Бо ташаббуси Бунёди рушди маданият ва санъати назди Вазорати маданияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо як қатор вазорату идораҳо дар шаҳри Самарқанд марафони байналхалқии хайрия – Samarkand Half Marathon баргузор гардид.
Марафони байналхалқии мазкур, ки дар мамлакати мо бори аввал гузаронда мешавад, эътибори ҷомеаро ба масъалаҳои инклюзивии объектҳои маданият ва санъат, ҷалб намуда, ҳамчунин, тарзи ҳаёти солимро тарғиб карда, сайёҳии варзиширо ривоҷ медиҳад. Маблағи аз марафон ба даст омада барои амалӣ кардани лоиҳаи таҷрибавие, ки дар яке аз театрҳои шаҳри Тошканд бо ёрии тифлошарҳҳо асарҳои саҳнавӣ намоиш медиҳад, равона карда хоҳад шуд. Ин барои тамошобинони чашмашон хира ва нобино имкон медиҳад, дар бораи асарҳои саҳнавӣ тасаввуроти мукаммал ҳосил кунанд.
Ҷонишини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Абдуҳакимов, ҳокими вилояти Самарқанд Э. Турдимов ҳангоми табрики иштироккунандагони марафон ба ҳамин ҷиҳати чорабинӣ эътибор доданд.
Беш аз 1100 нафар варзишгар ва ҳаваскори аз 23 давлати дунё омада аз кӯчаи Ислом Каримов дар масофаҳои 10; 21,1; 2 километр ба марафон ворид шуданд.
Марафончиён масофаи пешакӣ муайяншударо дар саросари кӯчаҳои шаҳри Самарқанд, аз ҷумла, аз пеши маҷмӯаи Регистон, мақбараи Амир Темур, масҷиди Ҳазрати Хизр, ёдгории Хоҷа Дониёр, музей-маҷмӯъи Мирзо Улуғбек, масҷиди Бибихоним барин обидаҳои таърихӣ тай намуданд. Онҳоро аҳолии шаҳр, меҳмонон офарин гуфта, дастгирӣ карданд.
Ба масофаи 10 километрӣ нахустин шуда Дмитрий Иванчукови қазоқистонӣ расида омад. Ҷойи дуюм ба ҳамватани мо Евгений Фадеев, ҷойи сеюм бошад, боз ба варзишгари қазоқистонӣ Михаил Красилов насиб кард.
– Ба ташкилкунандагони ин марафон, ки барои иштирок имконият фароҳам овардаанд, ташаккури зиёд, – гуфт Дмитрий Иванчук. – Роҳ мураккаб, аммо барои аввалин шуда тай кардани масофа муваффақ шудам ва рекорди шахсиамро нав намудам.
Дар масофаи 10 километрии байни занону духтарон суратгирифта низ варзишгари қазоқистонӣ Татяна Нерознак ғолиб шуд. Зарнигор Худойбердиеваи ӯзбекистонӣ ба марра дуюм, Марина Хмелевская бошад, баъди ӯ расида омад.
Дар байни марафончиёни 21,1 километрӣ ҳамватани мо Шоҳрух Давлатови сурхондарёӣ ҷойи якумро гирифт. Ӯ масофаи мазкурро дар 73 дақиқа тай намуд.
Ҷойҳои баъдина ҳам ба намояндагони мамлакати мо – Андрей Петров ва Бегзод Сафаров насиб кард.
–Ман ниҳоят хурсандам, ки дар ниммарафони байналхалқии дар Самарқанд баргузоршуда ғолиб гардидам, – гуфт Шоҳрух Давлатов. – Имрӯз дар ҳаёти ман рӯзи таърихӣ гардид. Гувоҳи он шудам, ки дар Самарқанд барои баргузор кардани марафон тайёрии ниҳоят калон дида шудааст. Барои меҳмондорӣ арзи сипос менамоям.
Дар байни занону духтарон низ намояндагони мамлакати мо дар ин масофа бемисл будани худро нишон доданд. Нурхон Муҳиддиноваи намангонӣ хати марраро аввалин шуда пахш карда гузашта бошад, Екатерина Тунгускова дуюм, Тамила Кочкарова сеюм расида омад.
Дар масофаи 2 километрӣ ширкаткунандагони марафон зиёд шуданд. Дар баробари варзишгарон ҳаваскорон низ зиёд буданд. Дар масофаи мазкур ба хати марра Хуршед Аҳмадалиеви фарғонагӣ якумин шуда расид. Дар байни занону духтарон донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Самарқанд Марҷона Баротова ҷойи аввалро гирифт.
–Шаш сол боз бо атлетикаи сабук машғул ҳастам,– мегӯяд М. Баротова.–Дар бисёр мусобиқаҳо ғолиб гардидаам. Аммо ғолибияти имрӯза завқи дигар дошт. Зеро дар марафон дар баробари варзишгарони шинохта намояндагони соҳаҳои гуногун, куҳансолон, ҳаваскорон низ фаъол ширкат доштанд.
Ғолибони марафон бо мукофоти пулӣ ва туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамчунин, иштирокдорони фаъол низ муносиб рағбатнок гардонда шуданд.
Ғолиб ҲАСАНОВ, мухбири ӮзА.