ДАР РӮҲИЯИ ДӮСТИВУ ҲАМДИЛӢ

Дар шаҳри Тошканд бо ҳамкории Кумитаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робитаҳои дӯстии мамлакатҳои хориҷии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Маркази миллӣ бинобар ҳуқуқҳои инсони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, координатори Ӯзбекистонии САҲА бинобар равияҳои устувори муносибатҳои байналмилалӣ дар Соли дастгирии тадбиркории фаъол, ғояҳои инноватсионӣ ва технологияҳо барои амалӣ кардани сиёсати давлатӣ дар мавзӯи «Дар Ӯзбекистон иҷрошавии Конвенсияи СММ бинобар нест кардани ҳамаи намунаҳои пастзании ир

Дар чорабинӣ депутатҳои Палатаи қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аъзои Сенат, намояндагони ваколатхонаҳои дипломатии хориҷӣ, вазорату идораҳо, Маркази миллӣ бинобар ҳуқуқҳои инсон, муассисаҳои илмиву таълимӣ, институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ, марказҳои мадании миллӣ, ҷамъиятҳои дӯстӣ, ҳамчунин машваратгари калони сиёсии Комиссари Олии САҲА бинобар кори миллатҳои камнуфус А.С. Ҳанҷин ширкат варзиданд.
Бо оғоз аз давраи аввалини истиқлолият дар кишвари мо созиш ва барқарории байнимиллӣ ба сифати мақсади асосии сиёсати давлатӣ ва тараққиёти иҷтимоӣ қабул гардидааст.
Бояд гуфт,  дар ҳудуди Ӯзбекистон аз қадим намояндагони миллатҳо ва динҳои гуногун бо тифоқиву рафоқат зиндагӣ карда меоянд. Чунонки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. Мирзиёев дар маҷлиси тантанавии бахшида ба 25-солагии Маркази маданияти байналмилалии ҷумҳурӣ таъкид карда буд, Маркази маданияти байналмилалӣ дар солҳои истиқлолият ба муносибатҳои байналмилалӣ зинаи навро ифтитоҳ бахшид. Дар ҷумҳурии мо ҳукмрон гардидани дӯстӣ ва якдилӣ, осоиштагӣ ва барқарорӣ ба сифати омили муҳимтарини зиёд гардидани самараи ислоҳот дар майдони байналхалқӣ обрӯву эътибори Ӯзбекистонро баланд мебардорад.
Имрӯзҳо халқи бузурги Ӯзбекистон, ки аз намояндагони беш аз 130 миллату халқият иборат аст, таҳти шиори «Ӯзбекистон – маъвои умумии мо» барои мақсади ягона – бунёд кардани давлати ҳуқуқии демократӣ, иқтисодиёти бозори рушдёфта ва ҷамъияти шаҳрвандии пурқувват дар ҳама соҳа ҳиссаи муносиб мегузорад.
Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маданӣ ва соҳаҳои дигар кафолати ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ба шумор меравад. Бинобар моддаи 8-уми Сарқонун шаҳрвандони Ӯзбекистон новобаста аз миллати худ халқи Ӯзбекистонро ташкил мекунанд.
Айни замон дар кишвари мо беш аз 137 марказҳои мадании миллӣ фаъолият доранд, ки саҳми онҳо дар густариши дӯстиву рафоқат ва ҳамдилии миллатҳои сокини Ӯзбекистон эҳсосшаванда аст.

Х. ҲАМИДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: