ДАР РӮҲИЯИ МУҚОБИЛӢ ВА ДЕМОКРАТӢ

Моҳи майи соли ҷорӣ маъракаи интихоботи раисон (оқсақолон)-и ҷамоатҳои шаҳрвандон баргузор шуд.

Дар вилояти мо ба ин маъракаи муҳим тайёрии ҳамаҷониба диданд.
Дар вилоят 775 ҷамоати шаҳрвандон мавҷуд буда, дар 700 ҳазору 246 оила наздик ба 2 миллиону 700 ҳазор нафар аҳолӣ истиқомат мекунад.
Барои дар рӯҳияи муқобилӣ ва ошкороӣ гузаронидани интихоботи раисон (оқсақолон)-и ҷамоатҳои шаҳрвандон, иборат аз 21 нафар комиссияи кӯмакрасон таъсис гардид. Раиси комиссия, узви Сенати Олий Маҷлис, сардори садорати нигаҳдории тандурустии вилоят Солиҷон Мӯъминов таъин шудааст. Ба комиссия 201 нафар аз депутатҳо, кормандони давлатӣ ва ғайридавлатӣ ва аз ҳама соҳаҳо аъзо қабул гардид.
Ба интихобот 1 миллиону 754 ҳазору 656 нафар шаҳрвандоне, ки ҳуқуқи дар интихобот иштирок кардан доранд, ба рӯйихат гирифта шуданд. Аз ҷумла, 12 фоиз шаҳрвандоне, ки ҳамчун вакил ҳуқуқи интихоб кардан доранд, яъне наздик ба 210 ҳазору 560 нафар дар интихобот иштирок намуданд. Интихобкунандагон имсол аз  солҳои пештара фаъолтар буданд ва ба раисии ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳалла номзадҳои муносибро нишон доданд. Ба раисии 775 ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи вилоят зиёда аз 2451 нафар номзадҳо ба рӯйихат гирифта шуданд.
Аз тарафи комиссияи кӯмакрасони интихоботи раисон (оқсақолон)-и ҷамоатҳои шаҳрвандон ва аъзои гурӯҳи корӣ, дар миқёси вилоят 14 маротиба, дар ноҳияҳо 48 маротиба оиди интихобот семинарҳо гузаронда шуданд. 
Дар ноҳияи Чуст 70 ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо мавҷуд буда, интихоботи нахустин ба раисии ҷамоати шаҳрвандони Қизилтепа дар мактаби таълими ҳамагонии рақами 40-ум ба таври семинари намунавӣ баргузор гардид.
Дар он раисони кӯмакрасони интихобот ва аъзои гурӯҳҳои корӣ иштирок намуданд.
Раиси гурӯҳи корӣ Ҳусанхон Нуриддинов ба интихобкунандагон номи 3 нафар номзад Холисхон Дадахонова, Исмоилхон Маҳмудов, Шерматхон Шароповро шинос намуд. Интихобкунандагон раиси дарамалбуда Шерматхон Шароповро ба раисӣ муносиб донистанд. Барои дар асоси муқобилӣ ва демократӣ гузаронидани интихобот чунин семинарҳо дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор шуд.

Мӯсохон ОППОҚОВ, 
 ҷонишини якуми раиси Шӯрои мувофиқгардонии фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрвандони вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: