ДАР САМАРҚАНД ТАҶРИБАИ ТОШКАНД ҶОРӢ МЕГАРДАД

Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Самарқанд «Дар бораи чорабиниҳо оид ба ҷорӣ кардани самти нав дар пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноят дар шаҳри Самарқанд» қарор қабул кард.

Аз талаботи ҷамъомади видеоселектории роҳбари давлат, ки 27 июли соли 2018 баргузор шуда буд, баромада, самти нав оиди пешгирӣ намудани ҷиноят ва мубориза бар зидди он, ки дар шаҳри Тошканд оғоз ёфта буд, инак дар шаҳри Самарқанд низ ҷорӣ мегардад.
Мувофиқи самти нав, ки «Ҳақиқат ва адолати дар мубориза бар зидди ҷиноят» ном дорад, сабаб ва оқибати ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноят аз тарафи идораҳои ҳифзи ҳуқуқ, маҳалла ва ташкилотҳои ҷамоатӣ омӯхта ва муҳокима мегарданд. Шахси ҷиноятсодиркарда муайян гардида, муқаррар будани ҷазо ба он ва устувории қонун таъмин мегардад, чораҳои амиқе, ки ба пешгирии чунин ҳолат нигаронида шудааст, андешида мешавад, тафсилот ва моҳияти аслии ҷиноят бо ВАО ба аҳолӣ расонда мешавад.
Баробари ин, ба ҳаёт татбиқ кардани консепсияи «Шаҳри бехавф» дар шаҳри Самарқанд, ба роҳ мондани ҳамкории суд, идораҳои ҳифзи ҳуқуқ ва идораҳои маҳаллӣ, ба мувофиқа овардани фаъолияти ахбору таҳлил ва ташкил кардани назорати доимӣ муайян карда шуд.
Аз маълумотҳо муайян мегардад, ки дар давоми ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 3010 ҷиноят қайд гардида, ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1769 то кам мебошад. Аз 1086 ҷамоаи шаҳрвандони маҳаллаи вилоят дар 723-то ё ки  66,5 фоиз ҷиноятҳо рӯй доданд. Ғайр аз ин, дар 201 маҳалла нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 ҷинояти зиёд содир гардид.
28 сентябри соли 2018 фармойиши муштараки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҳокими вилояти Самарқанд «Дар бораи таъмин кардани тартиби ҷамоатӣ дар шаҳри Самарқанд, профилактикаи ҳуқуқвайронкунӣ ва муайян намудани вазифаҳои ҳамкорӣ доир ба баланд бардоштани самаранокии мубориза бар зидди ҷиноят» низ қабул карда шуд.

Ғ. ҲАСАНОВ,
мухбири ӮзА.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: