ДАР РОҲИ ҲАЛЛИ МУШКИЛИҲО

Дар кишварамон бо ташаббуси роҳбари давлат нафақат ҳокимони ноҳия, вилоят, сарварони садорат, корхона ва муассисаҳо, ҳатто вазирони вазоратҳои гуногун низ ба маҳалҳо рафта, бо аҳолӣ рӯ ба рӯ вохӯрда, бо роҳи қабули сайёр мушкилот ва муаммоҳоро ҳаллу фасл менамоянд.

Ба қарибӣ бо иштироки муовини вазири корҳои дохилӣ, полковник Муҳиддин Ҷӯраев дар коллеҷи касбу ҳунари кишоварзии ноҳияи Чуст қабули сайёр баргузор гардид.
Ҳар як муроҷиат сари вақт ба рӯйхат гирифта мешавад. Барои баланд бардоштани дониши ҳуқуқии муроҷиаткунандагон гӯшаи ҳуқуқӣ, барои дӯстдорони китоб намоиши китобҳои гуногун ба роҳ монда шудааст.
Қобили қайд аст, ки қисми асосии муроҷиаткунандагонро занон ва ҷавонон ташкил менамоянд, ба ин ҷо роҳбарони корхонаву муассисаҳо ва соҳибкорони маҳаллӣ даъват карда шудаанд.
Ба як гурӯҳ занони хонанишин аз ҳисоби воми бонк мошинҳои дӯзандагӣ пешниҳод карда шуд.
Ба вакилони оилаҳои камбизоат, ногиро ва имконияташон маҳдуд масолеҳи хӯрокворӣ, аробачаҳои ногироӣ пешниҳод карда шуд.
Дар қабули сайёр муроҷиати 50 нафар шаҳрвандон ба рӯйхат гирифта шуда, аз ин 28 муроҷиат, ки бештар ба шуъбаи корҳои дохилӣ дахлдоранд, сари вақт дар ҷояш ҳаллу фасл гардид. Барои ҳалли муроҷиатҳои боқимонда ба ташкилотҳои дахлдор вазифаҳо гузошта шуд.

А. МУРОДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: