Дар қисми пентхауси як бинои истиқоматӣ дар Самарқанд худсарона сохта шудани “бассейн” аниқ гардид.
Дар ин бора аз Хидмати ахбори Вазорати сохтмон ва хоҷагии коммуналии хонаву ҷой хабар дод.
Ҳангоми чорабиниҳои рейдӣ, ки дар асоси муроҷиати сокинон гузаронида шуд, маълум гардид, ки дар қисмати пентхауси ошёнаи даҳуми бинои бисёрқабатаи 67-А, воқеъ дар маҳаллаи «Суғдиёна»-и шаҳри Самарқанд ба таври худсарона “бассейн” сохта шудааст.
Бино ба маълумоти манбаъ, ин ҳавзаи шиноварӣ дар тарҳрезии бинои бисёрошёна пешбинӣ нашудааст ва мумкин аст, ки ҳангоми зилзила ларзиши биноро афзун намуда, ба мустаҳкамии он осеб расонад.
Кормандони нозирот бар асоси моддаи 159-и Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ ба соҳибмулк ҷаримаи маъмурӣ таъин карданд ва аз рӯйи аз байн бурдани дастгоҳи ғайриқонунӣ дастури ҳатмӣ додаанд.
Ёдовар карда шуд, ки агар соҳибмулк дар муддати муқарраршуда вазъиятро ихтиёран ҳал накунад ва онро ба ҳолати пештара барнагардонад, бо мақсади бартараф намудан ба суди корҳои шаҳрвандӣ даъво пешниҳод карда мешавад.