ДАР САНОАТИ ХУРД ДУ ЛОИҲАИ КАЛОН

Солҳои охир давлатамон бо кишварҳои хориҷӣ дар соҳаҳои гуногун ҳамкории самаранокро ба роҳ монда, комёбиҳои назаррас ба даст меорад. Хусусан, дар вилояти Намангон бо иштироки сармоягузорони хориҷӣ шумораи корхонаҳои нав сол то сол меафзояд.

Чанде пеш соҳибкорони кореягӣ ба вилояти Намангон омада, бо ҳокими вилоят Шавкат Абдураззоқов вохӯрданд. Дар давоми мулоқот  роҳбари компанияи «Ecofarm Global Co»  Лим Санг Хва дар бораи лоиҳаҳо маълумот дод.

Лоиҳаи якум, дар роҳи магистрали Намангон–Тошканд дар 7 гектар майдон барпо намудани иншооти замонавии Корвонсарой, маркази савдо, ресторан, автоистгоҳ ва масканҳои дамгирӣ мебошад. Барои татбиқи ин кор 5 миллион доллар инвеститсияи хориҷӣ сарф мешавад. Марказ дар як сол ба 100 ҳазор нафар хизмат мерасонад. Лоиҳа соли оянда, яъне охири  соли 2025 ба кор шурӯъ мекунад ва дар натиҷа 50 нафар бо кор таъмин мешаванд.

Лоиҳаи дуюм – бунёди маркази логистикаи замонавӣ ва сохтани роҳи оҳан.

Ин лоиҳа низ дар ноҳияи Чуст, дар 10 гектар майдони саноати иқтисодӣ барпо мегардад. Қимати лоиҳа 50 миллион долларро ташкил мекунад. Дар ин ҷо бунёди  якчанд анборхона, ки дар як сол 100 ҳазор тонна маҳсулотро дар бар мегирад, ба нақша гирифта шудааст. Роҳи оҳан низ сохта мешавад.  Дар натиҷа  100 ҷойи корӣ таъсис меёбад. Ин лоиҳа  соли 2026 ба охир мерасад.

Ин ҳар ду лоиҳа дар ривоҷёбии соҳаи савдо ва нақлиёти вилоят аҳамияти калон дорад.

Дар мулоқоти самимӣ роҳбари вилоят таъкид намуд, ки дар вилоят ҳамкориҳои иқтисодӣ байни корхонаву ташкилотҳо ва ташкилу таъсиси корхонаҳои нави муштараки саноатӣ  хуб ба роҳ монда шудааст ва барои амалӣ гардонидани корҳои бунёдкорӣ бо компанияҳои хориҷӣ ҳамаи шароит ва имкониятҳо фароҳаманд.

Бояд эътироф  намуд, ки ташкили корхонаҳои муштараки саноатӣ натанҳо боиси мустаҳкамшавии риштаҳои дӯстиву ҳамкории тарафайн, балки ҷиҳати беҳтар гардонидани таъмини эҳтиёҷи аҳолӣ бо маҳсулоти саноатӣ ва ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави корӣ кумаки калон мерасонад.

 

Шоҳида ДАМИНОВА,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: