Лоиҳаи наве, ки бо ҳамкории ширкати ТИ «Routern.com»-и Ҳиндустон таҳти унвони «Саёҳатҳои виртуалӣ дар Ӯзбекистон» андешида шуд, ба меҳмонони сафоратхона имкон медиҳад бо имкониятҳои сайёҳии кишвари мо дар шакли 3D ошно шаванд.
Дар барномаи таҷҳизоти махсуси саёҳати виртуалии 3D – сурати ҷойҳои дидании Тошканд, Самарқанд, Бухоро ва Хива ҷойгузин карда шудаанд. Бо истифодаи дивайс кас метавонад дар кӯчаҳои Тошканд саёҳат кунад, аз тамошои меъмории наҷиби майдони Регистон баҳра барад, аз «сафар» ба Бухоро қаноатмандӣ ҳосил намояд.
Муаррифии лоиҳаи мазкур, ки дар сафоратхона ба вуқӯъ пайваст, барои басёр иштирокдорон, ки дар байни онҳо «ситора»-и футболи Ҳиндустон Байчунг Бхутия, раиси Ҷамъияти дӯстии Ҳиндустону Ӯзбекистон, арбоби шинохтаи ҷамъиятӣ Анил Шастрӣ, намояндагони расонаҳои ахбори оммавии намоён ва оҷонсиҳои бузурги саёҳатии Ҳиндустон буданд, туҳфаи хуб гардид.
«Ман аз иштирок дар ин чорабинии инноватсионӣ хеле хурсанд шудам. Хушоянд аст, ки сафоратхонаи Ӯзбекистон аз комёбиҳои «ноу-хау» барои пешбурди иқтидори сайёҳии мамлакат истифода мебарад. Кишвари шумо ба дили ман наздик аст, мураббии ман оид ба футбол аз Ӯзбекистон буд. Ҳоло ман дар кишвари муъҷизаосои шумо будам. Вале бисёр мехоҳам, ки зудтар бо оилаам ва дӯстонам ба он ҷо сафар кунам. Соли равон, албатта, ба Ӯзбекистон хоҳам рафт» гуфт Б. Бхутия.
Муаллифи технологии лоиҳа Чандракант Шарма мегӯяд, ки «саёҳати виртуалӣ барои он ки инсон ҳарчи зудтар ба саёҳати воқеӣ барояд, имконият фароҳам меоварад».
– Моҳияти амалии лоиҳаи мазкур низ аз ҳамин иборат аст, – илова кард вай. – Барои ташкил додани лоиҳаи мазкур соли гузашта мо шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд ва Бухороро зиёрат кардем. Бинобар натиҷаи сафар аз ҷониби мутахассисони ширкати «Routern.com» барномаи махсус тартиб дода шуд, ки имкон медиҳад ба шаҳрҳои таърихии Ӯзбекистон саёҳати виртуалӣ амалӣ гардад.
Боз як қисмати муҳими чорабинӣ дар он иштирок кардани мактаббачагони имконияти ҷисмониашон маҳдуди ҳиндустонӣ гардид. Вақте ки онҳо бо кӯмаки дивайсҳо ба Ӯзбекистон «сафар» карданд, хурсандиву ҳаяҷонашонро мушоҳида кардан душвор набуд. Туҳфаҳои махсуси сафоратхона – армуғонҳои миллӣ барои ин мактаббачагон хурсандии иловагӣ шуд.
Директори мактаб Ҷенифер Тайтлер барои даъвати хонандагони ӯ ба ин чорабинӣ самимона миннатдорӣ баён кард.
– Имрӯз хонандагони мо имкон доштанд аз тариқи «виртуалӣ» ба Ӯзбекистон сафар кунанд, – гуфт вай. – Таассуроти онҳо бағоят хуб буд. Воқеан, як эътибор ва ғамхории камтарини инсонӣ кифоя аст, ки ба одамон кайфияти хуш ато гардад. Ӯзбекистон таърихан ва маънаван кишвари ғановатманд ба шумор меравад, имкониятҳои азими сайёҳӣ дорад. Ман ният дорам дар ояндаи наздиктарин ба Ӯзбекистон сафар кунам.
Дар ҷараёни чорабинӣ иштирокдорон ҳамчунин бо муаррифии мероси маънавиву фарҳангии мардуми Ӯзбекистон, ки дар сафоратхона мунтазам амал мекунад, шинос шуданд. Ғайр аз ин, ба меҳмонон дар бораи рушди кунунӣ ва иқтидори сайёҳии Ӯзбекистон филмҳои видеоӣ намоиш дода шуданд.
ОИ «Дунё», шаҳри Деҳлӣ.