияти «Дорухонаи иҷтимоӣ» дар назди шифохона мушкили беморонро осон мегардонад. Бо мақсади тайёрӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон маъмурияти шифохона 42 тонна ангишт, 20 тонна брикетро захира кард.
– Шуъбаи ёрии таъҷилии тиббӣ дар бунгоҳҳои тиббии ҷамоатҳои шаҳрвандии деҳоти Баландчақир, Хӯҷамушкент, Савот, Сармич, Қӯшканд ва Уштургон низ бахшҳои худро дорад, – мегӯяд  ҷарроҳ, муовини сардори шуъба Ӯткур Нормаҳматов. – Мошини замонавии «Реаниматор» ва якчанд «Дамас» дар ихтиёри мост. Бобати сари вақт ва зудтар аз ҳоли беморон хабар гирифтан ва ба онҳо расондани ёрии таъҷилии тиббӣ ин техника ба мо кӯмак мерасонад.
Дар бунгоҳҳои тиббии деҳоти Савот, Қӯшканд ва Хӯҷамушкент ҳоло корҳои таъмиру тармим идома доранд. Аҳли шифохонаи ноҳияи Янгиобод имрӯзҳо дар роҳи сиҳатии мардум меҳнат мекунанд ва ҷавобан ба қарору фармонҳои сарвари давлат Шавкат Мирзиёев ва фармоишоти Девони Вазирон саъю ҳаракат доранд.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: