ДАР САМАРҚАНД БИНОИ 35 ОШЁНА ҚАД РОСТ МЕКУНАД

Имрӯзҳо дар Самарқанд бунёдкорӣ ба таври густурда идома меёбад.

Имрӯзҳо дар Самарқанд бунёдкорӣ ба таври густурда идома меёбад. Ба ин далел, ки ҳоло лоиҳаҳои зиёди хурду калон амалӣ мегарданду қариб ҳамарӯза биноҳои гуногуни иҷтимоиву иқтисодӣ ба истифода супурда мешаванд, баъзеи онҳо аз назари одамон муддате пинҳон мемонад. 
Яке аз чунин лоиҳаҳо, ки хеле калон асту аксари сокинони шаҳр шояд аз он бехабаранд, лоиҳаи шаҳраки “Humo Smart City” аст. Ин шаҳрак дар кӯчаи Мирзо Бедил, дар ҳудуди собиқ саройи автобуси рақами 22 қад меафрозад.
Барои шиносоӣ бо ҷараёни сохтмони ин шаҳрак бо иштироки рӯзноманигорону блогерон пресс-тур баргузор шуд. Ширкати сохтусозии “Нурли келажак ишонч сервис” лоиҳаи бунёди “Humo Smart City”-ро амалӣ мекунад. Арзиши лоиҳа дар умум 720 миллиард сӯм аст ва майдони шаҳрак 12 гектар мебошад.
Ба гуфтаи раиси ширкат – Акбаралӣ Қаюмов, ин лоиҳа, ки иҷрои он соли 2019 оғоз шуд, аз се марҳила иборат аст ва дар нимаи дувуми соли 2023 шаҳрак барои сокинон комилан тайёр мешавад. Ин шаҳрак дар Самарқанд беназир хоҳад буд. Ҳангоми омода кардани лоиҳаи он аз технологияҳои пешрафтаи замон андоза гирифта шудааст. Ҳамаи қисматҳои шаҳрак бо ҳамдигар вобаста буда, аз маркази ягона идора хоҳад шуд. Хадамоти посбонӣ шаҳракро тавассути видеокамераҳо комилан назорат мекунанд, ки ин барои бехатарии сокинон хеле муҳим мебошад. 
Қобили зикр аст, ки тамоми шабакаҳои коммуникатсионӣ – хатҳои барқу телефон ва ғайра дар тунели зеризаминӣ ҷойгир мешаванд. Дар натиҷа ҳолатҳои кандану кофтани кӯчаҳои мумфарш барои аз байн бурдани носозиҳои шабакаҳои коммуникатсионӣ рух намедиҳад.
– Дар шаҳрак, ки барои беш аз 10 ҳазор нафар аҳолӣ пешбинӣ шудааст, дар умум 34-то бинои истиқоматии бисёрошёна қад хоҳад афрохт. Яке аз ҷаззобиҳои лоиҳа ин биноҳои маскунии 35-ошёна мебошад, ки дар Самарқанд беназир хоҳад буд. Мо дар ҳудуди шаҳрак барои 70 оила ҳавлиҳои замонавӣ – “таунҳаус”-ҳо низ месозем, ки ҳар яки он 200 квадрат метри мураббаъ замин дорад, – гуфт муовини раиси ширкат Карим Сафаров. – Ҳамчунин, дар шаҳрак мактабу кӯдакистон, варзишгоҳҳои саркушоду пӯшида, марказҳои тиббӣ, ресторану ошхона, фурӯшгоҳ, таваққуфгоҳҳои зеризаминӣ ва рӯизаминӣ барои автомобилҳо сохта мешавад. Илова бар ин, барои занону духтарон маркази бонувон фаъолият хоҳад кард. Марказ барои 1000 нафар бону пешбинӣ шудааст. Дар ин ҷо духтарону занон ҳамзамон бо омӯхтани илм ва касбу ҳунар, бо кор низ таъмин мегарданд.
Ҳоло марҳилаи якуми лоиҳа давом дорад. Ба зудӣ сохтмони 8-то бинои ҳаштошёна ба поён мерасад, ки дар он 384 оила соҳиби хонаву ҷой мегардад.
Дар марҳилаи дувуми лоиҳа кӯдакистони хусусӣ, мактаб, маркази бонувон ва биноҳои маскунии 17-ошёна ба истифода  супурда мешавад.
Дар марҳилаи поёнӣ сохтмони тамоми зерсохтҳои боқимонда, аз ҷумла, нӯҳ бинои бисёрошёна, ҳавлиҳои замонавӣ, фурӯшгоҳҳо, марказҳои гуногуни хидматрасонӣ ва ғайра дар назар дошта шудааст. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: