ДАР РОҲИ ТАЪМИНИ МУНТАЗАМИ ГАЗИ ТАБИӢ

Ба мақсади пешгирӣ кардани сӯхтору офатҳо дар мавсими тирамоҳу зимистон дар мамлакатамон чорабиниҳо андешида мешавад. Бо назардошти он ташкилоту идораҳои ба гази табиӣ иртиботдоштаи ҷумҳурӣ фаъолияти худро пеш мебаранд.

Дар урфият мегӯянд, ки умратро фурӯшу рӯшноӣ хар. Дар замони мо зиндагиро бидуни неруи барқу гази табиӣ тасаввур кардан душвор аст. Дар Агентии иттилоот ва коммуникатсияи оммавӣ бо ташаббуси Вазорати ҳолатҳои фавқулода бахшида ба чорабиниҳое, ки мавзӯи пешгирӣ кардани заҳролудшавӣ аз оксиди карбон ва дурахши омехтаи газу ҳаворо дар бар мегирад, нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар шароити имрӯз газ яке аз навъҳои муҳими сӯзишворӣ буда, барои таъмини маишати аҳолӣ чун барқ аҳамияти ҷудогона дорад. Бо фаро расидани сардӣ эҳтиёҷ ба он афзоиш меёбад. Аз он баробари аҳолӣ тамоми корхонаву ташкилотҳо самаранок истифода мебаранд. Ба таври мунтазам бо гази табиӣ таъмин кардани аҳолӣ кори хеле масъулиятнок буда, саъю кӯшиши пайгиронаи кормандони соҳаро талаб мекунад. Дар чорабинӣ муовини роҳбари хидмати ахбори вазорат Самандар Ҳикматуллоев таъкид кард, ки бо мақсади омодагӣ ба мавсим ва баланд бардоштани савияи низоми тақсимоти гази ҷумҳурӣ татбиқи чорабиниҳои техникӣ, мисли таъмири пурраи 112,6 км ва таҷдиди беш аз 139 км лӯлаи газ, аз тафтиши техникӣ гузарондани беш аз 75 ҳазор нуқтаи газтақсимкунӣ ва таъмири 125-тои он пешбинӣ шудааст. Корманди масъули «Ҳу-дудгаз пойтахт» Хайрулло Ваҳҳобов таъкид кард, ки дар натиҷаи амалисозии чорабиниҳои техникӣ барои омодагӣ ба мавсими зимистон таъмини гази беш аз 217 ҳазор хонадон хуб хоҳад шуд. Ба ин хотир вазорат бобати пешгирӣ ва беталаф гузарондани рӯзҳои сарди тирамоҳу зимистон иборат аз 825 нафар гурӯҳи корӣ созмон дод. Дар асоси нақша рӯзҳои аввали тирамоҳ гурӯҳи корӣ ва ходимони бехатарӣ аз сӯхтор бо мутасаддиёни маҳаллаҳо бояд дар зиёда аз 3443 ҳазор хонадони биноҳои баландошёна, 7360 ҳазор хонадони маҳалла ҳолати асбобу ускунаҳои газ, дегхонаҳои гармдиҳӣ ва дудбароҳоро аз назар гузаронданд. Тибқи «Барномаи минбаъд такмил додани рушди истиқболноки низоми таъмини гази ҷумҳурӣ дар давоми солҳои 2024-2025» ва бо мақсади зуд бартараф кардани ҳолатҳои садама дар лӯлаҳои газ ва иншооти он, барои корхонаҳои таъминоти гази ҳудудӣ 14 экскаватор, ҳамчунин, баҳри баланд бардоштани хидмати диспетчерии садама 150 «Дамас» харид гардид. Дар баробари ин, нуқтаҳои фурӯши балони газ зиёд карда шуд. Дар баробари рушди илму техника истифода аз газ низ меафзояд. Аммо пешгӯиҳои олимон бинобар ба охир расидани гази табиӣ нигаронкунанда аст. Дар мамлакат захираҳои гази табиии фаровон дорем, ки барои пешрафти иқтисодиёти мамлакат ва ҳаёти маишии аҳолӣ мусоидат мекунад. Танҳо ходимони соҳаро лозим меояд, ки аз он оқилона истифода баранд, бидуни дӯлобкорӣ ба манзили зисти аҳолӣ расонанд.

Далер Азизов, хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: