ДАР САТРҲОИ МУХТАСАР

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 12 феврал бахшида ба масъалаҳои такмил додани институти маҳалла, таҳкими сулҳ ва оромӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар маҳалҳо видеоконфронс баргузор гардид.

Дар ҷамъомад мушкилоти бевосита дар  маҳаллаҳо ҷойдошта қайд гардида, ба масъалаҳои дастгирӣ ва таҳкими заминаи моддию техникии мақомоти худидораи шаҳрвандон эътибор дода шуд. 
Дар он масъалаҳои татбиқи тамоюли мазкур ва ислоҳсозии низоми маҳалла ба таври муфассал баррасӣ шуданд.
Роҳбари давлат зарурияти муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳоро барои ҳалли самарабахши камбудиҳо ва норасоиҳои маҳаллаҳо, таъмини сулҳ ва оромӣ қайд кард. Пешниҳод карда шуд, ки як мақоми алоҳидаи давлатӣ, ки ба ин соҳаи бузург масъул аст — Вазорати оид ба кор бо маҳалла ва оила созмон дода шавад. 
Сарвари давлат қайд кард, ки маҳалла оинаи тинати миллии мост ва дар ҷомеа нақши муҳим дорад ва пешниҳод кард, ки 22 март ҳамчун Рӯзи кормандони низоми маҳалла эълон карда шавад.

*     *    *
13 феврал таҳти раёсати Президент 
Шавкат Мирзиёев  бахшида ба масъалаҳои такмил додани низоми посбонӣ ва ҳифзи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷамъомади корӣ ба амал омад.

Натиҷаҳои амалии фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадӣ ва ҷараёни иҷрои вазифаҳое, ки 27 августи соли гузашта Фармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ дар доираи ҷамъомад гузошта буд, баррасӣ гардиданд.
Президент Шавкат Мирзиёев ба аҳамияти фароҳам овардани шароити мусоид барои шаҳрвандон ва меҳмонони хориҷӣ ҳангоми убури сарҳади давлатӣ, ки ба афзоиши сафарҳои мутақобила, рушди савдо, сайёҳӣ ва фарҳангӣ дар минтақа мусоидат мекунад, эътибор дод.

*     *      *
Президент 
Шавкат Мирзиёев 
13 феврал бинобар масъалаҳои рушди соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва ташкил кардани инфрасохтори зарурии замонавӣ ҷамъомад баргузор кард.

Дар мулоқот масоили бунёди технопарк ва филиалҳои он, созмон додани инфрасохтори баландтехнологӣ баррасӣ шуд.
Оид ба ташкил кардани IT- академия, IT-лаборатория, маркази коворкинг, Маркази коркарди иловаҳои мобилӣ, Маркази технологияҳои фосилавии иттилоотӣ супоришот дода шуданд.
Пешниҳод шуд, ки механизми таҳия ва татбиқи таъминоти замонавии имрӯз барои соҳаҳо ва ҷанбаҳо дар асоси фармоиши давлатӣ ба роҳ монда шавад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: