Дар Самарқанд Мулоқоти вазирон дар формати “Иттиҳоди Аврупо – Осиёи Марказӣ” баргузор гардид

17 ноябри соли 2022 дар Самарқанд роҳбарон ва намояндагони ниҳодҳои умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои ду минтақаро дар заминаҳои сиёсӣ, дипломатӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, сармоягузорӣ, обу энергетика, экологӣ, фарҳангӣ баррасӣ намуданд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Владимир Норов чорабиниро ифтитоҳ намуда,  қайд кард, ки қарор дар бораи ташкили форуми кунунӣ дар Самарқанд аз аҳамияти афзояндаи геосиёсии Осиёи Марказӣ ва бахусус шаҳри Самарқанд ҳамчун "хаб"-и нави муносибатҳои байниминтақавӣ шаҳодат медиҳад.

Таъкид гардид, ки Ӯзбекистон аз тавсеа ва амиқсозии равобити мутақобилан судманд бо Иттиҳоди Аврупо манфиатдор буда, Стратегияи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ барои соли 2019-ро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад. Дар ин замина аҳамияти қабули "харитаи роҳ"-и муштарак барои суръат бахшидан ба татбиқи Стратегия кайд карда шуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки мулоқоти вазирон дар Самарқанд имкон медиҳад, ки рӯзномаи нави ҳамкориҳои байниминтақавӣ таҳия карда, самтҳои мушаххаси ҳамкориҳои судманд барои пешомади дарозмуддат муайян карда шавад, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: