Дар корхонаи автомобилбарории Самарқанд маросими тантанавӣ бахшида ба бистсолагии корхонаи мазкур баргузор шуд.
Бист сол муқаддам, моҳи марти соли 1999-ум дар шаҳри Самарқанд бо ҳамкории ширкати «Коч»-и Туркия истеҳсоли ду намуди автобус ва се навъи автомобилҳои боркашон ба роҳ монда шуда буд.
Минбаъд ҳамкории байни Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «СамАвто» ва ширкати «ISUZU Motors», ҳамчунин корпоратсияи «Itochu corporation»-и Ҷопон муқаррар гардид. Ҳоли ҳозир дар корхонаи автомобилбарории Самарқанд ҳафт навъи автобуси замонавӣ ва 36 намуди автомобилҳои боркашон ва махсус истеҳсол мегарданд.
Дар давраи сипаришуда автомобилсозони самарқандӣ истеҳсоли васеи маҳсулоти миллӣ – автобусҳои пастфарши LE 60-ро ба роҳ монданд.
Алҳол дар корхона беш аз 1200 нафар кор мекунанд. Тӯли даврони сипаришуда корхона зиёда аз 33 ҳазору 700 автобус ва мошинҳои боркашонро истеҳсол кард. Ба шарофати ин дар мамлакат талабот ба автобусҳо ва мошинҳои боркашон қонеъ мегардад, баробари ин маҳсулот ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия, Озарбойҷон, Гурҷистон фурӯхта мешаванд.
Ҳокими вилояти Самарқанд Э. Турдимов ҷамоаи корхона ва шарикони хориҷиро бо 20-умин солгарди ташкилёбии корхона муборакбод кард. Вай нақши «СамАвто»-ро дар иқтисодиёти мамлакат таъкид намуда, ба роҳбарияти он туҳфаи хотиравии ҳокимияти вилоятро супурд.
Дар маросим намояндагони ширкати «ISUZU Motors» ва корпоратсияи «Itochu corporation» иштирок карданд, онҳо манфиатдории ҳамаҷонибаи худро аз ҳамкорӣ бо автомобилсозони самарқандӣ қайд намуда, изҳор доштанд, ки аз вусъат додани ҳамкорӣ бо автомобилсозони самарқандӣ манфиатдоранд, ҳамчунин тайёр будани худро ба васеъ кардани миқёси истеҳсолот ва афзудани хелҳои маҳсулот дар ҷараёни фаъолияти минбаъда қайд карданд.
Бо солгарди ҷамоа ҳамчунин кормандони соҳаро, ки дар ташкилёбии корхона фаъол иштирок кардаанд ва намояндагони ташкилотҳои шарикро муборакбод намуданд.
– Аз он ифтихор дорам, ки дар ин ҷо аз рӯзи таъсисёбии он кор мекунам, – мегӯяд сардори сехи корхонаи автомобилбарории Самарқанд Шодихӯҷа Абулқосимов. – Тамоми ин солҳо ҷамоаи мо хастанопазирона барои он меҳнат кард, ки корхона мавқеи худро мустаҳкам кунад ва маҳсулоташ мувофиқи талаботи бозори ҷаҳонӣ бошад. Ба шарофати дастгирии давлат, эътимоднокии шарикони хориҷӣ «СамАвто» алҳол дар саноати автомобилсозии минтақа мақоми сазовор дорад. Минбаъд низ саъй менамоем, ки имконият ва иқтидори корхонаамон беш аз пеш беҳтар гардад.
Пас аз маросими тантанавӣ шарикони ҷопонӣ ба намояндагони ҳокимияти вилояти Самарқанд ва Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзавтосаноат» автомобилҳои «D-MAX»-и ширкати «ISUZU Motors»-ро намоиш дода, бобати истеҳсоли чунин хели автомобилҳо дар корхона маълумот пешниҳод карданд.
Ғ. ҲАСАНОВ, хабарнигори ӮзА.