16-17 июли соли ҷорӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии "Роҳи абрешим" дар Самарқанд Анҷумани 2-юми ректорони муассисаҳои таълими олии Ӯзбекистон ва Қирғизистон баргузор шуд.
Форум таҳти мавзӯи «Хусусиятҳои рушди таълими олӣ ва илм дар Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар шароити замонавӣ" ташкил карда шуд. Дар он ҳайати Ҷумҳурии Қирғизистон бо сарварии вазири маориф ва илм Доғдурқул Кендирбоева ва зиёда аз 30 роҳбарони донишгоҳҳо, намояндагони вазорату идораҳои Ӯзбекистон, тақрибан 30 нафар ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ иштирок намуданд.
Ҳадафи конфронс ба роҳ мондани робитаҳои мустақим байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар, табодули омӯзгорону донишҷӯён, ташкили равандҳои таълимии мутақобила, баланд бардоштани сифати таълим, таҷрибаомӯзӣ, такмили ихтисос ва рушди ҳамкориҳо дар фаъолияти илмӣ буда, ҳамчунин масъалаҳо оид ба тайёр кардани кадрҳо дар соҳаи сайёҳӣ, геология, кишоварзӣ, тиб, рақамисозӣ ва зеҳни сунъӣ баррасӣ шуданд.
Дар натиҷаи анҷуман ҳудуди 30 ёддошти тафоҳум, созишнома ва харитаи роҳ ба имзо расид, ки ҳамкориҳои муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишварро ба сатҳи нав мебароранд.
Инчунин, дар доираи конфронс меҳмонон бо фаъолияти Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд ва ҷойҳои ҷолиби диққати шаҳри Самарқанд шинос шуданд.