ДАР САМАРҚАНД ЭҲСОСИ БЕГОНАГӢ НАКАРДЕМ

Вақте ба гузаргоҳи «Саразм – Ҷартеппа» расидем, бо нафарони зиёд рӯ ба рӯ шудем, ки мехостанд ба кишвари ҳамсоя сафар кунанд.

Онҳо мегуфтанд, ки дар замони шӯравӣ ва солҳои аввали истиқлолият ин ҷо дарвозаи сайёҳии Тоҷикистон буд. Шукргузорӣ мекарданд, ки гузаргоҳ аз нав ба фаъолият шурӯъ кард.  Зеро, агар аз як ҷиҳат, мардум ба дидори наздикони солҳо боз надидаашон мушарраф шаванд, аз ҷониби дигар, ин омил ба рушди босуръати сайёҳӣ барои ҳар ду ҷониб такони ҷиддӣ мебахшад.
Хусусан, тавассути гузаргоҳи «Саразм - Ҷартеппа» сайёҳон пас аз тамошои Самарқанд метавонанд саёҳатро дар водии Зарафшон идома дода, ёдгориҳои Саразм, ки бо таърихи зиёда аз панҷунимҳазорсола дар саргаҳи тамаддуни умумибашарӣ қарор дорад, Панҷакенти қадим, кӯҳҳои Фон, кӯлҳои мусаффо, табиати дилфиреб, манзараҳои афсонавии Яғноб, чашмаҳои соф, дарёчаҳои шӯхи кӯҳиро тамошо кунанд. 
Зимни сафар мушоҳида гардид, ки ҳангоми убур аз марз муносибати сарҳадбонон ва кормандони гумруки ҳар ду кишвар бо мусофирон хеле хуб ва самимона аст. Махсусан, дар ҳолати надонистани забони ӯзбекӣ, бо забони тоҷикӣ ҳарф задану мусофиронро хайра мақдам гуфтани марзбонҳо ва гумрукчиёни ӯзбекистонӣ ба гӯш форам мерасид. Дар майдонҳои ба таври идона ороёфтаи гумрукӣ акси сарварони ду кишварро мушоҳида намудем. Аз ҳар ду тараф ронандагони мошинҳои мусофиркаш бо чеҳраҳои хандон дар хизмат буданд. 
Ба гуфтаи сокини шаҳри Панҷакент Аловиддин Элбоев, пайвандҳои хешутаборӣ миёни мардуми шаҳрҳои Самарқанду Панҷакент зиёд аст. Модар дар Самарқанд, аммо духтар дар Панҷакент солҳо боз орзуи дидор мекарданд. Дӯстону хешу табор ба хонаи якдигар рафта наметавонистанд, тӯю азо бе иштироки наздикон мегузашт. Онҳо пазмони ҳамдигар буданд…
Ба гуфти сардори гузаргоҳи мазкур Суҳроб Ғозиев ҳамарӯза ба ҳисоби миёна то 2 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон аз тариқи ин гузаргоҳ ба давлатҳои якдигар сафар менамоянд. Шумораи хоҳишмандон аз як тараф рӯзе аз 500 то 1000 нафарро ташкил медиҳад.
Пас аз тафтиши гумрукӣ мо ба сӯйи шаҳри Самарқанд раҳсипор гардидем. Сабукравро канори роҳ гузошта, аз чанд сокини шаҳр ҷойи ошхонаро пурсон шудем. Марди миёнасоле мошинашро дар назди мо нигоҳ дошта, бо забони тоҷикӣ «меҳмонҳои азиз, хуш омадед ба Самарқанд!», – гуфт ва бо мо гарм дар суҳбат шуд. Ӯ худро Нарзиқул муаррифӣ кард ва то ба тарабхонаи «Самарқанд» моро роҳбаладӣ намуд.
Пешхизмату кормандони тарабхона бо мо бо забони тоҷикӣ ҳарф мезаданд. Баъд аз хӯроки нисфирӯзӣ тасмим гирифтем, ки саёҳатро аз майдони Регистон ва мақбараи Шоҳи Зинда оғоз кунем. Мувофиқи нархнома ворид шудан ба маҷмааҳои Регистон, мақбараи Шоҳи Зинда, масҷиди Бибӣ Хонум барои сокинони маҳаллӣ 1000 сӯм ва барои хориҷиён 30 ҳазор сӯм муайян шудааст. 
Вале вақте мутасаддиён фаҳмиданд, ки мо аз Тоҷикистонем, имкон доданд, ки бо пардохти маблағи барои сокинони маҳаллӣ муқарраршуда вориди маконҳои таърихӣ шавем.
Баъд аз тамошо ба назди сабукрав баргашта, чанд ҷавонро дидем, ки атрофи он мегаштанду гӯё мунтазири соҳибаш буданд. Баробари наздик шудани мо яке аз онҳо, бо меҳру самимияти хоса «дар рақамҳои мошинатон ҷонам, ҳамзабонҳои азизу меҳрубон, хуш омадед ба Самарқанд!», – гӯён барои вохӯрӣ ба ҳар яки мо даст дароз кард.
Чанд рафиқи дигараш низ дар хушгуфторӣ аз ӯ камӣ надоштанд. Ифтихор мекарданд, ки мактаби тоҷикӣ хондаанд. Орзу доранд, ки ба Тоҷикистон сафар кунанд. Онҳо барои ёфтани меҳмонхона ва тамошои шаҳр ба мо кумак карданд. Шабҳангом дар назди муҷассамаи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ акси хотиравӣ гирифтем.
Рӯзи дигар тамошои мо аз Хона-музеи устод Садриддин Айнӣ оғоз гардид. Қобили зикр аст, ки бо супориши бевоситаи Президент Шавкат Мирзиёев барои таъмири пурраи Хона-музеи устод маблағи зарурӣ ҷудо шудааст. Сипас, ба зиёрати оромгоҳи Имом Бухорӣ рафтем. Маҷмааи мазкур 30 км берун аз шаҳри Самарқанд ҷойгир буда, соли 1997 ба муносибати 1225-солагии зодрӯзи Имом Бухорӣ сохта шудааст. Дар он масҷид, мадраса ва китобхона низ ҷойгир шудаанд.
Мо бо мақсади харид кардани шириниву нони самарқандӣ ба бозори «Сиёб» омада, аз нархи навои молу маҳсулот огоҳ гаштем, ки нисбат ба бозорҳои мо арзонтар буд: орд бо нархи хариди яклухт аз 75 то 90 ҳазор сӯми ӯзбекӣ (80-100 сомонӣ), шакар 4-5 сомонӣ, нахӯду дигар донагиҳо низ нисбатан арзон фурӯхта мешуданд. Аксари маҳсулот истеҳсоли худи Ӯзбекистон буданд. 
Воқеаҳои фараҳбахш дар ду рӯзи сафар хеле зиёд буданд. Ҳангоми гаштугузор сокинони Самарқанд аз кушода шудани роҳҳо изҳори хушнудӣ карда, моро ба хонаҳояшон даъват мекарданд. Он чиро, ки бароям беш аз ҳама ҷолиб буду мушоҳида кардам ва бо гумони ғолиб дар дигар шаҳрҳои ин кишвар низ чунин аст, муҳаббату самимияти онҳо нисбат ба мардуми тоҷик мебошад. Аз машаққату ранҷҳои сафар пеш бисёр хондаву шунида будам, аммо ман дар ин сафар мувоҷеҳи мушкиле нашудам ва дар Самарқанд ҳеҷ эҳсоси бегонагӣ накардам.

Ҷамшеди САБОҲИДДИН,
хабарнигори «Садои мардум».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: