Дар Русия қоидаҳои нави вуруди муҳоҷирон эътибор пайдо карданд

Дар Федератсияи Русия аз 29 декабри соли 2021 тағйиру иловаҳо ба қонунгузорӣ эътибор пайдо карданд, ки тибқи он муҳоҷирони корӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба муддати тӯлонӣ вориди кишвар мешаванд, бояд аз изи ангушт, аксбардорӣ ва муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаранд.

Тавре дар Вазорати корҳои дохилӣ тавзеҳ доданд, муҳоҷирони корӣ бояд дар давоми 30 рӯз аз рӯзи вуруд ва хориҷиёне, ки бидуни мақсад ба Русия барои дарёфти кор ба муддати беш аз 90 рӯз омадаанд, дар давоми се моҳ аз ин расмиёт гузаранд, менависад РБК.

Муоинаи тиббӣ санҷиши мавҷудияти бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла сирояти ВИЧ ва нашъамандиро дар бар мегирад.

Ба шаҳрвандони Беларус, кӯдакони то шашсола; шахсони мансабдори ташкилотҳои байналмилалӣ; дорандагони шиносномаҳои дипломативу хизматӣ ва дигар тоифаи шаҳрвандон лозим нест, ки изи ангушт ва аз муоинаи тиббӣ гузаранд.

Тибқи дастури Вазорати корҳои дохилӣ, муҳоҷирони кории аз ташхиси изи ангушт гузашта ба гирифтани патент барои кор дар шакли корт бо чипи дорои тасвири электронии чеҳра ва изи ангуштҳо шурӯъ мекунанд. Дар кортнома силсила ва рақами патент, насаб, ном ва номи падари соҳиби он, санаи таваллуд, шаҳрвандӣ, серия ва рақами ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, касб ва ИНН нишон дода мешавад. Дар он номи минтақае, ки шахс дар он кор мекунад, низ гузошта мешавад.

Президент Владимир Путин ба қонун дар бораи дактилоскопияи  ҳатмӣ ва муоинаи тиббӣ байни муҳоҷирони меҳнатӣ 1 июли соли 2021 имзо кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: