ДАР РОҲИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Чанде қабл дар нишасти матбуотие, ки дар Маркази матбуоти миллии пойтахт бо иштироки роҳбарони Вазорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ҷумҳурӣ баргузор гардид, доир ба чорабиниҳое, ки бобати ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҷалб кардани аҳолӣ ба амал татбиқ мегарданд, ҳамчунин, вазифаҳое, ки соли равон бояд бино ба Муроҷиатномаи Президент ба Олий Маҷлис дар ин соҳа анҷом дода шаванд, табодули афкор ба амал омад.

Тавре ки дар гирдиҳамоӣ таъкид гардид,  соли равон ҷалби аҳолӣ ба навъҳои оммавии варзиш  25 фоизро ташкил хоҳад дод. Ин нишондиҳанда соли сипаригардида 19 фоизро ташкил дода буд. Дар 9 шаҳр ва 26 деҳоти дурдасти ҷумҳуриамон, бо назардошти имконият ва интихоби навъи варзиш аз ҷониби наврасону ҷавонон 36 мактаби варзиш қомат хоҳад афрохт, ба 30384 нафар наврасу ҷавонони ҷалбгардида 540 нафар мураббӣ  машғулот мегузаронанд.
Аҳолии бузургсол ва ҷавонони бешуғл низ ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҷалб карда мешаванд. Пешбинӣ шудааст, ки онҳо (беш аз 352 ҳазор) дар иншооти варзишии мактабҳои таълими ҳамагонӣ бо машғғулот фаро гирифта хоҳанд шуд. Дар шаҳр ва маркази ноҳияҳо роҳҳои махсуси пиёдагард ва велосипедронҳо сохта мешаванд.
Дар Муроҷиатнома омадааст, ки барои бо таҷҳизоти варзишӣ таъмин намудани 70 муассисаи тарбияи ҷисмонӣ 16 ҳазор кӯдакистон ва мактабҳо аз буҷети давлатӣ 100 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад. Дастгирии наврасону ҷавонон, иҷрои вазифаҳои бузург дар соҳаи тиб ва дигар соҳаҳо риояи қонун, адолати иҷтимоӣ ва покию ҳалолиро тақозо менамояд.

Ҳасан АБДУНАЗАРОВ.       

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: