Дар Самарқанд истгоҳи сайёҳӣ фаъолияти худро оғоз кард

Бо мақсади фароҳам овардани шароит барои сайёҳон дар ҳамкорӣ бо ҳокимияти вилоят ва шаҳри Самарқанд, Садорати рушди сайёҳии вилоят дар вокзали роҳи оҳани Самарқанд истгоҳи туристӣ таъсис ёфт.

Дар истгоҳи сайёҳӣ, ки аз ҷониби фирмаи сайёҳии «Shaxrizada Sam Star tur» ташкил карда шудааст, ба меҳмонон дар бораи воситаҳои нақлиёт, гид-тарҷумонҳои соҳибихтисос, инчунин, меҳмонхона ва ресторанҳо маълумоти ройгон дода мешавад. Сайёҳон аз он ҷо метавонанд ба воситаҳои нақлиёт, гид-тарҷумонҳо, меҳмонхона ва ресторанҳоро супориш диҳанд, аз хизмати онҳо истифода баранд. Инчунин, имконияти истифодаи пайнет барои пардохт ва гирифтани SIM-кортҳои махсус мавҷуд аст.
Дар маросими ифтитоҳи истгоҳ, ҷонишини Сарвазир, раиси Кумитаи давлатии рушди сайёҳӣ А.Абдуҳакимов қайд кард, ки ба рушди туризм дар кишвар таваҷҷӯҳи хосса зоҳир карда мешавад. Ӯзбекистон яке аз ду кишвари ҷаҳон аст, ки лоиҳаҳои сармоягузориро дар соҳаи сайёҳӣ, ҳатто дар ҳолати пандемия амалӣ мекунад.
–  Ин оғози кори мо дар ин самт аст ва дар Самарқанд боз ду истгоҳи туристӣ таъсис дода мешавад, – гуфт директори Садорати рушди сайёҳии вилоят Д. Нарзиқулов. – Истгоҳи аввалини туристӣ асосан барои хидмат ба сайёҳони хориҷӣ ва сайёҳон аз минтақаҳои дигари кишвар пешбинӣ шудааст. Истгоҳи туристӣ, ки бояд ба сайёҳони маҳаллӣ хидмат кунад, дар назди мақбараи Амир Темур ҷойгир хоҳад шуд. Истгоҳи сеюми сайёҳӣ дар шафати расадхонаи Мирзо Улуғбек хоҳад буд. Айни замон пешниҳодҳо дар бораи ташкили ин истгоҳҳо омӯхта мешаванд.
Дар аввалин истгоҳи туристӣ ба сайёҳон дар бораи агентиҳои сайёҳӣ, роҳҳо, меҳмонхонаҳо, ресторан ва ошхонаҳо бо забонҳои ӯзбекӣ, русӣ, англисӣ ва ҷопонӣ маълумот дода мешавад.
–  Мақсади мо фароҳам овардани шароити мусоид барои сайёҳон, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ аст, –  мегӯяд масъули истгоҳи туристӣ Обид Ҳакимов. – Ҳоло дар истгоҳ барои сайёҳон дар ташкили самарабахши сафар чор хатсайр пешниҳод мешавад. Самти аввал туризми зиёрат, дувум ёдгориҳо ва обидаҳои таърихӣ, сеюм экотуризм, агротуризм, туризми кӯҳӣ ва ғайра, чорум сафар ба марказҳои ҳунармандӣ ва ҳунарҳои миллиро дар бар мегирад. Вазифаи асосӣ таъмин кардани бехатарии сайёҳон мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ барои журналистон ва блогерҳо ба самтҳои сайёҳӣ инфо-тур ташкил карда шуд. Инчунин, ҷонишини Сарвазир таъкид кард, ки ҷамъомади Ассамблеяи генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ки баргузориаш дар соли 2023 ба нақша гирифта шудааст, мумкин аст дар Самарқанд ташкил гардад.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: