Марҳилаи ниҳоии омодагӣ ба баргузории ҷамъомади Шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай, ки 15-16 сентябри соли ҷорӣ дар Самарқанд баргузор мешавад, фаро мерасад.
Мулоқоти дар пешистодаи роҳбарони созмон чорабинии навбатие хоҳад гардид, ки ба васеъ гардондани ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ нигаронда шудааст. Иштироки тамоми сарони давлатҳои аъзои СҲШ, инчунин намояндагони кишварҳои нозир ва меҳмонони даъватшуда ба назар гирифта шудааст.
Ба муносибати чорабинии дарпешистодаи байналмилалӣ мо аз профессори Донишгоҳи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва дипломатия Абдусамад Ҳайдаров хоҳиш кардем, ки дар бораи СҲШ, таърихи таъсис додани он ва мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ нақл намояд.
– Абдусамад Ахатович, дар бораи вазифаҳои асосии ин Созмон нақл мекардед.
– Қаблан мехостам дар бораи таърихи худи созмон мухтасар сухан ронам.
Бо таназзули Иттиҳод дар соли 1991 сарҳади Шӯравӣ ва Чин ба марзи байни Чин ва чаҳор давлати нави соҳибихтиёр – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Русия табдил ёфт.
Дар солҳои 1992-1996 байни ин кишварҳо музокироти пуршиддат сурат гирифт, ки бо имзои сарони Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Русия ва Тоҷикистон дар Шанхай аввалин ҳуҷҷати муштарак – Созишномаи таҳкими эътимод дар соҳаи ҳарбӣ дар ҳудуди марз, ки ҳамчун Эъломияи Шанхай маъруф аст, анҷом ёфт.
Дар ҳамоиши роҳбарони панҷ кишвар дар Шанхай дар бораи ҳар сол баргузор намудани мулоқоти «панҷгонаи Шанхай» қарор қабул шуд. Мақсади асосии муттаҳидшавӣ таъмини субот дар сарҳади ин ҷумҳуриҳо ва Чин буд.
– Ӯзбекистон кай ба ин созмон ҳамроҳ шуд?
– Соли 2000-ум сарони «панҷгона» Ӯзбекистонро ба маҳфили худ даъват карданд ва он ҳамон сол бори аввал дар ҳамоиши сарони «панҷгонаи Шанхай», ки ба форуми Шанхай табдил ёфт, иштирок кард.
Соли 2001 пас аз пайвастани Ӯзбекистон ба «панҷгона» сарони аллакай шаш кишвар Эъломия дар бораи таъсис додани Созмони ҳамкории Шанхайро имзо карданд. СҲШ дар муддати кӯтоҳи таъсисёбиаш ба созмони беназире табдил ёфт, ки тавонист кишварҳои дорои низомҳои мухталифи сиёсиву иқтисодӣ ва моделҳои рушдро муттаҳид созад. Имрӯз СҲШ бузургтарин иттиҳодияи бисёрҷониба пас аз СММ мебошад, ки фаъолияти он ба таъмини бехатарӣ ва нигоҳдории субот дар фазои васеи Авруосиё, муборизаи муштарак бо чолишҳо ва таҳдидҳои нав, таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, мусоидат ба барпо намудани тартиботи нави демократӣ, адолатнок ва оқилонаи сиёсӣ ва иқтисодии байналмилалӣ нигаронда шудааст.
– Аз он дам зиёда аз 20 сол гузашт. СҲШ кай ба васеъ шудан шурӯъ кард?
Таъкид кардан ҷоиз аст, ки дар тӯли солҳои гузашта ҳамкории давлатҳои аъзои Созмон ба таври қобили мулоҳиза густариш ёфта, нуфузи он афзуд. СҲШ таваҷҷуҳи як қатор давлатҳои Авруосиёро ба ҳамкорӣ дар доираи он ҷалб кард. Соли 2015 тартиби қабули Ҳиндустон ва Покистон ба СҲШ оғоз шуд. Пас аз ду сол (соли 2017) ин давлатҳои бузургтарини Осиёи Ҷанубӣ узви комилҳуқуқи Созмон шуданд. Расо як сол пеш, дар моҳи сентябри соли 2021 сарони кишварҳои узви СҲШ пазируфтани узвияти комили Ҷумҳурии Исломии Эронро маъқул донистанд.
Дар ҳамоиши қарибулвуқӯъи самарқандии СҲШ расмиёти пазируфтани Эрон ба сифати узви комили ин созмон ба анҷом мерасад. Чунин қарор имкон дод, ки обрую эътибори байналмилалӣ ва эътирофи СҲШ ба таври куллӣ баланд шавад.
Дар айни ҳол раванди баррасии дархости Белорус барои узвият ба ин Созмон оғоз шудааст. Илова бар ин, муоҳидаҳо дар бораи ба Миср, Арабистони Саудӣ ва Қатар додани мақоми шарик оид ба муколамаи СҲШ омодаанд.
Инчунин дар Самарқанд қарор дар бораи оғози тартиби ба Баҳрайн ва Молдив додани мақоми шарик оид ба муколама, инчунин масъалаи ба Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа ва Непал пешниҳоди мақоми нозири назди СҲШ баррасӣ хоҳанд шуд.
Дар баробари ин мехоҳам қайд намоям, ки густариши СҲШ беохир буда наметавонад. Афзоиши шумораи давлатҳои аъзои Созмон ба равандҳои қабули қарорҳо халал мерасонанд. СҲШ инчунин набояд ба платформаи равшансозии муносибатҳои дуҷонибаи давлатҳои ҷудогона табдил ёбад.
– Абдусамад Ахатович, агар ба шумо маълум бошад, дар рафти ҳамоиш кадом масъалаҳои асосӣ баррасӣ мешаванд?
– Дар назар аст, ки дар ҳамоиши СҲШ дар Самарқанд, ки таҳти раёсати Ӯзбекистон баргузор мешавад, муҳимтарин мушкилоти минтақавӣ ва ҷаҳонии замони мо дар заминаи назари ширкаткунандагон ва мавқеҳои муттаҳидаи кишварҳои узви Созмон дар декларатсия инъикос хоҳад ёфт.
Дар баробари ин равишҳои муштарак ҷиҳати такмили минбаъдаи ҳамкории амалӣ, таъмини суботи минтақавӣ ва рушди устувори иқтисодӣ, пурзӯр гардондани робитаҳои нақлиётӣ ва амиқтар намудани муколамаи фарҳангӣ муайян карда мешаванд.
Махсусан қайд кардан мехоҳам, ки СҲШ блоки ҳарбӣ ба ҳисоб намеравад, аз ин рӯ фаъолияти Созмон чунон, ки иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон В.Норов қайд намуд, ба ҳалли мушкилоти байналмилалӣ равишҳои блокҳо ва конфронтатсиониро истисно мекунад. Инчунин мехостам қайд намоям, ки фаъолияти СҲШ бояд ба идомаи ҳамкорӣ байни кишварҳо, ки бархурд бо ягон гурӯҳи давлатҳо ва созмонҳоро истисно мекунад, нигаронда шавад.
Имрӯз мо шоҳиди равандҳои таҷдиди глобалии муносибатҳои байналмилалӣ, пурзӯр шудани омилҳои ноустуворӣ ва номуайянии иқтисодӣ ҳастем, ки онҳо муттаҳидсозии саъю кӯшиши тамоми кишварҳои узви СҲШ-ро барои муқобилият бо ин даъватҳо тақозо мекунанд.
Аз ин рӯ, СҲШ муколама, мубодила ва ҳамкориро фаъолона ва пайваста инкишоф дода, ҷонибдори риояи қатъии ҳадафҳо ва тамоюлҳои Оинномаи СММ мебошад.
– Мушкилоти Афғонистон чун пештара актуалӣ боқӣ мемонад. Ба фикри шумо, оё дар ин ҳамоиш ба масъалаи Афғонистон дахл карда хоҳад шуд?
Ҳалқаи калидии таъмини бехатарӣ дар фазои СҲШ таъмини субот ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ мебошад, ки онро Президенти кишварамон Шавкат Миромонович Мирзиёев борҳо таъкид карда буд. Дар ин бобат танҳо ҳамкорӣ метавонад роҳи дуруст барои ба минтақаи субот ва пешрафт табдил додани фазои умумии мо гардад.
Аммо ноил шудан ба ин мақсадҳо бидуни кумак ба барқарорсозии иқтисодии Афғонистон, ки дар он ҷо беш аз 40 сол боз ҷанги хунин идома дорад ва ба сари мардуми афғон азобу уқубатҳои бешумор овардааст, имконнопазир аст.
Эҳтимол, ин мушкилот дар маркази таваҷҷуҳи роҳбари Ӯзбекистон қарор дошта бошад, ки тайи чанд соли охир дар Тошканд бо ташаббуси ӯ се ҳамоиши бузурги байналмилалӣ ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти Афғонистон, барқарорсозии кишвар ва расондани кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон баргузор шуд.
Шавкат Мирзиёев дар суханронии худ дар сессияи 76-уми Ассамблеяи генералии СММ изҳор дошт, ки «Афғонстонро дар давраи душвори феълӣ, бо мушкилоти бузурги мавҷуда танҳо гузоштан мумкин нест». Ӯзбекистон ба халқи афғон, ки марҳилаи душвори таърихи худро аз сар мегузаронад, ҳамеша ёрии ҳаматарафа расонд ва хоҳад мерасонад.
Айни замон Тошканд дар баробари кумаки башардӯстона ба татбиқи лоиҳаи роҳи оҳани трансафғонӣ Мазори Шариф – Кобул – Пешовар, хатҳои интиқоли барқи Сурхон – Пули Хумрӣ, ки бешубҳа ба барқарорсозии иқтисодии ин кишвар мусоидат мекунад, ташаббус нишон медиҳад. Татбиқи ин лоиҳаҳо барои роҳандозии лоиҳаҳои дигар такони пурқувате хоҳад буд, ки бидуни онҳо барқарорсозии кишвар ғайриимкон аст.
Аз ин рӯ, СҲШ дорои иқтидор ва захираҳои истифоданашуда мебошад. Тамоми асосҳоро дорем бигуем, ки гурӯҳи тамоси «СҲШ – Афғонистон» масъалаҳои расонидани кумакҳои башардӯстона ва барқарорсозии иқтисодии ин давлатро дар мадди аввал мегузорад.
– Ба назари шумо, СҲШ то чӣ андоза омода аст, ки ба чолишҳо ва даъватҳои имрӯза дар вазъияти мураккаби байналмилалӣ посух диҳад?
– Ҳеч як кишвар ба танҳоӣ қодир нест, ки ба чолишҳо ва таҳдидҳои замонавӣ ба амният ва рушди устувори иқтисодӣ муқобилат нишон диҳад. Худи Созмон низ бояд фаъолияти бисёрҷонибаи худро дар партали воқеияти замонавӣ такмил диҳад. Аз ин рӯ, безарар гардондани даъватҳои имрӯза талошҳои муштарак ва ҳамоҳангшудаи ҳамаи кишварҳои узви Созмонро тақозо мекунад.
Ҳамаи ин нақш ва масъулияти афзояндаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмонро муайян мекунад, ки дар кори ҷамъомади он бинобар маълумоти ВКХ Ӯзбекистон ҳамаи роҳбарони давлатҳои аъзои СҲШ ширкат доштани худро тасдиқ карданд. Инчунин дар назар аст, ки сарони давлатҳои нозири назди СҲШ – Белорус, Эрон ва Муғулистон иштирок намоянд. Ба сифати меҳмони Ӯзбекистон иштироки президентҳои Туркия ва Туркманистон дар назар аст.
Дар баробари ин дар ҳамоиш инчунин роҳбарони чунин созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили СММ, ЭСКАТО, ЮНЕСКО, ИДМ, СШАД, ИИАО, МҲТБО, СҲИ ва лигаи Араб ширкат хоҳанд кард. Чунин иштироки намояндагӣ аз миқёси ҳамоиши дарпешистода ва нуфузи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамчун мезбони ин форуми байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.
Умедворам, ки ҳамоише, ки дар сарзамини бостонии Самарқанд баргузор мегардад, на танҳо саҳми муҳим дар татбиқи мақсад ва вазифаҳои СҲШ, балки марҳилаи бузург дар таърихи муносибатҳои замонавии байналмилалӣ ва иқтисодиёти ҷаҳонӣ мегардад.
– Абдусамад Ахатович, барои суҳбати муфассалу пурмазмун ташаккур. Мехостам якҷоя бо шумо ба бомуваффақият баргузор намудани ҳамоиши Самарқандро орзу намоям.
Мусоҳиб
Аброр ҒУЛОМОВ,
шореҳи сиёсии ӮзА.