ДАР РОҲИ ТАШАККУЛЁБИИ ИНСОНИ КОМИЛ

Ба қарибӣ дар Маркази матбуоти миллӣ бахшида ба корҳое, ки аз ҷониби Фарҳангистони бадеии ҷумҳурӣ доир ба рушди самтҳои санъати тасвирию амалӣ ва дизайн анҷом дода шудаанд, нишасти матбуотӣ баргузор шуд.

Ба қарибӣ дар Маркази матбуоти миллӣ бахшида ба корҳое, ки аз ҷониби Фарҳангистони бадеии ҷумҳурӣ доир ба рушди самтҳои санъати тасвирию амалӣ ва дизайн анҷом дода шудаанд, нишасти матбуотӣ баргузор шуд.
Баромадкунандагон таъкид намуданд, ки дар «Соли дастгирии ҷавонон ва таҳким бахшидани саломатии аҳолӣ» тибқи қарору фармонҳои аз ҷониби роҳбари мамлакат ва ҳукумат батасвибрасида ва иҷрои вазифаҳое, ки дар барномаи давлатӣ пешбинӣ шудаанд, корҳои зиёде ба субут расиданд.
Дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, шаҳри Тошканд ва вилоятҳо намоишгоҳҳо, озмун-азназаргузарониҳо, дарсҳои маҳорат ва пленерҳо ташкил дода шуданд. Ёдрас гардид, ки дар чорабиниҳои мазкур намунаҳои эҷоди беш аз 6218 эҷодкор ба маърази намоиш гузошта шуд.
Ҳамчунин, соли равон аз ҷониби академия дар байни донишҷӯёне, ки дар самтҳои санъати  тасвирию амалӣ ва дизайни муассисаҳои таълими олӣ таҳсил мегиранд, барои стипендияи давлатии ба номи Камолиддин Беҳзод озмун гузаронда шудааст. Ба муносибати 30-юмин солгарди истиқлоли давлатӣ бо ҳамдастии созмону муассисаҳои дахлдор чорабиниҳои маънавию маърифатӣ, ҷашнвора ва намоишгоҳҳое созмон дода шуданд, ки дар худ мазмуну моҳият ва аҳамияти истиқлолиятро инъикос намудаанд.
Гуфта шуд, ки дар тӯли моҳҳои сипаригардидаи соли равон барои абадӣ гардондани хотираи намояндагони барҷастаи соҳа брелефу пайкараҳо офарида шуданд.
Академияи бадеӣ ва созмонҳои зерсохтори он бобати таҳким бахшидани пойгоҳи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ корҳои назаррасро анҷом додаанд.
Дар ҳисоботи намояндагони Фарҳангистони бадеӣ, баромад ва саволу ҷавобҳо рӯйи эътибор ба таҳлил ва ҳаллу фасли мушкилоте, ки ҳаёт тақозо дорад, нигаронда шуд.

Ҳасан 
АБДУНАЗАРОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: