ДАР РОҲИ ҲИМОЯИ АСЛИЯТ

11 ФЕВРАЛ – ҶАШНИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН

Аз замони пирӯзии инқилоби исломӣ дар Эрон чиҳил сол гузашт. Ин чаҳор даҳа дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат ҳамвор ва якзайл набуд, аммо халқи он тавонист истодагарӣ кунад ва ормону арзишҳои аслии худро ҳимоя карда тавонад.
Дар ин замина ва мавқеи Ӯзбекистону Эрон дар минтақа, робитаҳои ду кишвар хабарнигори «Овози тоҷик» бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мамлакатамон Баҳман ОҒОРАЗӣ суҳбате дошт, ки барои хонандагони рӯзнома ҳавола мегардад.

– Ҷаноби оғои сафир, чаҳор даҳсола пас аз инқилоб гузашт. Ин давра барои таърихи кишвар, ба таври куллӣ барои ҷомеаи ҷаҳон ва мардуми Эрон чӣ маъное касб менамояд?
– Табиист, ки ҳар гуна инқилоб ва сохтори нав таҷрибаи ба худ хосро ба вуҷуд меорад. Ин таҷриба метавонад барои ҷамъияти он мамлакат ҳар гуна натиҷа ба бор оварад. Дар назди баъзе тоифа он чун инкишоф пазируфта шавад, баъзеи дигар қабул надорад. Ман тағирот, бунёдкорӣ ва ҷоннокшавии фавқулоддаро дар ҳаёти Эрони пас аз инқилоб чун падидаи ноёбе мебинам, ки назираш дар дигар кишвар дида нашудааст. Агарчи мардуми мо паи ҳам машаққат ва душвориҳоро аз сар гузаронд, иродааш нашикаст ва аз озодие, ки чиҳил сол қабл ба даст оварда буд, бо мардонагӣ дифоъ кард. Таҷрибаеро, ки дар ин давр ҳосил кард, ба ҳукми афкори ҷамъият ҳавола намуд ва омодагии худро барои баҳамбинӣ иброз дошт. Ин  инқилоб барои эрониён тимсоли орзуву омол, ғурури милливу динӣ ба шумор меравад.
Барои мамлакате мисли Эрон, ки аз лиҳози ҷуғрофӣ, геосиёсӣ ва геостратегӣ мавқеи муҳим дорад, нигоҳ доштани озодӣ ва истиқлол бисёр кори сахте аст, вале ба он даст ёфтаем. Имрӯз метавон иддао кард, ки истиқлолияти Эрон агар беназир набошад, камназир аст. Инқилобҳо баъзан бо зуҳури худ батадриҷ роҳҳои дигареро тай мекунанд, ки аз ормонҳои аввали худ бисёр дур рафтаанд. Инқилоби мо талош кардааст, ки чорчӯбаҳои худро ҳимоя намояд ва ба рағми мушкилот ва сахтиҳои зиёд аз асл ва решаҳои худ дур нагаштем. Сарфи назар аз мушкилоти беҳад ва имтиҳоноти сохта, моҳияти аслии инқилоб дар паи хидмат барои раият тағйир наёфт. Аз ин боис пас аз инқилоб давлатҳои абарқудрат аввал ба сари  мо ҷанги тӯлонии маҷбуриро бор карданд ва баъд ба ҷазои иқтисодӣ гузаштанд, ки то ҳанӯз давом дорад. Табиист, ки давлат ва халқҳое низ буданд, ки инқилоби моро дастгирӣ мекарданд.
То ҳанӯз ҷомеаи ҷаҳон мавзӯи Эронро аз сарахбори худ қарор додааст. Дар тааҷҷубанд, ки ҳанӯз инқилоби исломӣ истодагарӣ мекунад ва побарҷост. Фикр мекунам, вақти он расид, ки иқрор кунанд, ки «қодир аст!».
Кишвари мо, ки дар қалби Шарқи Наздик, байни ду дарё – Байнаннаҳрайн ва болои Мовароуннаҳр ҷой гирифтааст, дар тафовут аз сохти пешин назди худ мақсад гузоштааст, ки ба сифати давлати озод ва мустақил ҷойгоҳи муносибро дошта бошад. Аз ин боис хайрхоҳонамон аз ин хушҳолу хасмҳо хиҷиланд.
– Дар ин ду-дуним соли охир ба шарофати сиёсати мақомоти олии нави Ӯзбекистон алоқа бо кишварҳои ҷаҳон, бахусус давлатҳои ҳамсоя дубора равнақ меёбад. Ба ин муносибат Эрон нақши худро дар минтақа, хусусан дар Ӯзбекистон чӣ гуна мебинад?
– Ҷомеаи ҷаҳон сиёсати ҳукумати  Ҷаноби олӣ Шавкат Мирзиёевро барои манфиати Ӯзбекистон дар минтақа муфид мешуморад. Нигоҳи ҳукумат ба масъалаҳо ба тарзи конструктив ва мустақил, ислоҳоти куллии соҳаи иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакататон ва барои модернизатсияро вусъатнок ба ҳаёт татбиқ намудани барномаҳои давлатӣ дар муддати кӯтоҳ эътибори зиёдро ба худ ҷалб намуд. Ба ин далел ман ояндаи халқи Ӯзбекистонро беш аз пеш хубу фаровон мебинам. Рушди Ӯзбекистон ин тараққиёти минтақа аст, зеро ҷойгоҳи он дар ҳавза муҳим мебошад ва аз ин боис гулгулшукуфӣ ва равнақ пайдо кардани минтақаро бе Ӯзбекистон тасаввур кардан мушкил. Ҷомеаи минтақа ва ҷаҳон ба Тошканд ва сиёсати пиёданамояндаи он бо эҳтиром назар меафкананд.
Дар сиёсати хориҷии Эрон мамлакатҳои минтақа ва исломӣ тамоили устувор касб менамоянд. Ин аз аҳамият холӣ нест. Робитаҳои Эрон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ табиист, ки таърихи қадимӣ ва заминаи мустаҳкам дорад.
Табодули амвол байни Эрону Ӯзбекистон соли 2017-ум 320 млн. долларро ташкил намуда, соли гузашта низ дар ҳамин ҳудуд буд. Бо кишварҳои ҳамсоя ҳамкории тиҷоратии мо рӯ ба инкишоф аст. Бо ҳаллу фасл гардидани масъалаи тариф умед аст, ки захираҳои мавҷудаи ҳамкории бозаргонӣ ба кор дароварда шаванд.
Ҳоло Осиёи Марказӣ бо такя ба гузашта, таърих ва арзишҳои мадании худ аз паи барқарор намудани менталитет, маданият ва арзишҳои худ иқдоми устувор менамояд.
– Обрӯи Эрон ба сифати давлати тавонманди минтақа дар сиёсати ҷаҳонӣ рӯ ба афзун аст. Дар ҳоли ҳозир аз назари Теҳрон дар ростои сулҳ ва  оромиши минтақа чӣ вазифаҳоро бояд ҳаллу фасл кард?
– Дар сад соли охир қудратҳои минтақа ва ҷаҳон ба созмон додани иттифоқ ва блокҳои ҳарбӣ пардохтанд. Аммо ба иллати бебунёдӣ пароканда мешуданд. Дар асрҳои XIX-XX бошад, давлатҳои муқтадири иқтисодӣ ва иттиҳодҳои бозаргонӣ барои таъсир расондан ба дигарҳо шурӯъ карданд, ки ин ҷараён маҳкамтар намудор шуд. Дар таъсири буҳрон ва маҳдудият онҳо низ дер напоиданд. Пас аз ҷанги дуюми ҷаҳон абарқудратҳо аз роҳи ҷангу фишори иқтисодӣ бо усули зуҳури сохтакории сиёсиву менталитети этникӣ дар минтақаҳо ба низоъҳои дохилӣ ва даргириҳои мусаллаҳ оташ заданд ва ба мудохила шурӯъ намуданд, ки ин навъи хуруҷи онҳо аксаран дар либоси идеологӣ, сиёсӣ, маданӣ ва баъзан этникӣ зоҳир мегардиданд.
Дар натиҷаи сиёсати давлатҳои соҳиби воситаҳои ахбори оммавии соҳибқудрат ҳоло таъсири расонаҳои хабарӣ барои таъсир ба шуури иҷтимоӣ ба силоҳи тавоно табдил ёфтааст. Баъзе аз абарқудратҳо аз ин роҳ ҷанги расонаӣ мебаранд. Дар ин сурат, ки хуруҷи он ба ҳар хонадон дохил мегардад, барои ҳар як ҳукумат барои ҳимояи ҷамъияташ ва муайян кардани мавқеаш доир ба ин ё он масъала аз тариқи расонаҳои хабарӣ муҳим аст.
Эрон, ки дар минтақаи ҳаётан муҳими ҷанубӣ-ғарбии Осиё, чорроҳаи коммуникатсияи стратегӣ ҷой гирифта, аз лиҳози захираҳои табиӣ сарватманд мебошад, дар маркази эътибори абарқудратҳои зиёд қарор дорад. Бо мамлакатҳои ҳамсояи дӯст пурзӯр намудани ҳамкорӣ ва ҷараёни ҳамгароӣ обрӯ ва таъсири минтақавии онро васеъ мегардонад. Дар роҳи дастёбӣ ба мақсаду ормонҳои худ Эрон ба нирӯи худ бовар дорад ва пешрафти дигаронро низ дастгирӣ менамояд ва ниятҳои неки онҳоро қисме аз ҳадафу ормонҳои худ мешуморад.
– Ҳангоми сафар дар кӯчаҳои Теҳрон таблоҳои ташвиқотие ба чашмам хӯрда буданд, ки хитобан фақат хариди молҳои ватаниро «исрор» мекарданд. Ҳоло мамлакат то чӣ андоза эҳтиёҷи худро дар соҳаҳо таъмин мекунад?
– Таърих ва сабақи таърихӣ нишон медиҳад, ки хусусан маҳсулоти стратегӣ барои масрафи дохилӣ дар мамлакат бояд тавлид шавад. Алҳол Эрон дар пажуҳишҳои нанотехнологӣ дар ҷаҳон чорум ва бо доруворӣ 95 фоиз эҳтиёҷи дохилиро бо маҳсулоти худ таъмин менамояд. Дар тавлиди гӯшти мурғу шакар, гандум, фулод, саноати нафту газ тақрибан ба колои хориҷӣ эҳтиёҷ надорем. Соли 2017 содироти умумӣ қариб 101 млрд. доллар, воридот беш аз 76 млрд. долларро ташкил намуд, ки дар ниҳояти кор рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 3,8 фоиз гардид.
– Байни Донишкадаи давлатии шарқшиносии Тошканд ва Бунёди Саъдии Эрон мувофиқатномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар барномаҳои ояндаи шумо дар заминаҳои гуманитарӣ, омӯзишӣ ва парваришиву ҳунарӣ чӣ нақшаҳои ҳамкории нав дар назар аст?
– Мақсадамон мустаҳкам намудани риштаҳои ҳамкорӣ дар байни муассисаҳои илмиву тадқиқотӣ ва таълимиву тарбиявӣ мебошад. Фаъолияти дипломатии мо барои замина ва шароити муносиб фароҳам овардан ба чунин ҳамкориҳо нигаронда шудааст. Мардумони ду кишвар аз лиҳози фарҳангу адаб ва таъриху ниёгони бузург молики муштаракоти зиёданд. Дар китобхонаҳои ҳарду мамлакат дастнависҳои нодир нигоҳдорӣ мешаванд. Аз онҳо муҳаққиқон ва олимони мо метавонанд истифода кунанд. Ин ба афзудани эътибори забони форсӣ, ки ҷузъи ҷудонопазири ҳуввият ва маданияти хаттии минтақа буда, дар таърихи китобати манбаъҳо инъикос ёфтааст, хидмат хоҳад кард.
Муҳити муштараки қадимии маданӣ замонати мустаҳкам гардидани риштаҳои таърихӣ мегардад. Дар манбаъҳои таърихӣ ва китобҳоямон ин сарзамин чун маркази осори диниву исломӣ таҷассум мегардад. Дар адабиёти форсӣ Бухоро, Самарқанд, Хеваю Хоразм чун шаҳру маконҳои афсонавӣ ситоиш гаштаанд, мисли ин ки Исфаҳону Шероз ва Табрез маъвои илму адабиёт ба шумор мераванд.

Суҳбаторо 
Тоҷибой ИКРОМОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: