13 апрели соли 2023 дар Самарқанд мулоқоти чаҳоруми вазирони кишварҳои ҳамсояи Афғонистон баргузор шуд, ки дар он раҳбарони идораҳои умури хориҷии Ӯзбекистон, Эрон, Чин, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Туркманистон ширкат доштанд.
Чорабинӣ таҳти раёсати ҷониби Ӯзбекистон баргузор шуд.
Дар ҷараёни ҳамоиш ҷонибҳо вазъи кунунии Афғонистон, иҷрои талаботи асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ – таъсиси ҳукумати фарогир, таъмини дастрасии занони афғон ба кору таҳсил, риоя кардан ба ҳуқуқҳои ақаллиятҳои миллӣ аз ҷониби мақомоти кунунии ин кишварро баррасӣ карданд.
Зарурати кор карда баромадани механизми амалиёти якҷоя, ки мақсад аз он ба халқи афғон расондани ёрии башардӯстона ва барқарор намудани иқтисодиёти миллии мамлакат мебошад, таъкид шуд.
Аҳамияти тақвияти тадбирҳои кишварҳои ҳамсояи ин кишвар дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ, истеҳсол ва қочоқи маводи мухаддир баён шуд.
Муҳимияти мусоидат ба ифшои иқтидори Афғонистон ҳамчун омили асосии робитаи минтақавии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ қайд карда шуд.
Дар ин замина ҷонибҳо ҷонибдори татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ дар қаламрави Афғонистон бо иштироки давлатҳои ҳамсоя, ки на танҳо ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, балки ба ҳамгироии фаъолтари ин кишвар ба равандҳои иқтисодии минтақавӣ мусоидат мекунанд, изҳори назар карданд.
Ҳамчунин, сардори Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов бо вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус – Сергей Алейник, Ҷумҳурии Исломии Эрон – Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, Федератсияи Русия – Сергей Лавров ва вазири давлатии умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Ҳино Раббонӣ Хар мулоқотҳои ҷудогона доир намуд.
Дар мулоқот дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои Ӯзбекистон бо ин кишварҳо дар соҳаҳои сиёсат ва дипломатия, тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёту логистика, фарҳанг ва маориф баррасӣ шуд. Ба масъалаҳои ҳамкории ҷонибҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.
Доир ба натиҷаҳои мулоқоти вазирони кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, ки имрӯз баргузор шуд ва ҳамчунин омодагиҳо ба ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ ва мулоқоти вазирон дар формати "Осиёи Марказӣ - Русия", ки 14 апрели соли 2023 дар Самарқанд баргузор мегардад, табодули афкор сурат гирифт.
Аз рӯи натиҷаҳои музокироти Ӯзбекистону Беларус Барномаи машваратҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Беларус барои солҳои 2023-2024 ба имзо расид, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.