Чанде пеш ҳайате иборат аз ходимони маданияти Ӯзбекистон дар кишвари ҳамсоя меҳмон буданд.
Чанде пеш ҳайате иборат аз ходимони маданияти Ӯзбекистон дар кишвари ҳамсоя меҳмон буданд.
Бино ба маълумоте, ки Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон пешниҳод намудааст, ҳайати мамлакати мо аввал аз ёдгориҳои таърихию фарҳангии шаҳри Хуҷанд, хусусан ҳисори Хуҷанд, осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва хона-музейи Камоли Хуҷандӣ дидан карданд.
Сипас ҳайати кишвари мо таҳти роҳбарии вазири фарҳанг О. Назарбеков бо кору фаъолияти Китобхонаи давлатии Тоҷикистон дар Душанбе ошно шуд. Дар китобхонаи мазкур намоишгоҳи махсусе ташкил дода шуд, ки дар он китобҳои роҳбарони Ӯзбекистону Тоҷикистон, олимон, шоирон ва нависандагони ду давлат ба маъраз гузошта шуда буданд. Дар ин ҷо вохӯрии роҳбари ҳайати Ӯзбекистон бо вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода баргузор шуд.
Дар рафти суҳбат таъкид гардид, ки Ӯзбекистону Тоҷикистонро таърихи умумӣ, арзишҳои маънавии муштарак ба ҳам мепайванданд. Воқеан, ин як халқи бо ду забон такаллумкунанда — ӯзбекону тоҷиконро аз азал риштаҳои хешу таборӣ ба ҳам мепайвандад.
Имрӯз низ робитаҳои некҳамсоягии байни халқҳоямон ва ҳамкорӣ дар ҳама соҳаҳои ду кишвар ба ҳукми анъана медарояд. Солҳои охир дар робитаҳои тарафайн пешравӣ ба мушоҳида мерасад. Дар ин росто сиёсати дурандешонаи роҳбарони ду давлат, мулоқоти ошкорои ба боварии тарафайн асосёфта, ҳамчунин, муоҳидаҳои дар ин вохӯриҳо батасвибрасида аҳамияти муҳим касб менамоянд.
Қайд гардид, ки Тоҷикистон дар ҳамаи самтҳо ба ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон, таҳким бахшидан ва вусъат додани пойгоҳи ҳуқуқии дуҷониба омода аст.
Анҷумани мазкур ва чорабиниҳои минбаъдаи фарҳангӣ ба вусъат додани ҳамкориҳои судманди ду мамлакат ва таҳким бахшидани риштаҳои дӯстии ду халқи бародар хидмат мекунанд. Пешниҳоди ҷониби Ӯзбекистон дар бораи роҳандозии табодули факсимилияи дастхатҳои таърихии нодире, ки дар китобхона ва даргоҳҳои илмию тадқиқотии ду мамлакат маҳфузанд, мавриди дастгирӣ қарор гирифт.
О. Назарбеков пешниҳодро доир ба баргузории Рӯзҳои маданияти Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва нав кардани Созишномаи байниидоравиро дар соҳаи фарҳанг, баъди бекор кардани маҳдудиятҳое, ки ба туфайли пандемияи тоҷвирус ҷорӣ карда шуда буданд, хуш пазируфт. Ҳамчунин, аз ҷониби вазири фарҳанги Ӯзбекистон пешниҳод гардид, ки номзаднома бино ба рӯйхати ЮНЕСКО ворид намудани мероси фарҳангии ғайримоддии муштараки халқҳои ӯзбеку тоҷик якҷоя омода карда шавад ва ҳамкориҳо дар самти санъати мақом вусъат ёбанд.
Дар доираи сафари корӣ доир ба мавзӯи «Дӯстӣ бошад мароми ҷовидон!» суҳбати мизи мудаввари аҳли эҷод баргузор шуд.
Дар Тоҷикистон саъю ҳаракатҳои Президенти Ӯзбекистон доир ба ҳаллу фасли мушкилоти муносибатҳои ду мамлакат баланд арзёбӣ мегардад. Ҳайати Ӯзбекистон дар доираи барномаи фарҳангӣ аз қасри «Наврӯз»-и Душанбешаҳр ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон низ дидан карданд.
Сипас аъзои ҳайат дар Академияи фанҳои миллии Тоҷикистон, Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн мулоқот баргузор намуданд. Дар поёни вохӯрӣ дар байни филиали дар вилояти Навоӣ будаи Академияи фанҳои Ӯзбекистон ва Институти геология, сейсмологияи Академияи фанҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Меморандуми ҳамкорӣ ба тасвиб расид.
Н. УСМОНОВА,
мухбири ӮзА.