ДАР САФИ ДОНИШГОҲҲОИ ПЕШРАФТАИ КИШВАР

Донишҷӯӣ – бахти баланд.

Донишҷӯӣ – бахти баланд. Таҳсил дар донишгоҳи бонуфузро бошад, ҷавонони мо бештар орзу мекунанд. Рақобати солим байни муассисаҳои таълими олиамон торафт эҳсос ва масканҳои таълимие, ки нуфузноканд, ҷавонони боистеъдод ва лаёқатмандро ба худ ҷалб менамоянд. Ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои пешрафтаи хориҷӣ дар роҳи омодасозии кадрҳое, ки бо асосҳои дониши замонавӣ мусаллаҳанд, самара мебахшад. Эътиборан аз соли 2021 ба 30 донишгоҳи нуфузноки мамлакатамон рухсат дода шудааст, мустақилона барномаҳои таълимӣ таҳия намоянд, квотаҳои қабулро муайян созанд, масъалаҳои молиявиро низ мустақилона ҳал кунанд. Шӯроҳои илмии донишгоҳҳо вазифадор карда шудаанд дар додани унвонҳои илмӣ аз беҳтарин таҷрибаҳои байналмилалӣ истифода кунанд, чӣ устодон – профессорон, чӣ донишҷӯёни мо ва чӣ мутахассисони ҷавонамон ба алоқамандон – хатмкардагони бонуфузтарин донишгоҳҳои хориҷӣ рақобат карда тавонанд.
Хуллас, дар мамлакатамон ба баланд бардоштани сифати таълими олӣ аҳамияти калон дода мешавад. Дар шаҳри Тошканд кушодани боз як донишгоҳи нав, ба он даъват кардани олимон, мутахассисон ва кадрҳои педагогии машҳури хориҷӣ ба нақша даромадааст. Бо мақсади азхудкунии амиқи технология ва донишҳои баланд ба сохтори таълими олӣ, самт ва равияҳои донишкадаву донишгоҳҳо тағйирот ворид
Таҳти қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 4 майи соли 2020 дар заминаи Донишкадаи муҳандисии роҳи оҳани Тошканд, Донишкадаи лоиҳасозӣ, барпо ва эксплуататсияи роҳҳои автомобилии Тошканд ва факултаи технологияҳои авиакосмоси Донишгоҳи давлатии политехникии Тошканд муассисаи таълими олии нав – Донишгоҳи давлатии нақлиёти Тошканд ташкил шуд. Имрӯзҳо дар ин маскани маърифат 13 249 нафар донишҷӯён дар шакли рӯзона таҳсил менамоянд. Айни замон дар донишгоҳ 1457 нафар устодон-профессорон ва ходимони педагогию техникӣ фаъолият мебаранд.
Баъди муттаҳидшавии донишкадаҳо ва факултаи вобаста ба соҳа аз Донишгоҳи техникӣ дар Донишгоҳи давлатии нақлиёти Тошканд кадом самт ва факултаҳои нав ташкил ёфтанд? Мақоми донишгоҳ чӣ тавр тағйир ёфт?
Бо мақсади ҷавоб ёфтан ба ин суолҳо роҳи ДДНТ-ро пеш гирифтем. Даставвал хостем дар бораи вазифаҳои асосӣ, ки дар назди донишгоҳ истодаанд, шинос шавем, аз самтҳои фаъолияти он огоҳ гардем.
Бо назардошти эҳтиёҷоти соҳаи нақлиёт дар асоси стандартҳои байналхалқӣ ва дастгирии технологияҳои таълимии пешқадам омодасозии мутахассисон ва кадрҳои илмию педагогӣ, ба такмили ихтисос ва бозомӯзӣ фаро гирифтани онҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамнок дар соҳаи нақлиёт, оиди масъалаҳои илмии соҳа пешбурди ҷустуҷӯҳои фундаменталӣ, амалию инноватсионӣ ва ҷорӣ сохтани натиҷаҳо дар амалиёт, таъмини интегратсияи фан, таълим ва истеҳсолот, татбиқи барномаҳои муштарак ва амалӣ сохтани лоиҳаҳои илмӣ дар асоси ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълими олӣ ва муассисаҳои пешбари пажӯҳишии хориҷӣ, модернизатсияи базаи таълимӣ-лабораторӣ, таъмини муттасили соҳаи нақлиёт бо кадрҳои сазовор, оиди ихтисосашон ба кор сафарбарсозии мутахассисон, фаъолияти касбии онҳоро мунтазам мониторинг карда рафтан аз вазифаҳои муҳиме мебошанд, ки дар назди ДДНТ истодаанд, гуфт котиби матбуоти донишгоҳи нав Дилшод Раҳматов.
Вай илова намуд дар муассисаи нави таълимӣ мувофиқи талаботи замон дигаргуниҳо ба амал омаданд. Баъзе кафедраҳои мавҷуда самти фаъолияташонро тағйир доданд. Кафедраҳои иловагӣ дар самтҳои нав ташкил гаштанд. Алҳол дар донишгоҳ 8 факулта: факултаи таълими умумӣ, муҳандисии нақлиёти роҳи оҳан, муҳандисии нақлиёти автомобилӣ, муҳандисии нақлиёти авиатсионӣ, идоракунии сохтори нақлиётӣ, иқтисодиёт, сохтмон, муҳандисии электротехника ва компутер фаъолият мебаранд. Устодон-профессорон ва ходимони педагогию техникӣ дар 39 кафедрае, ки дар тасарруфи донишгоҳ мебошад, вазифаи худро дар соҳаи илму таълим ба иҷро мерасонанд. Айни замон дар ҳузури донишгоҳ литсейи академӣ дари худ боз кардааст ва беҳтарин хатмкардагони он, ки аз санҷишҳо бомуваффақият гузаштаанд, дар ҳамин даргоҳи маърифат, ки ба маҷмӯи роҳҳо (роҳҳои автомобилӣ, оҳан ва ҳавоӣ) кадр омода месозанд, таҳсили худро идома медиҳанд. Ходимони илмӣ-педагогии ДДНТ намояндагони миллатҳои гуногун мебошанд, ки онҳоро як мақсад – дар вазъи баҳра бардоштан аз таҷрибаҳои якдигар ва муташаккилию ҳамҷиҳатӣ, баланд бардоштани сифати таълим ва омодасозии кадрҳои сазовори замон муттаҳид намудааст.
Яке аз устодони соҳибтаҷрибаи донишгоҳ Раҳматулло Пирматов буда, ба якчанд забон балад аст. Бо ҷиҳатҳои хуби инсонигарӣ, салоҳияти баланди илмӣ ва маҳорати баланди педагогӣ ба дили ҷамоаи сермиллат роҳ ёфтааст. Вай дар мактаби деҳаи Бурҷимуллои ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд таълиму тарбия гирифт. Ба Душанбе рафт, соли 1977 Институти политехникии Тоҷикистонро бомуваффақият хатм намуд. Солҳои 1982-1985 дар аспирантураи Институти давлатии сохтмони Маскав таҳсил кард, дар мавзӯи «Акустикаи сохтмон» рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд. Ба Ӯзбекистон баргашт, чун дотсенти кафедраи Институти давлатии меъморӣ ва сохтмони Тошканд, мудири кафедра, декани факултаи сохтмони донишкада фаъолият бурд. Соли 2015 ӯро ба Донишкадаи муҳандисии роҳи оҳани Тошканд таклиф намуданд. Инак, Раҳматулло имрӯзҳо ба сифати мудири кафедраи сохтмони бино ва иншоотҳои саноатии донишгоҳи нав дар роҳи омодасозии кадрҳое, ки ояндаи роҳҳои мамлакатамон ба онҳо вобаста аст, сидқидилона меҳнат мекунад. Муаллифи чандин монография, китобҳои дарсӣ, дастуруламалҳои методӣ бо забонҳои ӯзбекӣ ва русӣ. Фарзанди арзандаи Бурҷимулло панҷ фарзанд (чаҳор писар ва як духтар)-ро хононд, соҳиби хонаву дар кард. Бобои меҳрубони 19 набера аст. Вай дар бораи худ не, дар бораи дигарон, аз ҷумла, чеҳраҳои намоёни илм Анвар Одилхӯҷаев, Ирина Шипачёва, ки фаъолияти ибратангезашон ба ҳамин даргоҳи маърифат вобаста аст, мехоҳад сухан ронад. Анварака 13 сол ректорӣ кардаанд, мегӯяд вай, доктори фанҳои техникӣ, профессор Ирина Владимировна бошад, дар тарбияи шогирдони салоҳиятнок саҳми муносиб ҳамроҳ кард, ба рушди фанни Ӯзбекистон саҳм гузошт, алҳол дар яке аз кафедраҳо мудир аст ва бо вуҷуди солхӯрдагӣ вазифаҳоеро, ки ба зиммааш гузоштаанд, аз таҳти дил ба иҷро мерасонад.
– Баробари собиқадорон чун Раҳматуллоака дар донишгоҳи мо тоҷикписароне низ фаъолият доранд, ки бо салоҳияти илмӣ-педагогӣ ва қобилияти хуби ташкилотчигӣ ҷудо шуда меистанд, – мегӯяд котиби матбуот Д.Раҳматов ва моро ба ҷавони оташқалбе шинос мекунад, ки Мақсуд ном дошта, зодаи ноҳияи  Бойсуни вилояти Сурхондарё будааст.
Мақсуд Ҳайдаров солҳои 2009-2013 дар самти бакалавриат, солҳои 2013-2015 дар риштаи магистратураи Донишкадаи муҳандисии роҳҳои оҳани Тошканд таҳсил намудааст. Фаъолияти мустақилонаашро аз августи соли 2015 дар шуъбаи маркетинги институти зикршуда ҳамчун нозири калон оғоз бахшид. Баъдтар дар шуъбаи планкашӣ ва молия, шуъбаи маънавият ва маърифати ҳамин институт кор кард. Алҳол мудири ташаккули портфели фармоишҳо, ба кор тақсим кардани хатмкардагон ва мониторинги онҳо дар ДДНТ мебошад.
М.Ҳайдаров дар кор бурдан бо ҷавонҳо таҷрибаи хуб андӯхтааст. Ӯ аз зумраи мутахассисонест, ки дар муттаҳидсозии ҷавонон зери як мақсад, сафарбарсозии онҳо ба иҷрои корҳое, ки садоқат, шуҷоат, ғайратмандию иқтидорро тақозо менамояд, вақт ва қувваи худро дареғ намедоранд. Дар ҷодаи баланд бардоштани фаъолнокии ҷавонон дар ҳаёти иҷтимоии мамлакат, омӯхтани муаммои онҳо ва дарёфти илоҷи мушкилоте, ки насли ҷавонро нороҳат месозад, ташаббус нишон медиҳад. Ҳар як супоришеро, ки медиҳанд, дар вақташ иҷро мекунад, ба корҳои ҷамоатӣ фаъол аст. Ҳамсолонашро даъват месозад фикран мустақил бошанд, аз имкониятҳое, ки барояшон фароҳаманд, истифода кунанд.
Мақсуд Ҳайдаров ба сифати ҷавонмутахассиси фидоӣ аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ ва ташкилоти ҷавонон бо якчанд ифтихорнома тақдиронида шудааст. Бинобар иштироки фаъолонааш дар намоишҳои «Мутахассисии таълими байналхалқӣ», ки аз ҷониби Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус таҳти ҳамдастӣ бо Палатаи савдою саноат ва ширкати «Expo-contact» ташкил карда шуданд, соҳиби якчанд сертификат гардид. Дар татбиқи барномаи «Ҷавонон – ояндаи мо», «Барномаи чораҳо аз рӯи ба амал баровардани сиёсати давлат оиди ҷавонон аз ҷониби Шӯрои ноҳиявии Иттифоқи ҷавонон, Шӯрои ҷавонони пешбари ҶС «Ӯзбекистон темир йӯллари» бо ташаккурномаҳо тақдиронида шуд.
Донишҷӯён низ дар ДДНТ намояндагони якчанд миллатанд. Ҷараёни омӯзиш ва фарогирии донишҳои замонавӣ онҳоро муттаҳидтар месозад. Яке аз ҳаммиллатони мо донишҷӯи курси чаҳоруми факултаи сохтмон Собир Муҳаммадиев аз Бухорост. Чи дар таҳсил ва чи дар корҳои ҷамоатӣ фаъолнокӣ зоҳир ва таҳти сарпарастии устодаш Р.Пирматов корҳои тадқиқотӣ мебарад. Нияташ – баъди хатми донишгоҳ дар сохтмонҳои роҳии кишвар ва равнақи коммуникатсионӣ саҳм гузоштан.
ДДНТ бо донишгоҳҳои пешрафтаи хориҷӣ, марказҳои илмӣ ва инноватсионии байналхалқӣ аз наздик ҳамкорӣ менамояд. Таҷрибаҳои пешқадами Донишгоҳи техникии Дрезден, Донишгоҳи техникии Истанбул, Донишгоҳи техникаи Ҷилина, Донишгоҳи логистикаи олии Чехия, Донишгоҳи авиатсияи миллии INAC – Фаронса, Донишгоҳи Қарағанда, Донишгоҳи авиатсияи шаҳрвандии Маскав дар ин маскани маърифат мавриди баррасӣ қарор гирифта, байни мутахассисони пешбари илмию педагогии ин донишгоҳҳо барномаҳои муштараки таълимӣ мураттаб сохта мешаванд. Тӯли солҳои наздике, ки сипарӣ шуданд, 26 нафар намояндагони ДДНТ дар Чин, 20 нафар дар Белорус, 2 нафар дар Ҷопон, 1 нафар дар Олмон ихтисосашонро такмил доданд.
Дар соли 2020 23 нафар ходимони педагогӣ рисолаи докторӣ ҳимоя намуданд, 25 нафар унвони дотсентӣ гирифтанд, барои 3 ихтироъ ва 3 модели манфиатбахш патентҳо гирифта шуданд, 24 нафар барои таъминоти барномавӣ соҳиби шаҳодатнома гардиданд, ки ин ҳама аз дастовардҳои ДДНТ гувоҳӣ медиҳанд.

Муҳаммадҷон ШОДИЕВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: