ДАР САРҲАДИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН ДУ ДАФТАРИ ҲАМКОРӢ ИФТИТОҲ ШУДАНД

Дар гузаргоҳҳои сарҳадии истгоҳҳои роҳи оҳани «Пахтаобод» (Тоҷикистон) ва «Кудуклӣ» (Ӯзбекистон) дар марзи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ду дафтари ҳамкории сарҳадӣ /ДҲС/ дар маросими расмӣ ифтитоҳ гардиданд.

Дар гузаргоҳҳои сарҳадии истгоҳҳои роҳи оҳани «Пахтаобод» (Тоҷикистон) ва «Кудуклӣ» (Ӯзбекистон) дар марзи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон  ду дафтари ҳамкории сарҳадӣ /ДҲС/ дар маросими расмӣ ифтитоҳ гардиданд.

Дафтарҳои ҳамкории сарҳадӣ аз ҷониби намояндагии минтақавии Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Осиёи Марказӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таъсис дода шудаанд.
— Таъсиси дафтари ҳамкории сарҳадӣ дар гузаргоҳи сарҳадии истгоҳи роҳи оҳани «Пахтаобод» ҷузъи навбатии системаи умумии ҳифзи сарҳади давлатӣ мебошад. Фаъолияти он ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории байниидоравӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард. Мо ба Ҳукумати Амрико ва Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ барои дастгирии татбиқи ин ташаббус ва ҳамкорӣ дар таъмини амнияти сарҳад изҳори сипос мекунем, — гуфт муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Насимҷон Раҷабзода дар маросими ифтитоҳи дафтарҳои ҳамкории сарҳадӣ.
Намояндаи Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ Ашита Миттал зикр намуд, ки фаъолияти ин дафтарҳо ба таҳкими амнияти сарҳад ва ҳамкорӣ байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мусоидат хоҳад кард.
— Лоиҳаи таъсиси чунин дафтарҳо бунёди механизмеро дар назар дорад, ки тавассути он хадамоти сарҳадии кишварҳои ҳамсоя метавонанд иттилооти стратегии марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам фаромарзӣ табодул намоянд. Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ тақвияти иқтидори дафтарҳои ҳамкории сарҳадиро дар Осиёи Марказӣ дар доираи барномаи худ доир ба Осиёи Марказӣ барои солҳои 2021-2025 бо мақсади таҳкиму густариши ҳамкории фаромарзӣ, аз ҷумла дар марзи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон идома хоҳад дод, — гуфт хонум Ашита Миттал.
— Дар шароити кунунӣ дафтарҳо воситаи тақвияти ҳамкории байниидоравӣ ва фаромарзӣ мебошанд. Ташаббуси кушодани дафтарҳои сарҳадӣ таъсиси механизми беназири мубориза бо қочоқи маводи мухаддирро пешбинӣ мекунад. Дар оянда ин дафтарҳо дар таҳкими амнияти сарҳадӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкорӣ миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон ва Тоҷикистон саҳми назаррас хоҳанд гузошт, — гуфт муовини раиси Кумитаи давлатии гумруки Ӯзбекистон Ӯткир Қодиров.
Чунин дафтарҳои ҳамкории сарҳадӣ дар якчанд гузаргоҳи сарҳадии Осиёи Марказӣ кушода шудааст. То имрӯз 19 дафтар дар марзҳои Тоҷикистон ва Афғонистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ва Қазоқистон ва Ӯзбекистон таъсис дода шудаанд.

АМИТ «Ховар».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: